Оқибатҳои манфии коррупсия ва тадбирҳои коҳиш додани сатҳи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба имкониятҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

Муқовимат ба коррупсия Навид

Оқибатҳои манфии коррупсия ва тадбирҳои коҳиш додани сатҳи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба имкониятҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

Мафҳуми коррупсия дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», ки моҳи августи соли 2020 дар таҳри нав қабул шуд, чунин шарҳ дода шудааст: “Коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ”.
Аз мафҳуми коррупсия бармеояд, ки баҳри ошкор ва ба қайдгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур аст.
Дар ҳошияи андешаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш соли 2016 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки «Мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ нест балки вазифаи ҷонии тамоми қишрҳои ҷомеа маҳсуб меёбад». Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳар фарди худогоҳ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон умр ба сар мебарад новобаста аз мавқеи мансабӣ, вазъи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ғайра дар мубориза бо коррупсия набояд бетараф бошад. Ҳар шахси худогоҳу солимфикр дар кадом вазифа ва ё ҳолати корие набошад худ ва наздиконашро дар руҳияи зиддикоррупсионӣ тарбия намояд ва ҳар амалеро анҷом медиҳад дар доираи қонун амалӣ кунад то дар мубориза бо коррупсия саҳми босазо гузорад.
Чунончӣ дар боло оиди қонун дар таҳрири нав қабул шуданаш ишора кардем, боби 3 қонуни мазкур ба пешгирии коррупсия бахшида шудааст.
Дар моддаи 14-уми қонун зикр рафтааст, ки пешгирии коррупсия яке аз чораҳои муқовимат ба коррупсия буда, бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
– тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ;
– таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ;
– таҳлили хавфҳои коррупсионӣ;
– мониторинги зиддикоррупсионӣ;
– экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои
санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
– чораҳои назорати давлатии молиявӣ;
– талаботи махсус нисбати довталабони вазифаҳои давлатӣ ва шахсони
барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор;
– мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва
мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда;
– ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои мансаби давлатӣ ва мансаби ба он баробаркардашуда.
Бо назардошти асосҳои ҳуқуқиву сохторӣ, таҷрибаи фаъолияти корӣ ва ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паст кардан ва ё аз байн бурдани коррупсия амалишавии тадбирҳои мазкур мувофиқи мақсад аст:
– дар баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии аҳолии мамлакат дар тамоми зинаҳо корбари мебояд кард;
– дар самти ҷалби мутахассисони поквиҷдон, боирода ва содиқ бо давлату миллат дар вазифаҳои хизмати давлатӣ ва вазифаҳои ба онҳо баробар кардашуда корбари мебояд кард;
– дар вақти тарбия ва ҷобаҷогузории кадрӣ диққати махсус мебояд дод;
– ҳангоми таъини вазифа талаботи тахасусӣ ва маҳорати ташкилотчигию хислатҳои ҳамидаи мутахассис ба назар гирифта шавад;
– ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо дар тамоми соҳаҳо омилҳои ба коррупсия мусоидаткунада мавриди назар гирифта шавад (духурагии меъёрҳои қонун мадди назар карда шавад).
– дар фаъолияти хизматӣ ба хешутаборчигӣ, маҳалгароӣ ва шиносбозӣ роҳ дода нашавад;
– шафофияти фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораю ташкилотҳои маъмурии давлатӣ таъмин карда шавад;
– имкониятҳо ва тадбирҳои иловагӣ вобаста ба беҳтар кардани шароитҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маишии хизматчиёни ҳифзи ҳуқуқ, ҳарбӣ ва маъмурӣ мунтазам андешида шавад;
Бояд ёдовар шавам, ки вохўрие, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихи 10 майи соли 2019 бо кормандони молия, сармоягузорӣ, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар доир намуда буданд, ин бо мақсади баррасии фаъолияти сохторҳои зикршуда ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, инчунин, дарёфти ҳалли мушкилот ва вазифаҳое буд, ки иҷрои онҳо барои рушди минбаъдаи иқтисодии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст. Аксари эродҳои дар соҳаҳои номбаршуда ба амалҳои коррупсионӣ рабт дошт.
Бинобар ин ин Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доиман таъкид менамоянд, ки агар мо хоҳем ҳар чӣ зудтар дар пиёдасозии ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумлаи таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳои аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар муваффақ гардем дар амалисозии сиёсати зиддикоррупсионии мамалакатамон бетараф набояд бошем.
Назриён В.Қ.
нозири калони шуъбаи муқовимат ба коррупсияи РАНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд,
майори адлия