Ширкатҳои Tcell ва ZTE смартфонҳо ва тарофаҳои дастрасро муаррифӣ карданд

Ахбороти технологияҳо Навид Хабарҳои Хадамот

Ширкатҳои Tcell ва ZTE смартфонҳо ва тарофаҳои дастрасро муаррифӣ карданд

Tcell бо ZTE ёддошти ҳамкорӣ имзо кард. Ба шаҳрвандони Тоҷикистон маҳсулоти нав – смартфонҳои буҷавӣ ва дастгоҳҳои дорои тарофаҳои махсус пешниҳод карда шуд.

«Ин лоиҳаи фурӯши смартфонҳо ва дигар дастгоҳҳо, роутерҳои Wi-Fi, модемҳо бо мақсади зиёд намудани шумораи корбарони интернет дар кишвар аст», – мегӯяд менеҷери шӯъбаи рушди маҳсулоти Tcell Саидов Шоҳмурод..

Ташаббуси ширкатҳо ба имкониятҳои бозори Тоҷикистон асос ёфтааст. Ба иттилоъи ширкатҳо, тақрибан 40 дарсади аҳолии ҷумҳурӣ то ҳол смартфон надоранд ва бинобар ин аз имтиёзҳои онҳо истифода бурда наметавонанд. Ин дар заминаи қарорҳо оид ба зиёд кардани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ, истифодаи ҳамёнҳои электронӣ дар смартфонҳо низ муҳим аст.

Илова бар ин, ширкатҳо гуфтушунид доранд, то ҳамёнҳои электронӣ дар ҳолати анҷоми ёфтани трафик низ истифода шаванд. Аллакай дар тамоми нуқтаҳои хизматрасонии Tcell ба истеъмолкунандагон смартфонҳои ZTE бо тарофаҳои Salom Smartphone ва Salom Smartphone + пешниҳод карда мешаванд, ки бо ҳаҷми трафик фарқ мекунанд.