Дастурамали ишғолкунандаи мансаби мутахассиси пешбари Бахши ҳуқуқи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақшаи гузаронидани анҷуманҳои матбуотӣ Ҳуҷҷатҳо дар соҳаи истифодакунандагон

           Бо Фармоиши Сардор
Хадамоти алоқаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 январи соли 2013
№ 2.12-02 тасдиқ шудааст.

Дастурамали ишғолкунандаи мансаби мутахассиси пешбари

Бахши ҳуқуқи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Муқаррароти умумӣ

1) Номи мансаб-мутахассиси пешбари Бахши ҳуқуқи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2) Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба категорияи шашум мансуб мебошад.

3) Ба мансаби мутахассиси пешбари Бахши ҳуқуқ агар довталаб ба талаботҳои тахассусии муқарраршуда ҷавобгӯ бошад, аз ҷониби Сардори Хадамоти алоқа тибқи қарори Комиссияи озмун таъйин карда мешавад.

4) Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба мудири Бахши ҳуқуқ тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

5) Дастурамали мазкур вазифаҳо ва ҳуқуқҳои асосӣ ва ӯҳдадориҳои мутахассиси пешбари Бахши ҳуқуқи Хадамоти алоқаро муайян менамояд.

6) Мутахассиси пешбари Бахши ҳуқуқ дар кори худ талаботҳои Дастурамали мазкур, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбути соҳаи алоқа ва иттилоотониро ба роҳбари мегирад.

7) Дар мавриди муваққатан ҳозир набудани сармутахассиси Бахши ҳуқуқ ӯҳдадориҳои мансабии вай ба зиммаи мутахассиси пешбари Бахши ҳуқуқ (мувофиқи фармоиши дахлдор) вогузор карда мешавад.

 

  1. Талаботи тахассусӣ

8) Барои мансаби мутахассиси пешбар тахассусҳои зерин  муқаррар карда мешавад:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– малакаи кор дар компьютер дошта бошад, забони давлатӣ ва забони муоширати байналмиллалиро донад;

– як сол собиқаи умумии меҳнатӣ дошта бошад.

 

  1. Ӯҳдадории мансабии мутахассиси пешбари Бахши ҳуқуқ

9) Мутахассиси пешбари Бахши ҳуқуқ ӯҳдадор аст:

– тартиб диҳад ё дар тартиб додани санадҳои меъёри ҳуқуқи иштирок намояд;

– пайваста кори ҳуқуқии Хадамоти алоқаро роҳбари  намояд, ба зерсохторони Хадамоти алоқа кӯмаки ҳуқуқи  расонад;

– ҳангоми  радди даъвоҳо ҷавобҳои мушаххас тайёр намояд ё дар  омодасозии  онҳо иштирок намояд;

– ҳангоми мавҷуд будани супориши хаттии Роҳбарият дар ҳамкорӣ  бо  сохторҳои системаи Хадамоти алоқа маводҳоро оид ба тасарруф, сарфакори, камомад ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо тайёр намуда, барои ба мақомотҳои  тафтишотию  судӣ супоридани он чораҳои зарури андешад ва  нигохдорию ҳисоби онро амалӣ  намояд;

– дар ташкил додани чорабини ва амалӣ намудани он баҳри мустаҳкам намудани интизоми шартномавӣ иштирок намояд;

– омӯзиш, таҳлил ва пуррасозии натиҷаҳои дида баромадани даъвоҳо, парвандаҳои судию  арбитражи, тарзи  бастан  ва  иҷрои  шартномаҳои  хоҷагӣ бо мақсади пешниҳоди мушаххас барои аз  байн  бурдани  камбудиҳои ошкоргардида ва беҳтарсозии  фаъолияти  танзими ҳуқуқии Хадамоти алоқаро амали намояд;

– дар тайёр кардани шартномаҳои хоҷагӣ, шартномаҳои дастаҷамона ва шартномаҳои соҳавии тарофаҳо ва  инчунин ташхиси ҳуқуқии онҳо иштирок намояд;

– сари вақт пешниҳодсозии хулосаҳо ва дигар санадҳоро барои тайёр намудани ҷавоб ба даъвоҳо назорат намояд;

– бо ҳамкорӣ бо сохторҳои системаи Хадамоти алоқа пешниҳодҳоро барои ворид намудани тағироти иловаҳо ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандае, ки ба фаъолияти Хадамоти алоқа ва соҳа дахл доранд, тайёр менамояд;

– санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба  фаъолияти Хадамоти алоқа дахл доранд ҳифз менамояд, инчунин дар сурати қувваи қонунии худро гум кардани онҳо ва  баъд аз ба онҳо тағироту иловаҳо дохил шуданашон ба қайд мегирад;

– ташкили базаи санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки ба фаъолияти Хадамоти алоқа дахл доранд;

– дар тартиб додани хулосаҳо оиди масъалаҳои ҳуқуқие, ки дар фаъолияти  Хадамоти алоқа пайдо мешаванд, иштирок менамояд;

– кормандони Хадамоти алоқаро бо қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба фаъолияти Хадамоти алоқа алоқаманд аст ошно месозад;

– ба ҳамаи кормандони Хадамоти алоқаро доир ба масъалахои ҳуқуқи маслиҳат медиҳад, дар пешниҳод намудани хулоса, ва омодасозии  ҳуҷҷату  санадҳои  хусусияти ҳуқуқи дошта мусоидат менамояд;

– бо супориши Роҳбарият дар кори комиссияе, ки дар Хадамоти алоқаро таъсис дода мешавад иштирок менамояд;

– бо супориши Роҳбарият манфияти Хадамоти алоқаро дар дигар корхона муассиса ва ташкилот ҳифз менамояд;

– супориши мудири Бахши ҳуқуқро иҷро менамояд ва ҳисоботи корҳои анҷомдодаашро дар мӯҳлати муқараргардида ба мудири Бахши ҳуқуқ пешниҳод менамояд.

  1. Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбари Бахши ҳуқуқ

10) Мутахассиси пешбари Бахши ҳуқуқ ҳуқуқ дорад:

– барои такмил додани корҳои ҳуқуқии Хадамоти алоқа пешниҳод ирсол менамояд;

– бо лоиҳаи қарори  Рохбарияти  Хадамоти алоқа,  ки  марбут ба  фаъолияти  мутахассиси пешбар аст шинос шавад;

 

– дар чорчубаи салоҳияташ роҳбари бевоситаи худро дар бораи вайрон намудани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда аз ҷониби кормандони сохторҳои системаи Хадамоти алоқа, ки ҳангоми  иҷрои  вазифаи хидмати ошкор сохтааст, огоҳ созад ва барои рафъи онҳо пешниҳод  намояд;

– аз сохторҳои системаи Хадамоти алоқа маълумот ва ҳуҷҷатҳои  зарурие, ки барои иҷрои вазифаҳои хизматии дар Дастурамали мазкур нишон дода шуда зарур мебошад, талаб карда гирад;

– бо ризоияти Роҳбарияти Хадамоти алоқа  мутахассисони дахлдори сохторҳои системаи Хадамоти алоқаро барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи ӯ  вогузоршуда  ҷалб  намояд;

– дар семинарҳо аз ҷумла семинарҳои байнамилалии марбут ба масъалаи ҳуқуқи дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ бо пешниҳодсозии баъдии ҳисоботҳо, ширкат намояд;

– барои баланд бардоштани донишҳои касбиаш гирифтани маълумоти дуюм аз ҷумла дар кишварҳои хориҷии дуру  наздик давраи омӯзиширо гузарад;

11) Дигар ҳуқуқҳое, ки дар Дастурасмали мазкур нишон дода нашудааст ва ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, низ амалӣ менамояд.

  1. Масъулияти мутахассиси пешбари Бахши ҳуқуқ

12) Мутахассиси пешбари Бахши ҳуқуқ масъул аст:

– барои сари вақт иҷро нанамудани ӯҳдадориҳое, ки ба зиммаи ӯ гузошта шудааст;

– риоя нанамудани интизоми меҳнатӣ;

– барои хунукназарона муносибат кардан ба кор ва  аз ҳадди ваколатҳо мансаби баромадан;

– барои истафодабарӣ ва нигоҳдории таҷҳизот ва воситаҳои ба ӯ вобаста карда шуда;

– барои махфӣ доштани иттилооти хизматӣ ва дигар иттилооте, ки  бо қонун ҳифз карда мешавад.

 

  1. Ҷои кори мутахассиси пешбари Бахши ҳуқуқ

13) Ҷои кории мутахассиси пешбари Бахши ҳуқуқ бояд ба талаботи муосири беҳдошти саломати ҷавобгӯ буда, бо мизи кории алоҳида ва маъмулан бо лавозимоти дафтардорӣ, аз ҷумла компютери алоҳида муҷаҳҳаз буда, маводҳои меъёрӣ ва маълумоти дастури дошта бошад.

 

  1. Муқаррароти хотимавӣ

14) Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар Бахши кадрҳо нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз ҷониби Бахши кадрҳо ба Сардори Хадамоти алоқа бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузаштани сана дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ супорида мешавад.

15) Ҳангоми ба таври ҷиддӣтағйир ёфтани ӯҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқи хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯи натиҷаи атестатсия ва ё баҳодиҳии фаъолияти солона, инчунин ҳангоми таҷдиди сохторӣ ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари Бахши ҳуқуқи Хадамоти алоқа мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия карда мешавад.

Мудири бахши ҳуқуқ                                                                            Раҷабова Фируза._________

Бо Дастурамали мазкур шинос шуд:                                          ________________________
( Имзо)            (Ному насаб)

«___» «_________» соли 2018