МАЪЛУМОТИ ТАҲЛИЛИ ПЕШАКИ оид ба фаъолияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зерсохторҳо ва ташкилоту муассисаҳои системаи он дар ҳаёти ҷомеаи муосир нақши босазо бозида, дар ин давра аҳолии мамлакатро бо хизматрасониҳои алоқаҳои барқӣ ва почта таъмин намуданд.
Мувофиқи маълумот дар соли 2017 даромади умумии корхонаҳои соҳаи алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерони хусусӣ ба маблағи 2671,9 млн. сомонӣ расонида, нисбат ба соли 2016, ки (2 милиарду 847 миллиону 946 ҳазору 110 сомонӣ), 93,8 фоиз шудааст.
Ҳаҷми хизматрасонии алоқа ба аҳолӣ 1888,41 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2016 (1 милиарду 854 миллиону 845 ҳазор сомонӣ) 101,8 фоиз мебошад.
Шумораи кормандони корхонаҳои системаи Хадамоти алоқа 3109 нафарро ташкил дода, музди меҳнати миёнаи онҳо бо имтиёзҳояш 945 сомониро ташкил менамоянд.
Аз ҳисоби корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа ба ҳолати соли 2017 дар донишгоҳҳои бурунмарзӣ 32 нафар ва дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси соҳа 4 нафар донишҷӯ донишомӯзӣ менамоянд.
Ба соли 2017 субъектҳои хаҷагидор, ки барои фаъолият дар соҳаи алоқа иҷозатнома доранд 241 ададро ташкил медиҳанд, ки бо 393 адад иҷозатномаҳо фаъолият менамоянд.
Дар ин давра дар ҷумҳури шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ 6625324 нафарро ташкил медиҳад, аз он ҷумла 3967066 нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.
Шумораи муштариёни уммумии алоқаи маҳаллӣ 386064 нафарро ташкил дода, аз онҳо 134725 адади он фаъол мебошанд.
Шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабаран-дагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ 2,2 млн. нафар муштариро дар бар гирифтааст.
Дар соли 2017 хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ аз тарафи ҶСК «Тоҷиктелеком» ба андозаи 203,9 миллион сомонӣ хизмат расонида шуд.
Ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта (190223,1 ҳазор сомонӣ) дар ҳаҷми 7,2% зиёд шудааст.
Миқдори муштариёни имтиёздор 11833 нафар мебошанд. Хизматрасонии алоқа дар ин давра ба шахсони имтиёздор маблағи 800,0 ҳазор сомониро ташкил дод.
Аз нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти истеҳсоли бармеояд, ки дар ҷумҳури 466 адад шӯъбаҳои алоқаи почта фаъолият мекунанд.
Аз натиҷаҳои фаъолияти иқтисодӣ ва молиявии КВД «Почтаи Тоҷик» дар соли 2017 даромади умумии соҳа ба андозаи 7554284 сомонӣ хизмат расонида шуд, ки нисбати соли 2016-ум ба 858917 сомони зиёд буда, 112,8 % ташкил медиҳад.
Ҳаҷми муросилоти почта дар соли ҷори 766 тонна 98 кг-ро дар бар мегирад, ки нисбати соли 2016 23 тонна 62 кг зиёда буда 103,1%-ро ташкил медиҳад.
Обунашави дар соли 2017 – 372195 нусхаро ташкил дод.
Вазъи хизматрасонии алоқа дар ҷумҳурӣ қаноатбахш буда барои дар мавзеҳои дурдаст дастрас намудани алоқа тамоми кӯшишу ғайрат равона карда мешавад.