Бег Сабур дар ҷаласаҳои Шӯрои роҳбарони мақомоти алоқа ва Шӯрои ҳамоҳангсозии ИДМ оид ба иттилоотонӣ ширкат намуд

Навид Хабарҳои Хадамот Хадамот

Бег Сабур дар ҷаласаҳои Шӯрои роҳбарони мақомоти алоқа ва Шӯрои ҳамоҳангсозии ИДМ оид ба иттилоотонӣ ширкат намуд

25 октябр дар шаҳри Самарқанд ҷаласаи муштараки 58-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти   минтақавӣ дар соҳаи алоқа (ИАМ) ва ҷаласаи 28-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба иттилоотонӣ дар назди ИАМ баргузор гардид. Дар чорабиниҳои мазкур ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Сабур иштирок намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ҷаласа таҳти роҳбарии Вазири рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи  Ҷумҳурии Узбекистон Шерзод Шерматов бо иштироки ҳайати аъзои комилҳуқуқи ИАМ — мақомоти  алоқаи Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Муғулистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон доир гардид.

Яке аз мавзӯҳои калидии ҷаласа- ин баррасии масъалаи самтҳои ояндадори рушди рақамӣ дар кишварҳои иштирокчии ИАМ ва масъалаҳои мубрами рушди соҳаи алоқа/ТИК дар сатҳи миллӣ буд.

Иштирокчиёни ҷаласа ҷараёни омодагии маъмурияти алоқаи ИАМ -ро ба Конфронси умумиҷаҳонии радиоалоқа ва Ассамблеяи радиоалоқа, ки соли 2023 доир мегардад, баррасӣ намуданд.

Дар ҷаласаи муштарак Вазири рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Узбекистон Шерзод Шерматов раиси Шӯрои роҳбарони мақомоти Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа интихоб гардид. Ёдовар мешавем, ки Россия беш аз 30 сол ин Шӯроро роҳбарӣ мекард.