Ширкати Tcell тарофаҳои «Салом»-ро муаррифӣ намуда, аз нақшаҳояш ҷиҳати таҷдиду бозсозӣ гуфт

Ахбороти технологияҳо Навид Хабарҳои расмӣ

Ширкати Tcell тарофаҳои «Салом»-ро муаррифӣ намуда, аз нақшаҳояш ҷиҳати таҷдиду бозсозӣ гуфт

Ширкати Tcell ҷадвали нави тарофаҳои «Салом»-ро муаррифӣ намуда, ба журналистон дар бораи нақшаҳои рушду тавсеаи шабака ва таъмини интернети баландсуръат барои сокинони кӯҳистон маълумот дод.
Бар пояи лоиҳаи техникӣ дар соли 2023 дар қаламрави вилояти Суғд шабакаи беш аз 12 шаҳру ноҳия таҷдиду бозсозӣ мешавад.
Tcell ба пешниҳоди хизматрасониҳои муосири рақамӣ афзалият дода, талош менамояд, ки муштариёни худро бо сифати баланди хизматрасонӣ ва алоқаи боэътимод хушнуд созад.