Маълумоти таҳлил оид ба фаъолияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли 2017

Хабарҳои Хадамот Ҳисоботҳои Хадамот

МАЪЛУМОТИ  ТАҲЛИЛ    

оид ба фаъолияти Хадамоти алоқаи назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи  соли 2017

       Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зерсохторҳо ва ташкилоту муассисаҳои системаи он дар ҳаёти ҷомеаи муосир нақши босазо бозида, дар ин давра аҳолии мамлакатро бо хизматрасониҳои алоқаҳои барқӣ ва почта таъмин намуданд.      

      Мувофиқи  маълумот  дар нӯҳ моҳи соли 2017 даромади умумии корхонаҳои соҳаи алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерони хусусӣ ба маблағи 2010,6 млн. сомонӣ расонида, нисбат ба соли 2016, ки (2153,0 сомонӣ), 93,3 фоиз  шудааст.

      Ҳаҷми  хизматрасонии алоқа ба аҳолӣ  1416,5  миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2016 (1086,8 миллион сомонӣ) 130,3 фоиз  мебошад.

      Миқдори муштириёни имтиёздор 11833 нафар мебошанд. Хизматрасонии алоқа дар ин давра ба шахсони имтиёздор маблағи 600,6 ҳазор сомониро ташкил дод, ки он аз тарафи буҷа 376,0 пардохт карда шудааст.

      Шумораи кормандони корхонаҳои системаи Хадамоти алоқа 3109 нафарро ташкил дода, музди меҳнати миёнаи онҳо бо имтиёзҳояш 945 сомониро ташкил менамоянд. 

      Аз ҳисоби корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа ба ҳолати нӯҳмоҳаи соли 2017 дар донишгоҳҳои бурунмарзӣ 32 нафар ва дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси соҳа 4 нафар донишҷӯ донишомӯзӣ менамоянд.

      Дар нӯҳ моҳи соли 2017 даромад аз ҳисоби фаъолияти Хадамоти алоқа (иҷозатномадиҳӣ, сертификаткунонӣ, рақамгузорӣ, ҷаримаҳо ва хироҷи иҷозатномадорон) тибқи талабот, ба чунин натиҷаҳо ноил гашт.

      Ба нӯҳ  моҳи соли 2017 субъектҳои хаҷагидор, ки барои фаъолият дар  соҳаи алоқа иҷозатнома доранд 223 ададро ташкил медиҳанд, ки бо 375 адад иҷозатномаҳо фаъолият менамоянд.

      Иҷозатномаҳои зикр шуда ба 197 субъектҳои хоҷагидори шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 18 адад ба вилояти Суғд, 8 адад ба вилояти Хатлон, 1 адад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меоянд.

      Комиссияи иҷозатномавӣ 5 ҷаласа гузаронид, ки дар он аризаҳои довталабон дида баромада шуда, дар натиҷа барои гирифтани 24 адад иҷозатнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

      Барои баррасии ариза ва дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба буҷети давлат 11650 сомонӣ ворид карда шуд.  

      Дар  нӯҳ моҳи  соли 2017 тибқӣ талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»  корҳои зерин анҷом дода шудаанд:

      Дар нӯҳ моҳи соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 183 адад  ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дода шуданд. Барои баррасии ариза, додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, истифодабарии радиобасомадҳо тибқи талаботи муқарраршуда ба маблағи 167368,20 сомонӣ ҳисобнома фактураҳо  пешниҳод шуда,  мувофиқи  маълумотҳои пешакӣ маблағи зикршуда ба буҷети давлатӣ пардохт карда шудааст.

      Дар  нӯҳ моҳи аввали соли 2017   31 адад сертификати мутобиқат дода шудааст ва ба маблағи  1800 сомонӣ  ба буҷети давлатӣ ворид карда шуда, 1500 сомонӣ дар сатҳи пардохт қарор дорад.

      Тибқи талаботи банди 28 боби 58 Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» барои  додани иҷозатнома аз ҳисоби даромади иҷозатномадор хироҷи 2,5 фоиза ба буҷети давлатӣ ситонида мешавад.

            Мувофиқи маълумотҳои даромади иҷозатномадорон дар нӯҳмоҳаи  соли 2017 маблағи 1864021287,75  сомониро ташкил намуда, хироҷи зикршуда ба маблағи 46600532,19 сомониро ташкил намуда метавонад.

       Дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 10346000 аз ҳисоби рақамгузорӣ ба буҷети давлатӣ ворид карда шуд.

 Дар 9 моҳи соли 2017, 6 санҷиши нақшавии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд.

        Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз тарафи кормандони Раёсати назорат ва бахши Хадамоти алоқа дар вилоятҳо дар якҷояги бо прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокуратураҳои вилояти ва шаҳру ноҳияҳои он, бо раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳолати иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» , ки аз 30 апрели соли 2016, таҳти №207-7 дар сатхи хариду фурӯши симкортҳо ва гузаронидани маблағҳои пулӣ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо, бозрасиҳо гузаронида шуд. Дар натиҷаи бозрасиҳо 134 ҳолати ғайри расмии хариду фурӯши симкортҳо ва гузаронидани маблағҳои пулӣ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо ошкор карда шуд.

Нисбати шахсони ҳуқуқвайронкунанда аз ҷониби Прокуратураҳои генералӣ, ноҳия ва вилоятӣ 133 мавод ва раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 4 мавод ва ҳамчун аз Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ 3 мавод,  ҳамагӣ 140 мавод оид ба оғоз намудани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул карда шуд.

Моҳиятан баррасӣ намуда, мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 140 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаҳои 350 ва 350.1 ҷаримаи маъмурӣ таъин карда шуд.

Аз 140 маводи воридшуда  81 – ба иҷрочиёни Суд барои рӯёнидани маблағи ҷарима ирсол карда ва 10 бинобар пурра набудани мавод ба прокуратураҳо баргардонида шудааст.

Айни замон  100 маводи парванда дар сатҳи иҷро қарор дорад, аз он 72 мавод дар иҷрочиёни Суд ва 28 мавод дар Хадамоти алоқа мебошад.

Ҳамчунин аз Суди ноҳияи Файзобод 3 маводи баррасишуда ва далелҳои шайъии мусодира барои ба фурӯш бароварда ба фоидаи давлат қабул карда, иҷро шудааст.

Аз тарафи Раёсати назорат бозрасии фаъолияти «Интернет-кафе»-ҳо ва нуқтаҳои фурӯши телефонҳои мобилӣ гузаронида шуд. Ҳангоми бозрасӣ шахсони воқеъӣ, ки ба фурӯши телефонҳои мобилӣ машғуланд огоҳ карда шудаанд, ки аз Хадамоти алоқа сертификати мутобиқатӣ таҷҳизотро дастрас намоянд.

Барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар нӯҳмоҳаи соли 2017 ба буҷети давлат ҳамагӣ ба маблағи ҷаримавӣ 108235 сомонӣ ворид гардид, аз он 102835 сомонӣ барои бе иҷозати Хадамоти алоқа ва ғайрирасмӣ ба фурӯш баровардани симкортҳои телефонҳои мобилӣ, 2200 сомонӣ – бе иҷозати дахлдори Хадамоти алоқа истифодаи захираи басомадҳо, 2750 сомонӣ – бе сертификати мутобиқати таҷҳизот ба фурӯш баровардани телефонҳои мобилӣ, 250 сомонӣ – ситонидани фоиз барои қабули пардохт ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо (муштариён) ва 200 сомонӣ – бе иҷозатнома фаъолияти Маркази интернетӣ.

Ҳамчунин аз тарафи Бахши Хадамоти алоқа дар вилояти Суғд, Хатлон ва ВМКБ чунин корҳо ба анҷом расонида шуд:

Бахши Хадамоти алоқа дар вилояти Суғд

Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» аз 30 апрели соли 2016, таҳти №207-7  бозрасии нуқтаҳои фурӯши симкортҳои телефонҳои мобилӣ дар Хуҷанд, Чкаловск, Қайрокум, Истаравшан, Ғончи, Спитамен, Ҷ.Расулов, Б.Ғафуров ва Мастчоҳ гузаронида шуд. Барои ба роҳ мондани фаъолият тибқи қарори мазкур ба тамоми ташкилотҳое, ки дар самти «Алоқаи барқӣ» фаъолият мебаранд корҳои фаҳмондадиҳи бурда шуд. Зиёда аз 5 (панҷ) нуқтаи фурӯши симкортҳое, ки ба соҳибкорони инфироди таалуқ доштанд дар ш.Хуҷанд, н.Ҷ.Расулов, н.Ашт ва ба талаботи стандарти ҷавобгу нестанд, аз фаъолият боз дошта шуданд (муҳр карда шуданд).

Аз тарафи кормандони бахши Хадамоти алоқа дар вилояти Суғд 7 бозрасӣ оид ба истифодаи воситаҳои радиоэлектронӣ дар Шабакаҳои барқии ш.Хуҷанд ШСХК «Барқи Тоҷик», ҶДММ «Порсои Хуҷанд» дар шаҳри Хуҷанд, НФС №3-и ҶДММ  «Суғднефт» дар ноҳияи Б.Ғафуров, фаъолияти соҳибкори инфиродӣ (СИ) дар ноҳияи Б.Ғафуров, 14 адад  бозрасии нуқтаҳои фурӯши телефонҳои мобилӣ дар шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Ғонҷии вилояти Суғд гузаронида шуд.

 Ҳангоми гузаронидани бозраси нисбати шахсони воқеъӣ, ки ба фурӯши телефонҳои мобилӣ машғуланд, огоҳнома дода шуд. Шахсони мазкур огоҳ карда шуданд, ки дар муҳлати 10 рӯз барои фурӯши телефонҳои мобилӣ аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои лозима (сертификати мутобиқати таҷҳизот) дастрас намоянд.

Барои бартараф накардани камбудиҳои мазкур дар вақти муқарраршуда нисбати шахсони мазкур парвандаи ҳуқуқвайронкукнии маъмурӣ оғоз карда шуд.

Бахши Хадамоти алоқа дар вилояти Хатлон

Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ки  аз 30 апрели соли 2016, таҳти №207-7 тасдиқ карда шудааст, бозрасии нуқтаҳои фурӯши симкортҳои телефонҳои мобилӣ аз тарафи кормандони Бахши Хадамоти алоқа дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар марказҳои хизматрасонии интернетӣ санҷишҳо гузаронида шуд. Дар рафти санҷишҳо корҳои фахмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Бахши Хадамоти алоқа дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон

        Аз ҷониби  Бахши хадамоти алоқа дар ноҳияҳои вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бозрасӣ ва чорабиниҳои ҷустуҷӯи сарчашмаҳои радиохалал ва ошкор намудани басомадҳо ва воситаҳои радиоэлектронии ғайриқонунӣ истифодашаванда гузаронида шуд.

Ҳангоми бозрасиҳои воситаҳои радиоэлектронӣ дар маҳалҳои ҷойгиршуда, муайян гардид, ки барои воситаҳои радиоэлектронӣ иҷозати Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст.

       Мутобиқи ҳисобгириҳо дар ҷумҳурӣ 211 истифодабарандаи воситаҳои радиоэлектронӣ (ВРЭ) ба ҳисоб гирифта шудааст, ки нисбат ба ибтидои соли 2016 100% ё ин, ки баробар мебошад. Аз миқдори умумии истифодабарандагони ВРЭ 162 адад ба шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 33 адад ба вилояти Суғд, 11 адад ба вилояти Хатлон ва 5 адад ба ВМКБ рост меояд.

           Миқдори  умумии  ВРЭ  24794 ададро  ташкил  медиҳад,  ки нисбати ҳамин давраи соли 2016   93 % ё  ин,  ки 970 адад кам мебошад. Аз  шумораи умумии ВРЭ-и мавҷуда ба шаҳри  Душанбе  дар  ҳамҷоягӣ бо НТҶ 9386 адад,  вилояти Суғд 7136 адад, вилояти Хатлон 6658 адад ва ВМКБ 1614  адад рост меояд.

          Дар давоми соли равон 248 адад  ВРЭ аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.      Инчунин   ягон адад истгоҳҳои воситаҳои радиоэлектронӣ аз ҳисоб бароварда нашудааст.

Дар  давраи  ҳисоботӣ 755 адад  хулосаҳои техникӣ  оид  ба аз нав баҳисобгирӣ омода намудааст, ки ин нишондиҳандаҳо  нисбати ҳамин давраи соли 2016 мутаносибан 2759 адад  кам мебошад.

        Дар нӯҳмоҳаи соли равон шумораи дархостҳо аз ҷониби истифодабарандагони ВРЭ ворид шуда оид ба гузаронидани озмоишии лабораторӣ ба миқдори 17 адад гузаронида шуд ва маблағи он 292640 сомониро ташкил медиҳад.

         Дар ҳисоботи нухмоҳаи соли 2017 назорати радиотехникии истгоҳи базави ва ҳатҳои радиорелейии операторони мобили корҳои радиомониторинги эфири ва ченкуни мавҷҳо дар ҷумҳури гузаронида шуд. 

           Аз он ҷумла:

Ширкатҳо: СБ ХРР Wimax WiFi СРЗ Ҷамъ:
Вавилон-М 1179 1132 2311
Индиго-Т 1755 1986 3741
Таком 975 914 1891
Мегафон 1596 1406 8 2 3012
Вавилон-Т 26 51 40 117
ТК Мобайл 60 132 192
Ҷамъ: 5565 5596 51 48 4 11264

     Дар ин давра дар ҷумҳури шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ 6625324 нафарро ташкил медиҳад,  аз он ҷумла 3954772  нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.

     Шумораи муштариёни уммумии алоқаи маҳаллӣ 400400  нафарро ташкил дода, аз онҳо 163739 адади он фаъол мебошанд.

     Шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабаран-дагони  интернети мобилӣ ва маҳаллӣ 2,2 млн. нафар  муштариро дар бар гирифтааст.

     Баҳри иҷрои Фармоиши Хадамоти алоқа аз 18 майи соли 2016 №2.16.31

«Оид ба талаботи Қоидаҳои хизматрасонӣ вобаста ба хариду фурӯши симкортҳо ва ба тавозуни истифодабаранда гузаронидани маблағҳои пулӣ барои истифодаи хизмати алоқаи барқӣ», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти феҳристи ягонаи давлатӣ рамзи №766 (а) аз 1 июни соли 2016 ба қайд гирифта шудааст, Хадамоти алоқа бо Вазорати корҳои дохили ва Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон як адад аз ҷониби Хадамоти алоқа ҷаримаи маъмурӣ таъин карда шуда, қарорҳо ва протоколҳои дахлдор қабул карда шуда, ба маблағи 70885 (ҳафтод ҳазору ҳаштсаду ҳаштоду панҷ ҳазор) сомонӣ ба буҷетӣ давлат гузаронида шуд.

Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ аз 26 майи соли 2017, №112232(29-7) лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маъқул донистани лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи телекоммуникатсия ва алоқаи почта”-ро таҳия ва ба вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, лоиҳаи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи телекоммуникатсия ва алоқаи почта дар санаи 10 июни соли 2017, №289 ба имзо расонида шудааст.

        Дар нӯҳ моҳи соли 2017 хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ аз тарафи ҶСК «Тоҷиктелеком» ба андозаи  158663,3 ҳазор сомонӣ хизмат расонида шуда, ки иҷрои нақшаи пешбинишуда (150656,7 ҳазор сомонӣ), ба 105,3 % рост мебошад.

Ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта (148733,9 ҳазор сомонӣ) дар ҳаҷми 6,7% зиед шудааст.

        Қисмати асосии даромад –133561,8 ҳазор сомонӣ бар дӯши алоқаи  телефонии байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ рост омада, 84,18%-ро дар бар мегирад.

         Даромади алоқаи телефонии шаҳрӣ 15527,9 ҳазор сомонӣ, 9,79%-ро ташкил менамояд.

        Ба алоқаи телефонии деҳотӣ-  562,4 ҳазор сомонӣ, 0,35%.

        Ба алоқаи телеграфӣ –  793,6 ҳазор сомонӣ ,  0, 50%.         

        Ба алоқаи радиошунавонӣ-79,6 ҳазор сомонӣ,  0,05%.

        Ба хизматрасонии Интернет- 8123,3 ҳазор сомонӣ  5,12%.            

        Даромадҳои ғайра-  14,7 ҳазор сомонӣ, 0,01 %.

        Хизматрасонии алоқа ба аҳолӣ 8027,83 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин 6,9 %и ҳаҷми умумии даромадро дар бар мегирад. Ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта (7785,39 ҳазор сомонӣ) бо маблағи  242,44 ҳазор сомонӣ ё дар ҳаҷми 3,1% зиёд шудааст.

Дар муқоиса бо соли 2016 (272465) шумораи умумии муштариёни ҶСК “Тоҷиктелеком” дар ҷумҳурӣ ба 7938 адад зиёд гардидааст ва 280403 рақамро ташкил медиҳад: 260756 – дар шабакаи шаҳрӣ ва 19647 рақам дар шабакаи деҳотӣ мебошад.

Дар соли ҷорӣ ба ҳисоби миёна телефонҳои фаъол 77400 рақамро ташкил мекунанд, ки ин нишондод 27,6%  шумораи умумии муштариён (280403 рақам) – ро ташкил медиҳад.

Дар ин давра чунин корҳои таъмирӣ дар шабакаи телефонии шаҳрӣ ва деҳотӣ филиалҳои ҶСК “Тоҷиктелеком” гузаронида шуд:

Таъ        Таъмири  хатҳои ҳавоӣ 789,5 км
Таъ        Таъмири кабелҳо 401,3 км
Ива        Ивази кабелҳо 207,6 км
Таъ        Таъмири симҳо (проводов)  467,9 км
Ива        Ивази симҳо                   59,6 км
Му         Мустаҳкамкунии симчӯбҳо     1017 дона
Ши        Шинондани симчӯбҳо   180 дона
Ива        Ивази симчӯбҳо   184 дона
Таъ        Таъмири  хати қубурҳои телефонӣ 168,8 км
Таъ         Таъмири  ҷевони тақсимотӣ   968 дона.

Дар шабакаи нақлиётии алоқаи нахи нурӣ ҷиҳати барқароркардани хатҳои алоқаи байнишаҳрӣ ҳамагӣ 14,65 км кабели нахӣ-нурӣ иваз карда ва 135 адад бастаки нурӣ васл карда шудааст. Миқдори корношоями (повреждений) хатҳои алоқа 98 ададро ташкил медиҳад.

Барои рушди Шабакаи ҷумҳуриявии таҳвили маълумот як қатор корҳои зерин ба анҷом расонида шуд:

       – Пайваст намудани муштариён бо хати алоҳида (ADSL-технология) – дар сатҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

        – Пайваст намудани канали Интернети баландсуръат ба ширкати ҶДММ “Интерком”, ҶДММ “Таком”, ҶДММ “Сатурн”, ҶСП “ТТ мобайл” ва ҶСП “Индиго Тоҷикистон”ва ҶДММ “Истэра” .

      – Қабули канали Интернет аз “Қирғизтелеком” дар ҳаҷми 4G.

      – Таъмин намудани Интернети баландсуръат дар «Бустонсарои Ҳукуматӣ» барои қабули меҳмонон аз Ҷумхурии Узбекистон.

      – Гузаронидани трафики беруна (канали Интернет) ба маршрутизатори эҳтиётӣ Cisco-7604.

      – Барқарор намудани команда Fullview барои ширкати «Мегафон» дар маршрутизатори асоси  Cisco 7604  дар сехи Интернет.

       – Пайваст намудани Интернет тариқи хати Нурӣ дар Донишгоҳи Милли – и  н. Рашт.

      – Пайваст намудани Интернет ва VPN-канал тариқи хати Нурӣ барои равон намудани сигнали видеоӣ аз ш.Роғун то ш.Душанбе бинои Китобхонаи миллӣ барои офиси «Роғун ГЭС».

      – Пайваст намудани хати алоҳидаи нахи Нурӣ байни Душанбе –Ваҳдат тариқи  SFP-трансивер(модуль).

    – Гузаронидани маъракаи сиёси ҷашни «Наврӯзи байналмиллалӣ» дар ш.Турсунзода.

Шумораи истифодабарандагон нисбати ин давраи соли гузашта (5483) 945 адад зиёд гардид ва 6428 нафарро ташкил медиҳад.

Барқарорсозии шабакаи ҳукумати электрони дар ҳамаи Вазорату идораҳои давлатӣ (ҳамагӣ 46 ташкилот) давом дошта, 37 вазорату идора байни Шӯъбаҳои умумиашон барои ба роҳандозии сегменти якум яъне байни Шӯъбаҳои умумии вазорату идораҳо барои мубодилаи электронӣ омода буда, баъд аз таъмини калид еТокен ба фаъолият шуруъ менамояд. 

      Корхонаи  Воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷик» дар бобати иҷрои нақшаҳои муайян гардида ва баланд бардоштани дараҷаи хизматрасони дар соҳаи алоқаи почта дар нӯҳ моҳи соли 2017 ба натиҷаҳои зерин ноил гардид.

      Аз нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти истеҳсоли  бармеояд, ки дар ҷумҳури 466 адад шӯъбаҳои алоқаи почта фаъолият мекунанд.

      Аз натиҷаҳои фаъолияти иқтисодӣ ва молиявии КВД «Почтаи Тоҷик» дар давоми   нӯҳ моҳи соли 2017  даромади   умумии соҳа  ба андозаи  5585653 сомонӣ  хизмат расонида шуд, ки нисбати 9-моҳи соли 2016-ум  ба 629244 сомони зиёд буда, 112,6 % ташкил медиҳад.

      Ҳаҷми муросилоти почта дар  нӯҳ моҳи  соли ҷори  532 тонна  44 кг-ро дар бар мегирад, ки нисбати  нӯҳ моҳи соли 2016  10 тонна 562 кг зиёда буда 102%-ро ташкил медиҳад.  Воридоти муросилоти почтаи  байналхалқи дар нӯҳ моҳи  соли ҷори  49 тонна 912 кг ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2016  81 кг  кам шуда, 99,8%-ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии содироти муросилоти почтаи байналхалқи дар  нӯҳ моҳи  соли 2017  15 тонна 612 кг-ро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2016 744 кг зиёд шуда, 105,0%-ро ташкил медиҳад.

       Ҳаҷми муросилоти почтаи дохили дар нӯҳ моҳи  соли ҷори ба миқдори 466 тонна 520 кг  ташкил медиҳад, ки нисбати соли 2016-ум  9 тонна 899 кг зиёд шуда, 102,1 % мебошад.

       Обунашави дар нӯҳ моҳи  соли 2017 – 327023 нусхаро ташкил дод.

       Дастраснамоии  муросилоти почта ва матбуоти даврӣ дар шаҳри Душанбе  дар 1 ҳафта 5 маротиба, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар як ҳафта 3- 4 маротиба ба роҳ монда шудааст. Дар ин давра ба мизочон 16 млн 264 ҳазору 789 адад рӯзномаю маҷаллаҳо дастрас карда шудааст.

       Дар давраи ҳисоботи дар асоси Шартномаи тарафайн бо БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи «Шаҳри бехатар» 29719 адад амрномаҳо ба вайронкунандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ расонида шудааст.

       Тариқи почтаи фаврии ЕМS ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи  соли 2017 -2292 адад муросилоти почта ворид шуда ба соҳибонашон дастрас карда шудааст, ҳамчунин муросилоти содироти 1639 ададро ташкил медиҳад.

       Дар  нӯҳ моҳи соли 2017 аз тарафи Хадамоти давлатии фелдъегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиши муросилоти 68540 равон ташкил дод, аз ҷумла 884 баста ва қутиҳо, 2952 муросилоти фаврӣ, 13 муросилоти ниҳояти фаврӣ. Дар қиёс ба нӯҳ моҳи соли 2016 шумораи муросилот ба 4911 адад зиёд шудааст.

КВД «Маркази Марка» дар давоми фаъолияти 9 моҳаи соли 2017 корҳои зеринро анҷом дод:

Дар давоми сол тибқи фаолият корхона нишонаҳои пардохти алоқаи почта нишонаҳои бадеӣ ба миқдори 15000 вараки хурд ва 600 силсила дар мавзуҳои гуногун аз чоп баровард:

  1. «Тақвими камарӣ- Соли хурӯс» иборат аз 2 нишона шумораи нашр 2000 в.хурд.
  2. «Гурбаи ёбоӣ» иборат аз 2 нишона шумораи нашр 600 силсила.
  3. «Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018» иборат аз 3 нишона шумораи нашр 4500 в. Хурд.
  4. «Хунарҳои халқӣ» иборат аз 2 нишона шумораи нашр 2000 в.хурд.
  5. «Намоишгоҳӣ байналмиллалии Индонезия -2017» иборат аз 3 нишона шумораи нашр 4500 в.хурд.
  6. «Нақлиёти шаҳрӣ» иборат аз 2 нишона шумораи нашр 2000 в.хурд
  7. «60-мин солгарди парвози моҳвораи сунъӣ» иборат аз 3 нишона шумораи нашр 2000 в.хурд ва иборат аз 2 нишона шумораи нашр 2000 в.хурд.

 

                                                  

 

                                                          Ҷадвали

Ҳаҷми умумии даромад дар самти фаъолияти хизматрасонии алоқа дар ҷумҳурӣ барои нӯҳ моҳи соли 2017 (якҷоя бо операторон ва провайдерони хусусӣ)

                                                                      

 

Даромадҳо:

Нишондиҳандаҳои

9-моҳа 

 Тамоюл    

 нисбати

    соли 2016

%

Соли 2017         

млн. сомонӣ

Соли 2016

млн. сомонӣ

Даромади умумӣ: 2010,6 2153,0 93,3
Аз  ҷумла: ҶСК «Тоҷиктелеком» 158,6 110,8 143,1
–   КВД «Почтаи Тоҷик» 5,5 4,9 112,2
–   КВД «ММЭМР» 4,1         5,7 71,9
Дигар корхонаи соха 2,0 2,4 83,3
–   Операторҳо ва провайдерҳо 1840,4 1625,5 113,2
Ҳаҷми хизматрасонӣ ба аҳолӣ: 1416,5  1086,8 130,3
–   Операторҳои миллӣ ( ҶСК «То- Тоҷиктелеком», КВД «Почтаи Тоҷик»)

–   Операторҳо ва провайдерҳо 

Дигар  корхонаи соха

 

10,6

1405,9

0,013

 

 

7,92

    1078,45

0,43

 

 

133,8

130,3

3,0

      

 

 

Дар соҳаи алоқа чунин проблемаҳо ҷой доранд:

 

       Мушкилиҳои асосӣ  дар соҳаи алоқа мавриди ташкил намудани шабакаҳои  алоқа, гузаронидани хатҳои нахи нурӣ ва насби дигар таҷҳизотҳои телекоммуникатсионӣ – ин душворгузар будани релефи ҷуғрофии ҷумҳуриямон мебошад, ки барои ба амал баровардани лоиҳаҳо маблағгузории зиёдро талаб менамояд.

Нақшаву чорабиниҳо барои соли 2017:

  1. КВД «Почтаи Тоҷик» дар соли 2017 барои баланд бардоштани сифатноки дар самти қабул,  ирсол ва дастрасномаи муросилоти почта ва назорати самти ҳаракати  муросилоти воридот ва содиротро  дар тамоми марҳилаҳои коркард ба таври электронӣ ба роҳ монда мешавад.
  2. Дар ҳамкори бо мақомотҳои маҳалӣ, редаксияҳои рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ, дар ҳамаи шуъбаҳои алоқаи почта фуруши чаканаи рӯзномаву маҷаллаҳо, маводҳои канселерӣ ба роҳ монда мешавад.
  3. Эҷоди хатҳои эҳтиётии нахи нурии магистралии Панҷ-Фархор, Норак-Данғара, Ёвон-Норак.
  4. Корҳои омодасози барои иҷрои лоиҳаи хати нахи нурии магистралии Хоруғ-Ишкошим.
  5. Бозсози ва таъмири тамоми шоҳроҳҳои алоқаи магистралии нахи нурӣ.
  6. Насби Истгоҳҳои хатии телефонӣ рақами дар минтақаҳои деҳотӣ.
  7. Афзоиши ғунҷоиши коммутаторҳои дастрасӣ ба шабакаи Интернет.
  8. Афзоиши ғунҷоиши каналҳои берунаи байналмиллалии дастраси ба шабакаи интернет.
  9. Бозсозии хати алоқаи нахи нурии Хоруғ-Ҷелонди.

                       Сардор                                       Бег Сабур