Кумитаи андоз 78 хизматрасонии давлатиро дар шакли электронӣ пешниҳод мекунад

Ахбороти технологияҳо Навид ТИК

Кумитаи андоз 78 хизматрасонии давлатиро дар шакли электронӣ пешниҳод мекунад

Беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, рақамикунонии соҳа ва ҳамкории судманд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ имкон дод, ки сарфи назар аз тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав пасттар гардидани меъёрҳои андозҳои алоҳида иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ дар ҷамъбасти соли 2022 ва чор моҳи аввали соли равон барзиёд таъмин карда шавад. Ин матлаб имрӯз зимни маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баён гардид.

Системаи андоз ва буҷет механизмҳое ба ҳисоб мераванд, ки тавассути онҳо ниёзмандиҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ҳал карда мешавад. Бинобар ин, фаъолияти мақомоти андоз, ки ба таъмин намудани қисми даромади буҷети давлатӣ нигаронида шудааст, аз нигоҳи давлатдорӣ бисёр муҳим ва моҳиятнок арзёбӣ мегардад.

Имрӯзҳо мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушд қарор дорад, ки онро метавон ҳамчун давраи гузашти пурра ба рақамикунонии фаъолияти соҳа изҳор намуд. Мақсад аз мавриди истифода қарор додани технологияҳои муосири иттилоотӣ ва моҳияти он на танҳо дар сатҳи замонавӣ ташкил намудани бақайдгирии андозсупорандагон, баҳисобгирии манбаъҳои андозбандӣ, созмон додани махзанҳои маълумот, балки ҳаддалимкон сода намудани иҷрои уҳдадориҳои андозии андозсупорандагон, бештар ва беҳтар намудани шаклҳои хизматрасонӣ ва корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ  мебошад.

Кумитаи андоз 78 хизматрасонии давлатиро дар шакли электронӣ пешниҳод намудааст, ки аз онҳо андозсупорандагон ва шаҳрвандон самаранок истифода мебаранд. Бо истифода аз чунин хизматрасонӣ кормандони мақомоти андоз метавонанд вазифаҳои хизматӣ ва андозсупорандагон уҳдадории андозии худро шаффоф, фаврӣ, дақиқ ва бидуни сарфи зиёди вақт анҷом диҳанд.

Дар ҷаласа як зумра кормандони соҳа, ки ба нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардидаанд, бо нишони сарисинагии «Аълочии мақомоти андоз» ва Ифтихорномаи Кумитаи андоз сарфароз гардонида шуда, ба онҳо рутбаҳои ғайринавбатӣ ва навбатии тахассусӣ дода шуд.