2013с. Сармутахасиси дурнамо инструк

Навид Хабарҳои Хадамот

Дастурамали

ишғолкунандаи мансаби сармутахассис оид ба дурнамо ва иқтисодии Раёсати алоқа ва иттилоотонии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Номи мансаб – сармутахассис оид ба дурнамо ва иқтисодии Раёсати алоқа ва иттилоотонии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии   Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мансабҳои  категорияи   панҷум мансуб мебошад.

 3. Ба мансаби сармутахассис оид ба дурнамо ва иқтисодӣ агар довталаб ба талаботҳои тахассусии муқарраршуда ҷавобгӯ бошад, аз тарафи Роҳбари Хадамоти алоқа мувофиқи қарори комиссияи озмун таъйин карда мешавад.

4. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба Сардори Раёсати лаоқа ва иттилоотонӣ тобеу Ҳисобдиҳанда мебошад.

5. Дар мавриди муваққатан ҳозир набудани сармутахассис оид ба дурнамо ва иқтисодӣ ӯҳдадориҳои мансабии вай ба зиммаи ишғолкунандаи мансаби мутахассиси пешбар оид ба дурнамо ва иқтисодии (мувофиқи фармони дахлдор) вогузор карда мешавад.

6. Сармутахассиси дурнамо ва иқтисодиёт бо роҳбарияти Раёсати танзим,Раёсати назорат бо мудирони бахш ва дигар сардорони сохтори Хадамоти алоқа ҳамкорӣ менамояд:

                      2. Талаботи тахассусӣ.

7. Барои мансаби Сармутахассиси дурнамо ва иқтисодиёт талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

-таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё баробарарзиш;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани фарҳанг, муқаддасоти миллӣ,забони давлатӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конституқияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон,дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ,

-мавҷудияти дониш ва малакаи зарурӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ,банақшагирии раванди кор;

– мавҷудияти малакаи хуби муошират,аз ҷумла маҳорати ба кор мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-кор карда тавонистан бо компютер.

3. ӮХДАДОРИҲОИ ВАЗИФАВӢ.

Сармутахассис оид ба иқтисод ва дурнамои Раёсати алоқа ва иттилоотонӣ ӯҳдадориҳои вазифавии зеринро дорад:

– Ҳисоботҳои омории иқтисодии корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқаро ҷамъ оварда, таҳлили пурраи онҳоро мегузаронад.

 – Мутобиқи ҳисоботҳои воридшуда аз корхонаҳои зерсохтори Хадамот онҳоро ҷамъбаст намуда, ба таври умумӣ таҳия намуда, ба ташкилотҳои омори   шаҳрӣ в ҷумҳурмиявӣ пешниҳод менамояд.

 – Нақшаи чорабиниҳоро барои нимсолаи якум ва дуюм таҳия ва омода намуда, барои тасдиқ пешниҳод менамояд.

 -Дар асоси нақшаи чорабиниҳо корҳои омодасозӣ ва ҷамъоварии маълумотҳо оид ба дурнамои соҳаи алоқаро тартиб медиҳад.

 – Мутобиқи ҳисоботҳои оморӣ ва иқтисодии муассисаҳои сохториХадамот якҷоя бо мутахассисони онҳо нақшаи дурнамои муассисаҳоро баррасӣ менамояд.

 – Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти соҳаи алоқаро барои семоҳа, нимсола, 9-моҳа ва солонаро таҳия ва омода менамояд.

 – Таҳия ва омода намудани маълумот,ҷавобҳо ба мактубҳо бо супоришҳои роҳбарият,ташкилоту муассисаҳо.

 -Дар хусуси нишондиҳандаҳои иқтисодии корхонаҳои зерсохтори Хадамот маълумот ва таҳия  омода месозад.

 – Дар хусуси саҳеҳ в аниқ будани маълумотҳо дар зери муассисаҳо санҷишҳо мегузаронад.

 – Барои беҳтар гардидани вазъи иқтисодии корхонаҳои зерсохтори Хадамот дастур ва тавсияҳо медиҳад.

 – Дар ҷамъомад ва маҷлисҳои Хадамот иштирок менамояд.

 – дар гузаронидани санҷишҳо доир ба фаъолияти иқтисодии корҳонаҳои зерсохтори Хадамот иштирок менамояд.

 – Ба мутахассисони корхонаҳои зерсохтори Хадамот кӯмак мерасонад.

                                    4. ҲУҚУҚҲО.

Сармутахассис оид ба иқтисод ва дурнамои Раёсати алоқа ва иттилоотонӣ ҳуқуқҳои зеринро    дорад:

Дар доираи ваколатҳои худ дар баррасии масъалаҳо доир ба корҳои иқтисодӣ ва қабули қарорҳо иштирок намояд;

 – Маълумот ва ҳисоботҳоро барои иҷрои ӯҳдадориҳои вазифавӣ лозим бударо ба тартиби муқарраргардида талаб намояд;

  – Ба фаъолияти илмию эҷодӣ ва омӯзгорӣ машғул шавад;

 – Вобаста ба пешниҳоди ҳисоботҳо гирифтани баёнотҳо аз роҳбарони муассисаҳо;

 – Барои дуруст таҳлил намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба коргарон дастур ва тавсияҳо медиҳад;

– Муҳайёнамуданишароититашкилитехникӣ, банизомдароварданиҳуҷҷатҳоизарурӣбароииҷроиӯҳдадориҳоивазифавироазроҳбариятталабменамояд.

                              5.  МАСЪУЛИЯТ.

Сармутахассис оид ба иқтисод ва дурнамо   масъулиятҳои зеринро дорад:

  – Дармӯҳлатимуқарраргардидаиҷронагардиданиӯҳдадориҳоивазифавӣ, инчунинбосифатипастомоданамуданиҳисоботҳоииқтисодӣ;

– БароириоянакарданиталаботҳоиқонунҳоимеҳнатииамалкунандаиҶумҳурииТоҷикистон;

 – Бароириояиинтизомимеҳнатӣ, иҷроишӣ  вареҷаикорӣ;

– Барои риоя нагардидани талаботҳои мазкур.

                6. Муқаррароти хотимавӣ

– Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта шуда,нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ ба сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ супорида мешавад.

– Ҳангоми ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтани ӯҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқи хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯи натиҷаи аттестатсия ва ё баҳодиҳии фаъолияти солона,инчунин ҳангоми таҷдиди сохторӣ ва дигар ҳолатҳое. Ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии сармутахассис оид ба дурнамо ва иқтисодии Раёсати алоқа ва иттилоотонии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд, дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ  карда мешавад.