Корбарӣ бо мақсади тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ

Навид Хабарҳои Хадамот

Корбарӣ бо мақсади тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ

Пайваста гурӯҳи кории дар назди Хадамоти алоқа таъсис додашуда ба минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ сафар намуда, оид ба вазъияти дастрасии алоқаи барқӣ ченакҳо мегузаронанд.

Корҳои ченкунии сатҳи фарогирии алоқаи барқӣ дар маҳалҳо нишон медиҳад, ки алоқаи мобилии стандартҳои 2G 95 фисади ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро фарогир мебошад. Санҷишҳо нишон дод, ки бо ин стандарт имкони пардохоти ғайринақдӣ аз тариқи POS-терминалҳо ба аҳолии кишвар муҳайё аст. Бо мақсади дастрасӣ ба алоқаи мобилии стандартҳои 3G ва 4G ва фароҳам кардани шароити мусоид ба хусус дар заминаи гузариш ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, дар ин гуна маҳалҳо корҳои амалӣ аз ҷониби операторони мобилӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқа бо суръат идома дорад.

Бо ин мақсад, аз тарафи сардори Хадамоти алоқа 7 маротиба вохӯриҳои муштарак бо намояндагони Бонки миллӣ, Амонатбонк, “Барқи тоҷик”, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва ширкатҳои мобилӣ гузаронида шуда, дастраскунандагони алоқаи барқӣ вазифадор карда шуданд, ки оид ба рафти иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли 2023, №586 ба нақшаҳои рушди худ тағйиру иловаҳо ворид намуда, баҳри иҷрои он тамоми малакаи корӣ ва имкониятҳоро истифода баранд.

Ҳамзамон аз ҷониби Хадамоти алоқа ба масъулин пешниҳод шудаааст, ки муассисаҳои дахлдор дар маҳалҳо POS-терминалҳоро насб намуда, бозомӯзии масъулонро ва таҳти пушиши шабакаи алоқаи барқӣ аз хизматрасонии тамоми операторҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда истифода баранд. Фаъолияти худро таҳти пушиши як оператор маҳдуд нанамоянд.