Тоҳир Ёқубов: Татбиқи 5G дар Тоҷикистон имкониятҳои нав меофарад

Ахбороти технологияҳо Навид Хабарҳои расмӣ

Тоҳир Ёқубов: Татбиқи 5G дар Тоҷикистон имкониятҳои нав меофарад

Тоҳир Ёқубов, намояндаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии ифтитоҳӣ дар форуми байналмилалии «Ифтитоҳи шабакаҳои алоқаи мобилии насли оянда», ки аз ҷониби  ширкати ZET-MOBILE бо дастгирии Хадамоти алоқа баргузор гардида истодааст, гуфт, ки шабакаи насли панҷум ба мо имкониятҳои навро барои рушд фароҳам меорад.

Ба гуфтаи Тоҳир Ёқубов имрӯз мо дар замони беназире зиндагӣ дорем, ки пешрафти техникӣ ҳар рӯз суръат мегирад. 5G барои мо василаҳои нави  ба роҳ тиҷорат ва муошират муҳайё месозад. Инчунин эътимоди муштариёнро ба сифату суръати интернет таҳким мебахшад.

Дар робита ба аҳамияти баргузории ин Форум Тоҳир Ёқубов таъкид намуд, ки ин рӯйдоди муҳим ба муносибати қарори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сифат ва дастрасии интернети мобилӣ бахшида шудааст. Баргузории ин гуна чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки яке аз технологияҳои муҳимтарин ва инноватсионии замони мо – насли алоқаи мобилии оянда(5G),  ҳарчи зудтар ва самараноктар дар кишвари пурра татбиқ шавад.

Дар идомаи суханрониаш, Тоҳир Ёқубов, намояндаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки форум як платформаи олӣ барои табодули дониш ва таҷриба мебошад.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 18 октябри соли 2023 дар меҳмонхонаи « Hyatt Regency Dushanbe» Форуми байналмилалии «Ифтитоҳи шабакаҳои алоқаи мобилии насли оянда» оғоз гардид, ки то 20октябр идома хоҳад ёфт.