ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ. Ба зеҳни мо то куҷо таъсир мерасонад?
То соли 1978 башарият шуруъ аз сокинони Кенияву Бразилия то Нидерландияву Ҷопон бо суръати кайҳонӣ, яъне ба андозаи беш аз 0,3 банди IQ дар як сол боҳуш шуда буд. Ин тамоюл бо номи “Таъсири Флин” машҳур аст. Он ба шарафи равоншиноси зеландиягӣ номгузорӣ шуда буд, ки нахустин шуда ба ин раванд таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Аммо аз соли 2004 ба баъд ин суръат коҳиш ёфтан гирифт ва нишондиҳандаҳои IQ бо чунон суръате паст шуд, ки инсоният дар тули сад соли оянда хавфи аз даст додани 10 банди аз 13,8 банди то соли 1932 бадастомадаро дорад. Ин аст хулосаи Майкл Вудли, таҳқиқгари зеҳни инсон.
ТАЪСИРИ БАРЪАКСИ ФЛИН
Олимон собит сохтаанд, ки одамон аз зинаҳои гуногуни рушду тараққиёт гузаштаву то охири қарни 20 тадриҷан оқилу боҳуш шуданд. Сипас, ин раванд қатъ гардидаву ба самти ақиб майл намуд. Ва инак, одамон сол то сол коҳилу нодон ва кундзеҳн шуда истодаанд, ки инро олимон The negative Flynn Effekt (таъсири баръакси Флин) номидаанд. Инро ба вобастагии аз меъёр зиёди одамон ба технологияи иттилоотӣ рабт додаанд. То куҷо технологияи иттилоотӣ ба кундзеҳн шудани одамон таъсиргузор аст? Чӣ гуна IT-технология одамонро кундзеҳну нодон месозад? Чаро одамон аз мутолиа дур шудаанд?
Андозаи талаботи як нафар ба иттилоот имрӯз дар доираи танҳо як ё ду навори кӯтоҳи видеоӣ, паёмакҳо, шарҳҳои мухтасар маҳдуд шудааст. Кам одамонеро вомехӯрем, ки дар нақлиёти ҷамъиятӣ ё дар боғу гулгаштҳо машғули китоб ё рӯзномахонӣ бошанд. Ҳамагӣ чашму гӯшу ҳуш банди танҳо як чиз аст: телефон. Чаро?
Чун аз шабакаҳои интернетӣ дарёфти посух ба ҳар гуна суол хеле содаву осон аст. Танҳо аз Гугл ва ё аз Яндекс мепурсем ва дар як мижа задан ҷавоб омода. Солҳои пеш барои ба даст овардани як маълумоти муқаррарӣ лозим меомад, ки одамон ба китобхона рафта, иттилооти заруриро дастрас намоянд, ки ҳамзамон дар рафти чунин ҷустуҷӯҳо бо чандин иттилои дигар вохӯрдаву маълумотҳои иловагӣ ҳосил мешуд. Ҳоло бошад, ин ҳамаро ба ҷои одамон телефонҳои ҳушманд анҷом медиҳанд. Ин ҷо метавон таҳсин ба ихтироъкорон гуфт. Маҳз онҳо роҳи муштариёнро хеле муназзаму ҳамвор намудаанд. Ба туфайли “хизмати хирсона”- и эшон акнун майнаи сари одамон коре накардаву ба қавле “дам мегирад”, чун барои як ишораи “смайл” ё “лайк” гузоштан онро ба кор андохтан умуман зарурат надорад.
РОБИТАҲОИ ИҶТИМОӢ КОҲИШ ЁФТААСТ
Тибқи хулосаи мутахассисон муомилаи зинда ва рӯ ба рӯ ба аксари системаҳои майнаи сар таъсир мегузорад. Агар муошират тавассути месенҷерҳо сурат гирад, пас барои ба кор даровардани системаҳои муҳими майнаи сар зарурате боқӣ намемонад ва дар натиҷа онҳо рӯ ба таназзул мениҳанд.
РОБОТҲО МОРО ИДОРА МЕКУНАНД
Даврае, ки иҷрои аксари корҳо на ба одамон, балки ба зиммаи роботҳо гузошта мешавад, набояд аз ёд бурд, ки ин ба одамон набояд таъсири манфӣ расонад, балки одамон бояд бештар кор кунанд, то аз доираи маъмулии тарзи ҳаёти солим берун намонанд. Дар миёнаи асри 20 як нафар марди коргар имкони таъмини пурраи худ, ҳамсараш, ки ҷое кор намекард ва аз чор то даҳ нафар фарзандашро дошт. Шоирону нависандагон ба бӯстонсаро ва хонаҳои беруназшаҳрии худ рафтаву барои эҷоди асарҳояшон аз мошинкаҳои чопкунӣ истифода мекарданд. Ин буд, ки кори вазнину хастакунанда ба майнаи сар бетаъсир намемонд. Ва одамон ба хулосае омаданд, ки бояд коре кард, ки хасташавии майнаи сар коҳиш дода шавад. Ин бошад, зарурати пайдоиши барномаҳои махсусро ба миён овард.
Инак, имрӯз барномаҳои зиёде рӯи кор омадааст, ки матнҳоро пурра тарҷумаву чоп мекунад ва ин ба майнаи сар имкон медиҳад, ки истироҳат кунад.
ОМӮХТАНИ ЗАБОНҲО ЗАРУР АСТ Ё НЕ?
Аксарият ба он андешаанд, ки зарурат надорад. – Чаро майнаи сарро азоб диҳем, модоме ки барномаҳои зиёди тарҷумаи матнҳо вуҷуд доранд? – мегӯянд онҳо. Нахустин тарҷумонҳои электронии кисагӣ солҳо қабл пайдо шуда буданд, аммо забонҳои нав майнаи сарро ба хубӣ пур мекунанд.
Бозиҳо низ тавассути компютерҳо, смартфонҳо сол то сол содатар мешаванд. Албатта, баъзан бозиҳои мураккаб низ ҳастанд, ки мундариҷа ва идоракунии душвортар доранд. Вале дар асл тафаккури мавҳум (абстракт) ба як малакаи нолозим табдил ёфта истодааст.
ҚАҲРАМОНҲОИ ЗАМОН КИҲОЯНД?
Хабару иттилоот дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мукотиботи нохонда… Ин ҳама ба майнаи сар вазнинӣ мекунад. Талқинкунӣ, мутолиа, таҷриба андӯхтан – барои инҳо фурсат намерасад. Одамон рӯз то рӯз дар худ нишонаҳои зуд хасташавиро кашф мекунанд.
Имрӯзҳо дигар заҳмати нафароне, ки бо меҳнати миёншикану заҳматҳои зиёд дар соҳае малака ҳосил намудаву муваффақ шудаанд, ташвиқ намешавад. Имрӯз қаҳрамонҳои замон нафаронеанд, ки дар Тик-Току Инстаграмм ва Ютуб назди камера озодона суҳбат мекунанду аудиторияи зиёдеро атрофи худ ҷамъ мекунанд. Вақте дар гирду атроф чунин роҳу усулҳои осону содаи муваффақ шудан вуҷуд дорад, пас майнаи сар низ намехоҳад солҳо худро азоб диҳад ва меравад пайи истеъмоли ҳамон доруи нодир – доруи хоб.
Мо дигар дастӣ навиштанро фаромӯш кардаем. Клавиатура ва тугмаҳои телефонҳои мобилӣ аллакай мавқеи худкору қаламро танг кардаанд. Истифодаи ин усулҳо ба кори майнаи сар таъсири мусбат расонида, бозӣ ҳам кори онро осон мекунад. Номаи дастӣ навишташуда бошад, ба якчанд қисматҳои алоҳидаи майнаи сар низ таъсир мерасонад.
КОРИ КАМҲАРАКАТ
Имрӯз аксари мо зиндагии камҳаракат ва ё коре дорем, ки муддатҳои тулонӣ нишаста анҷом медиҳем: дар ҷои кор назди компютер мешинем, дар хона аксар вақт мешинем ва ё мехобем ва дар натиҷа ин оварда мерасонад ба бемориҳои қалбу фишорбаландӣ, заифшавии мушакҳои бадан ва боз ҳам коҳишёбии фаъолияти майнаи сар. Ҳамзамон меъёри хоб вайрон мешаваду мо саргарми тамошои видеороликҳои сершумор ба ҷои 8 ё 9 соати муқаррарӣ ҳамаги 4 ё 5 соат дар як шабонарӯз мехобем. Илова ба ин, ранги кабуди равшани болои экранҳо ба биноӣ таъсири манфӣ мерасонад. Асабонияту ҳассосият ҳангоми тамошои иттилооти гуногун ва видеороликҳои кӯтоҳ зиёд шудаву хоби шабона халалдор мешавад ва ин зарбаи шадиде хоҳад буд ба фаъолияти муътадили тамоми узвҳои инсон.
ИТТИЛООТИ БАРЗИЁД
Мақоле ҳаст, ки “кам бидонӣ, бароҳаттар мехобӣ” ва ё “дониши барзиёд андуҳ меорад”. Ба таъкиди мутахассисон барои он ки майнаи сар хуб кор кунад, бояд як қолаби муайян ва аломатгузории дақиқ дошта бошад. Аммо вақте маълумотҳо аз ҳад зиёданду хеле нопурраву пароканда, майнаи сар хаста шудаву ба қавле “сари калобаашро гум мекунад”. Ин аст, ки вобастагии бевосита ба техника ва технологияи муосир пайдо мешавад. Ин шабоҳат дорад ба вобастагии одамон ба маводи нашъаовар, ки имрӯз дар аксар кишварҳои дунё ба ҳайси беморӣ пазируфта шудаву муолиҷа мешавад. Ва яқин аст, ки чунин вобастагӣ ва ё одат ба системаи асаби одамон бетаъсир намемонад.
Бознашр аз http://javonon.tj/