Бо ширкати русии «Цифра» ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид
13 декабр байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Цифра» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ин санадро дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа ва Сергей Емелченков, Директори генералии ҶДММ «Цифра» имзо гузоштанд.
Ёддошти ҳамкории мазкур робитаҳои дуҷонибаро дар соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо эътирофи аҳамияти ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти шабака, густариш ва таҳкими ҳамкорӣ дар рушди системаи тиҷорати электронӣ, тасдиқи аҳамияти ҷорӣ намудани ҳуҷҷатҳои электронӣ дар Тоҷикистон, таҳкими хадамоти почта ва IP-телефония танзим мекунад.
Дар ин замина таҳкими ҳамкории дуҷониба дар рушди дастрасии интернети фарохмаҷро, идоракунии интернет, шабакаҳои насли чорум (4G LTE/) ва панҷум (5G) ва пайвастшавӣ ба интернети байналмилалӣ дар назар гирифта шудааст.
Ҳамчунин Ёддошти ҳамкорӣ миёни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Цифра» ташкил ва гузаронидани семинару чорабиниҳои муштарак, вохӯриҳои иттилоотӣ, семинарҳо ва вебинарҳо ҷиҳати таҳкими робитаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, мубодилаи таҷрибаи иттилоотӣ ва ташаббусҳо ва барномаҳои миллӣ дар соҳаи рушди коммуникатсия ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, мубодилаи таҷриба дар таҳияи стратегияҳои минтақавӣ, сафарҳои миёна ва дарозмуддат ва шаклхои дигари хамкорӣ, ки манфиатхои тарафайнро ифода мекунад.
Ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногунҷанба бо ширкатҳои хориҷӣ ба раванди ислоҳот ва навсозии шабакаҳои алоқаи мобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такони тоза медиҳад. Оғози ҳамкориҳо ҶДММ «Цифра» низ бо ҳамин мақсад роҳандозӣ гардидааст.