Иҷозатномаи ворид намудани Интернет ба ду ширкат супорида шуд

Навид Хабарҳои Хадамот

Иҷозатномаи ворид намудани Интернет ба ду ширкат супорида шуд

17 ноябр Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини ҶСП “ТТ Мобайл” ва ҶСП “Индиго Тоҷикистон” иҷозатномаи ворид намудани каналҳои байналмилалии баландсуръати дастрасӣ ба шабакаи глобалии Интернетро супорид.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар идомаи андешидани чораҳои зарурӣ Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду ширкати ватании бахши хусусӣ иҷозатномаи ворид намудани каналҳои байналмилалии баландсуръати дастрасӣ ба шабакаи глобалии Интернетро содир намуд.

Рӯзҳои наздик ҶСП “ТТ Мобайл” ва ҶСП “Индиго Тоҷикистон” ба ворид намудани Интернети баландсуръат шуруъ менамоянд, ки ин иқдом барои кам намудани арзиш ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии дастрасӣ ба Интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат мегузорад.

Ҳамчунин ба ташкили фазои рақобати солим дар соҳаи алоқаи барқӣ ва ҷалби сармояҳои хусусӣ ба сектори телекоммуникатсияи кишвар мусоидати фаъол менамояд.