10 хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ дар Қазоқистон аз руйи илмҳои дақиқ ғолиб омаданд

Навид

10 хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ дар Қазоқистон аз руйи илмҳои дақиқ ғолиб омаданд

Дар Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи бистуми ҷашнии Жаутиков (IZhO-2024) ҷамъбаст ва ғолибони ин олимпиадаи байналмилалӣ дар соли 2024 маълум гардиданд. Дар байни онҳо 10 хонандаи тоҷик низ ҳаст, хабар медиҳад Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.

Дар даври ниҳоии озмун аз байни 600 иштирокчӣ аз 16 давлат дар  қатори дигар ғолибон номи 10 хонандаи тоҷик низ садо дода, Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсаф дар самти илмҳои дақиқ муаррифӣ гардид.

Ин олимпиадаи байналмилалӣ 20 сол боз ҳамасола аз фанҳои математика, физика ва технологияи иттилоотӣ баргузор шуда, давоми чанд соли охир ғалабаи 10 хонандаи тоҷик дар он натиҷаи беназир аст.

Чунин дастовард на танҳо нуфузи низоми маорифи ҷумҳуриро баланд мебардорад, балки аз иштироки Тоҷикистон дар чорабиниҳои муҳимми илмию маърифатии байналмилалӣ огоҳӣ медиҳад.