Консерти ботантана ба ифтихори радиои нав таҳти номи “Zet Fm”

Ахбороти технологияҳо Навид

Консерти ботантана ба ифтихори радиои нав таҳти номи “Zet Fm

Ширкати мобилии ZET-MOBILE дар ҳамкорӣ бо “Ориёно-Медиа” шабакаи нави радиоии «ZET FM»-ро ташкил кардааст, ки рӯйи мавҷи 103 FM пахш мешавад. Ин шабакаи радиоӣ минбаъд барои ҷавонон барномаҳои шавқовар таҳия менамояд.

Ба ифтихори ифтитоҳи шабакаи нави радиоии «ZET FM» дар маркази савдои «Сиёма Молл» бо иштироки сарояндаҳои маъруфи тоҷик ва ситораҳои Шарқ барномаи рангини фарҳангию ҳунарӣ баргузор гашт. Хотири сокинон ва меҳмонони пойтахтро овозхонҳои машҳур Увайс Оташин, Шабнами Тоҷиддин, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Аран Каземи, Ҷаҳонгир Зарипов, Суруш Холов, Мино Баҳруллоева, Ёсамин ва дигар ҳунармандони овозадор бо таронаҳои дилнишин шод гардониданд.  Ин чорабинии бошукуҳ беш аз 800 нафар дилбохтагони суруду мусиқиро ба ҳам оварда, аз талошҳои ширкати ZET-MOBILE баҳри рушди фарҳангу маънавиёти ҷомеа дарак медиҳад.

ZET-MOBILE алоқаи хушсифати мобилиро ба муштариёни хеш пешниҳод намуда, бо ҷомеа ҳамкории зич дорад ва ҳамеша кӯшиш мекунад, ки бо ташкили чунин чорабиниҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намояд.

Бо шарофати барномаи рангини консертӣ, ки ширкати ZET-MOBILE ташкил намуд, иштирочкиён аз шунидани таронаҳои марғуби сарояндаҳои маъруф лаззат бурданд ва ин чорабинии пуршукӯҳ чун як рӯйдоди фараҳбахши фарҳангӣ дар хотирашон нақш хоҳад баст.

Бо ташкили чунин консерти бузург ширкати ZET-MOBILE таваҷҷӯҳи  ҷиддии худро ба санъати мусиқӣ ва эстрада нишон дод. Масъулини ширкат дарк мекунанд, ки санъати мусиқӣ дар ҳаёти ҷомеа аҳамияти бузург дошта, қодир аст одамони фарҳанг ва синну солашон гуногунро ба ҳам оварад.

Чунин ташаббусҳо масъулияти иҷтимоӣ ва талошҳои ширкати ZET-MOBILE-ро баҳри эҷоди рӯйдодҳои муҳим дар ҷомеа нишон медиҳанд. ZET-MOBILE аз имкони пешниҳоди чунин барномаҳои фарҳангии фарохдомон ба аҳли ҷомеа ифтихор намуда, барои рушди санъати мусиқӣ дар Тоҷикистон талош меварзад.

Ифтитоҳи радиои ҷавонии “ZET FM” дар мавҷи 103 FM як рӯйдоди хеле муҳим дар таърихи радио дар кишвари мо ба шумор меравад.  Ин шабакаи замонавии радиоӣ бо дарназардошти ниёзҳои ҷавонон сохта шуда, платформаи махсусе мебошад, ки ҳар кас дар он чизҳои ба табъ ва завқи худ мувофиқро пайдо карда метавонад.

Шурӯъ аз  17-октябр ҳамарӯза, дар формати НОН-СТОП радиои “ZET FM” шунавандагони худро бо барномаи рангоранги босифат дар саросари кишвар шод хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки чунин барномаҳои консертӣ ба ифтихори ифтитоҳи шабакаи радиоии ZET-FM дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар низ баргузор хоҳанд гашт.