Вохӯрии Сардори Хадамоти алоқа бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ

Навид Хабарҳои Хадамот

Вохӯрии Сардори Хадамоти алоқа бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ

Рӯзи 23 октябр вохӯрии Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 декабри соли ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки тезонидани раванди  гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ҳалли мушкилоту монеаҳои мавҷуда ва таъмини дастрасии комили шаҳрвандон бо интернети баландсуръат  дар авлавияти фаъолияти Хадамот ва ширкатҳои мобилӣ қарор дошта, ҳам бояд бо дарки масъулият ҳарчӣ зудтар камбудиҳои вуҷуддоштаро бартараф намоянд. Гуфта шуд, ки таъмини дастрасии  сокинони тамоми минтақаҳои кишвар бо интернет, тақвияти инфросохторӣ дар низоми бонкӣ  ҷиҳати  пешниҳоди механизми пардохти хизматрасониҳои давлатӣ аз тариқи ғайринақдӣ, таъмини истогоҳҳои мавҷӣ бо барқи доимӣ аз масъалаҳое мебошанд, ки таваҷҷуҳ ва талошҳои доимӣ мехоҳанд.  Дар ин замина ба масъулин супориш  дода шуд, ки ҳамкорӣ бо бонкҳо ва ташкилотҳои моливӣ беш аз гузашта тақвияӣ ёфта, мушкилоту монеаҳо дар сатҳи ҷамоату деҳаҳо бартараф карда шаванд.

Бо мақсади муайян намудани тамоми минтақаҳое, ки дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ва интернет дар он заиф мебошад, аз ҳисоби масъудини Хадамоти алоқа, ширкатҳои мобилӣ ва сохторҳои дигар гурӯҳи корӣ ташкил шуд. Гурӯҳи корӣ вазифадор гардид, ки  дар давоми як ҳафта ҳисоботи мукаммал ба Хадамот пешниҳод шавад.  Сардори Хадамоти алоқа аз масъулин хост, ки пас аз пурра муайян гардидани ин гуна минтақаҳо, мушкилоти алоқаи мобилӣ ва интернет дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф шавад.

Масъалаи дигар, бо фаро расидани фасли зимистон таъмини доимии истигоҳҳо мавҷи алоқаи мобилӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат буд. Тавре дар вохӯрӣ зикр гардид, дар ин замина аз муштариён арзу шикоятҳои зиёд мерасад. Аз ин рӯ, ҳамкории зич бо “Барқи тоҷик” зарур дониста шуд. Ширкатҳои мобилӣ муваззаф шуданд, ки тамоми талошҳоро ба харҷ диҳанд, то аҳолӣ дар фасли сармо низ шабонарӯз бо алоқаи мобилӣ ва интернет таъмин бошанд.

Дар қисмати дигари вохӯрӣ чораҳои амалишуда доир ба арзон намудани нархи интернет ва зангҳои телефонӣ, ҳамчунин баланд намудани сатҳу сифати он, ки мавриди таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, таҳлилу баррасӣ шуд. Гуфта шуд, ки ҳарчанд то имрӯз  нархи интернет ва зангҳои телефонӣ арзонтар шудааст, аммо он қонеъкунанда набуда, дар ин замина ба тамоми ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ супориш дода шуд, ки ҷиддан талош намоянд.

Дар охир ба масъулин ҳидоят дода шуд, ки ҷиҳати расидагӣ ба арзу шикояти муштариёни алоқаи мобилӣ ва корбарони интернет аз тамоми гӯшаву канори кишвар, чораҳои қатъӣ андешанд.