Дар Суғд шумораи толорҳои алоқа зиёд мешаванд

Навид Хабарҳои Хадамот

 Дар Суғд шумораи толорҳои алоқа зиёд мешаванд

Дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Конибодом толорҳои нави фирмавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар маҷмӯъ, аз оғози соли равон дар вилояти Суғд 26 нуқтаҳои хизматрасонии ин оператор ифтитоҳ ёфтанд.

Дар шаҳри Хуҷанд толори нав дар маркази савдои «Абрешим молл», воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир шудааст. Муштариён дар ин ҷо метавонанд ҳисоби телефонашонро пур кунанд, қарзу ҳаққи хизматрасониҳои коммуналиро пардохта, маблағ интиқол диҳанд ва ё телефонҳои мобилӣ харидорӣ намоянд.

«Мутахассисони мо ҳамеша омодаанд, ки ба ҳар як муштарӣ роҳҳои танзим намудани интернети мобилӣ, боргирӣ кардани замимаи «МегаФон Life»-ро, ки дорои амалиёти гуногун аст, бифаҳмонанд. Дар ин радиф муштариён метавонанд дар толорҳои мо бо истифода аз хизматрасонии Cash Out бо пешниҳод намудани шиноснома тариқи «Корти миллӣ» маблағи нақд гиранд, ва барои истифода бурдани аксари хизматрасониҳо шарт нест, ки шахс муштарии ширкат бошад», – шарҳ медиҳад Фирӯз Юсуфӣ, роҳбари шуъбаи тиҷоратии Раёсати минтақавии «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Суғд.

Мизоҷоне, ки ба маркази савдои «Абрешим молл» меоянд, аз имкониятҳои мавҷудбудаи толори нав изҳори қаноатмандӣ мекунанд.

«Ҳайати кормандон хеле меҳрубон ва хушмуомила аст. Мутахассисон ба зудӣ мушкилоти ҳар як муштариро ҳал менамоянд. Илова бар ин, ҳар шахс метавонад ҳатто ҳангоми сари роҳ ба мағоза даромадан аз машварти хизматрасонҳо баҳра бардорад, ки ин хеле қулай ва осон аст”, – нақл мекунад мегӯяд Фирӯз Саидаҳмадов, сокини шаҳри Хуҷанд.

Ифтитоҳи толори нав барои сокинони деҳаи Ниёзбеки ҷамоати деҳоти Кӯҳандиёри шаҳри Конибодом низ як хушхабар буд.

«Қаблан барои харидани SIM-корт ва пайвастшавӣ ба интернет моро зарур меомад, ки ба маркази Конибодом сафар намоем. Акнун бо кушодашавии маркази нави алоқа мо метавонем ба саволҳои худ дар ҳамин ҷо ҷавоб гирем. Ташаккур ба ширкати «МегаФон Тоҷикистон» барои ғамхорӣ нисбат ба муштариёнаш!», – изҳор дошт сокини деҳаи Ниёзбек Сабоҳат Саидова.

Дар вилояти Суғд на танҳо толорҳои алоқаи ин оператор, балки нуқтаҳои ширкатҳо-дилерон низ кушода мешаванд. Ин имконият медиҳад, ки барои даҳҳо сокинони вилоят ҷойҳои кории нав ташкил карда шаванд. Аммо муҳимтар аз ҳама, муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ҷойҳои барояшон қулай аз хизматрасонии босифат бархурдор мебошанд.

Аз аввали соли 2023 дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд 26 толори нави “МегаФон Тоҷикистон” ба фаъолият шурӯъ карданд. Ҳоло шумораи умумии онҳо қариб ба 90 адад расидааст.