Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Хадамоти алоқа баргузор гардид

Навид ТИК Хабарҳои Хадамот Ҳисоботҳои Хадамот

Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Хадамоти алоқа баргузор гардид

Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2023 имрӯз, 05 июли соли 2023 ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Ҳайати мушовара – муовини аввали раиси Хадамоти алоқа Илҳом Атоев, аъзоёни Ҳайати мушовара, сардорони сарраёсат, раёсатҳо ва муовинони онҳо, сардорони шуъбаҳои Хадамот, сардорону муҳосибон соҳаи алоқаи вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, минтақаи Кӯлоб ва ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид.
 Дар нишасти мазкур натиҷаи фаъолияти кории Хамамот дар нимсолаи якуми соли 2023 ва нақшаҳои минбаъда дар нимсолаи ояндаи соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар натиҷаи ҷаласа аз ҷониби Ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор роҷеъ ба масоили муҳокимашуда қабул гардид.
Дар Ҳайати мушовараи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, ки мутобиқи нишондодҳои асосии иқтисодии корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерони хусусӣ бармеояд, ки дар ин давра аз рӯи ҳисоботҳои пешакӣ даромади умумии сохторҳои соҳаи алоқаи барқӣ ба маблағи 1 миллиарду 900 миллиону 982 ҳазору 423 сомонӣ расонида, нисбат ба нимсолаи аввали соли 2022, (1 миллиарду 660 миллиону 508 ҳазору 723 сомонӣ),114,5 фоиз зиёд шудааст.
Ҳамчунин ҳаҷми хизматрасонии алоқаи барқӣ ба аҳолӣ (пешакӣ) 1 миллиарду 590 миллиону 750 ҳазору 975 сомониро ташкил намуд, ки нисбати нимсолаи аввали соли 2022 (1 миллиарду 292 миллиону 648 ҳазору 807 сомонӣ)  123,06 фоиз зиёд шудааст.
Зикр гардид, ки бо мақсади иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” зикр гардидаанд, роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ ва мушаххас ҷиҳати беҳтар кардани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет, дастрас гардонидани интернети мобилии  баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст, аз ҷониби Хадамоти алоқа ситоди кории доимоамалкунанда иборат аз мутахассисон ва намояндагони Хадамоти алоқа операторони алоқаи мобилӣ, интернет провайдерон ва КВД “Шаҳри ҳушманд” таъсис дода шуд. 
Дар  нимсолаи  аввали соли 2023 аз тарафи Хадамоти алоқа ва зерсохторҳои он дар якҷоягӣ бо ширкатҳои мобилӣ бо мақсади таъмини иҷрои  супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботҳое, ки аз супориш ва дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бехтар намудани сатҳи сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва баланд намудани суръати дастрасӣ ба  Интернети  мобилӣ дар  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар меоянд, аз рӯи  нақшаи кории кутоҳмуддат ва дарозмуддат тартиб додашуда, корҳои бартараф намудани камбудиҳо ва рушди шабақаҳоро гузаронида шудаанд.
Аз тарафи дигар, дар чорчӯби фаъолияти ситоди корӣ, мутахассисони Хадамоти алоқа ҳамроҳ бо намояндагони ширкатҳои алоқаи мобилии кишвар аз моҳи декабри соли 2022 шурӯъ карда, мониторинги ҳаррӯзаи фарогирии сатҳ ва сифати шабакаҳои алоқаи мобилӣ ҳамчунин параметрҳои техникии хизматрасониҳои овозӣ ва мултимедии мобилиро (хизматрасониҳои таҳвили маълумот ва интернети мобилӣ) дар тамоми минтақаҳои кишвар анҷом дода истодааст. Натиҷаҳои мониторинг ҳаррӯза ба ширкатҳои алоқаи мобилӣ ҷиҳати андешидани чораҳои фаврии зарурӣ ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, пешниҳод шуда истодаанд.
Ҳамчунин, вобаста ба насби ва роҳандозии истгоҳҳои  базавии алоқаи мобилии ширкатҳои мобилии ҶСП “ТТ мобайл”, ҶСП “Вавилон-Мобайл”, ҶСП “Индиго Тоҷикистон” ва ҶДММ “Таком” дар ҳудуди шаҳри Душанбе, бо дастгирии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон , дар минтакаҳое, ки аз тарафи шаҳрвандон монеаҳо эҷод намуда буданд, ҳамаи  он бартараф гардида, базаҳои иловагии ширкатҳои мобилии болозикргардида насб карда шуданд. Аз тарафи ширкатҳои мобилӣ насби истгоҳҳои базавӣ, аз он ҷумла модернизатсия, кучонидани сайт ба ҷойи нав, нисбати истгоҳи  базавии иловагӣ дар сайтҳои воқеъбуда дар қаламрави ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли 2023 чунин мебошад:
  • ҶСП “Вавилон-Мобайл”-95 адад;
  • ҶДММ “Таком”- 39 адад;
  • ҶСП “ТТ мобайл”-190 адад.
Аз тарафи ҶСП “Индиго Тоҷикистон” бошад 15 адад истгоҳи базавии нав насб карда, сохтмонаш давом дорад, инчунин 57 адад истгоҳи базавӣ аз модернизатсия гузаронида шуданд. Бо мақсади паст кардани нархи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ, Хадамоти алоқа аз тариқи ҳамкорӣ бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ тамоми нақшаҳои тарофавии операторони алоқаи мобилиро мавриди баррасӣ, омӯзиш ва таҳлил қарор дода, дар натиҷа, ба таври миёна, сатҳи арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ то 15% кам карда шуданд. Гурӯҳи корӣ иборат аз мутахассисони соҳавӣ корро дар ин самт идома дода, нархи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ боз ҳам кам карда мешавад.