TCELL бо мақсади тақвият бахшидани тавононии истгоҳҳои 4G шабакаи интиқолиро такмил месозад

Ахбороти технологияҳо Навид Хабарҳои Хадамот

TCELL бо мақсади тақвият бахшидани тавононии истгоҳҳои 4G шабакаи интиқолиро такмил месозад

Ширкати Tcell такмилсозии шабакаи интиқолиро бо мақсади баланд бардоштани қобилияти интиқоли истгоҳҳои базавӣ ва таъмини алоқаи боэътимоди муштариёнаш фаъолона идома медиҳад.

Дар доираи ин раванд аллакай 173 истгоҳи базавӣ бомуваффақият таҷдид карда шуд, ки пас аз ҷорӣ намудани стандарти 4G тавоноии шабакаро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш дод ва самаранокии онро таъмин намуд.

Корҳои таҷдиду навсозӣ дар ноҳияҳои Рашт, Файзобод, Роғун, Норак, Турсунзода низ анҷом дода шуданд, то хизматрасонии боз ҳам устувор ва босифат ба муштариён таъмин карда шавад.

Шабакаи интиқолӣ унсури муҳими инфрасохтор мебошад, ки интиқоли маълумотро байни истгоҳҳои базавӣ ва иншооти марказӣ таъмин мекунад.

Такмилсозии хатҳои радиорелеӣ дар 173 истгоҳи базавӣ ба ширкат имкон дод, ки қобилияти шабака ва эътимоднокии интиқоли маълумотро ба таври назаррас беҳтар созад.

“Мо саъю кӯшиш менамоем, ки кори пурсамари шабакаро таъмин намуда, суръат ва эътимоднокии иртиботро дар тамоми нуқтаҳои фарогирии худ кафолат диҳем”, – изҳор медорад Мустафо Донбалоғлу, директори техникии Tcell.