Чӣ тавр бехатарии кӯдаконро дар  интернет таъмин намоем?

Ахбороти технологияҳо Навид ТИК

Чӣ тавр бехатарии кӯдаконро дар  интернет таъмин намоем?

Мусоҳибони хашмгин дар шабакаҳои иҷтимоӣ, барномаҳои зараррасон, вирусҳо, контенте, ки  барои назари  кӯдакон пешбинӣ нашудааст… Дар интернет писарону духтарон метавонанд бо хатарҳои гуногун дучор  шаванд. Чӣ тавр аз онҳо канорагирӣ кардан мумкин аст?    Мо маслиҳатҳои оддӣ, вале муассирро аз ширкати  МегаФон Тоҷикистон” –  провайдери интернети ноқилӣ  ва мобилӣ мерасонем.    

Бо вирусҳо мубориза мебарем       

«Зацени фото!», «Ссылка для тебя», «Лови открытку!» – аз ин гуна паёмакҳои безарар ҳолатҳои ҷиддии ногувор  оғоз  меёбанд.    Кӯдак истинод  ё файли ирсолшударо мекушояд  ва вирус ба компютер ё дастгоҳи мобилӣ барои дуздидани маълумоти шахсӣ, халал расонидан ба кори барномаҳои зарурӣ, бастани компютер ва телефон ворид мегардад.  Ҳамин тавр қаллобон пул талаб мекунанд.  Дар баробари ин,  истиноди зарарнок  аз аккаунти  дӯстон ё  пайвандон, ки қаллобон  онҳоро  мекушоянд,  низ  ворид шуда  метавонад.

Чӣ бояд кард? Ҳатман   антивирусро аз як таҳиякунандаи   маъруф ва боэътимод, аз ҷумла барои  смартфонҳо, насб намоед. Инҳо метавонанд, масалан, барномаҳои  Kaspersky Internet Security, Avast Mobile Security ё McAfee Security бошанд. Аммо муҳимтар аз ҳама, ба фарзандонатон фаҳмонед, ки чӣ гуна ба суроғаву истинодҳои шубҳанок ва файлҳои нофаҳмо дуруст эътино намоянд ва бидонанд, ки   онҳоро кушодан мумкин нест! Дониш ва эҳтиёткорӣ – беҳтарин восита  бар зидди қаллобон дар Интернет мебошанд.

Зимнан, шумо метавонед  оид ба  қоидаҳои рафтор дар интернет дар сомонаи “МегаФон Тоҷикистон” дар қисми махсуси  “Муоширати бехатар (Безопасное общение)” маълумоти бештар пайдо кунед. Инчунин, дар он ҷо ҷадвале мавҷуд аст, ки ба ТБ зараррасон ва  маслиҳатҳо оид ба муҳофизати  дастгоҳи мобилии шумо бахшида шудааст.

Порталҳо ва сомонаҳоро  барои кӯдакон интихоб мекунем  

Ба кӯдакони хурдсол ҳамон волидайне барои бозӣ дар  компютер  ё тамошои филми тасвирӣ  аз смартфон иҷозат медиҳанд,  ки  ин вақт дар наздашон қарор доранд.       Аммо   кӯдакон калон мешаванд ва вақте ки модару падар дар ҷои кор ҳастанд, вориди  интернет мегарданд.  Оё     кафолат дода метавонем,   ки онҳо дар шабака ягон маълумоти  ба   синну солашон номувофиқро  пайдо  намекунанд?

Як  вариант –   интихоби порталҳо мебошад, ки дар он аслан ҳеҷ чиз барои кӯдакон хатарнок ё ногувор нест. Масалан, оператори имкониятҳои нави рақамӣ дорои «Mega Kids»  бо  контенти  фароғативу маърифатӣ  мебошад. Дар он ҷо ҳамаи манбаъҳое, ки барои рушдёбӣ  лозиманд, аз қабили филмҳои тасвирӣ,  бозиҳо, афсонаҳо, китобҳо, мусиқӣ, мавҷуд  мебошанд.     Бо обунашавӣ ба чунин порталҳо, шумо метавонед аз  бехатарии кӯдак нигарон набошед.

Илова бар ин, сервисҳои   махсусе вуҷуд доранд, ки ба волидайн   барои назорати   фарзандонашон кӯмак мекунанд. Масалан,  онҳо  барои фаҳмидани сомонаҳое,  ки кӯдак ҳангоми дар хона  набудани калонсолон  ворид шудааст  ва ё чӣ қадар вақт дар Интернет гузаронидааст,   имкон  медиҳад.   Ба ин гуна  замимаҳо барои  смартфонҳо  –  Google Family Link ва Kaspersky Safe Kids  дохил мешаванд.                    Онҳоро аз App Store ё Google Play боргирӣ   кардан мумкин аст. Дар компютерҳо роҳи дигар, ба монанди  танзимоти дилхоҳ дар браузер, вуҷуд дорад.  Ҳамин тавр, дар Microsoft Edge бахши махсуси “Бехатарии оилавӣ (Семейная безопасность) ” бо воситаҳои  филтркунии  контент  мавҷуд аст.

Манъи амалҳои  таҳқиркунандагон!        

Наврасони аз 16-сола боло метавонанд бо ризоияти волидонашон симкорт ва смартфони шахсии худро дошта бошанд. Ин маънои онро дорад, ки онҳо интернети мобилиро комилан мустақилона истифода мебаранд. Хуб мешавад, агар то ин лаҳза бачаҳо донанд, ки чӣ гуна ҳилаҳои қаллобон ошкор  мегарданд,  вирусҳо ва дигар барномаҳои зараррасон пешгирӣ карда  мешаванд.   Вале, муоширати озод дар шабакаҳои иҷтимоӣ хатари навро, ба монанди  таъқибу таҳқири эҳтимолӣ  аз тарафи  корбарони дигар,  ба миён меорад.

Дар ин ҳолат  ба кӯдакон чунин маслиҳат медиҳем: шахсони  бегонаро ба теъдоди дӯстони худ  илова накунед! Охир  дар  паси тасвири (аватари)  беозор  метавонад    на танҳо  ҳамсол, балки ҳар гуна шахси дигар низ  пинҳон бошад.   Шумо бояд танҳо бо онҳое, ки шахсан медонанд, муошират кунед. Ва агар касе дар интернет ба рафтори хашмгин ва номуносиб шурӯъ кунад, шумо бояд фавран ӯро аз рӯйхати дӯстонатон хориҷ   кунед, гуфтаҳои   ӯро қатъ намоед   ба маъмурияти шабакаи иҷтимоӣ шикоят фиристед. Инчунин, ҳатман дар бораи шахси озордиҳанда   ба волидонатон бигӯед!

Троллҳо бо он фарқ мекунанд, ки онҳоро ба ҳеҷ чиз бовар кунонида намешавад ё “аз ​​нав тарбия карда наметавонед”, ҳадафи онҳо бо таҳқир хашмгин кардани ҳамсуҳбат аст. Ин худ барои руҳияи ноустувори  наврас хатарнок аст. Пас,  кӯдакон  бояд  бидонанд,    ки  бо “таҳқиркунандагони  интернет” баҳс кардан лозим нест.  Хуб мешавад, ки   фавран аз чунин ҳамсуҳбатон  раҳоӣ ёфта,   муоширатро дар Интернет бо онҳое, ки сазовор   ҳастанд, идома диҳед.

Шумо, инчунин, метавонед дар бораи  тарзи   рафтор  ҳангоми  таҳдид  дар шабакаҳои иҷтимоӣ,  воридшавии    вирус   ба   компютери шумо ё пайдо шудани хабар дар бораи   басташавии аккаунт  дар  сомонаи   МегаФон дар қисми   “Муоширати бехатар (Безопасное общение)” маълумот гиред.  Қоидаҳои рафторро дар Интернет   омӯзед ва дар бораи онҳо ба фарзандонатон бигӯед!