Ширкати Вавилон-Т нуктаҳои WiFi-и ройгонро дар шаҳри Душанбе таҳким бахшид

Ахбороти технологияҳо Навид Хабарҳои Хадамот

Ширкати Вавилон-Т нуктаҳои WiFi-и ройгонро дар шаҳри Душанбе таҳким бахшид

Ширкати «Вавилон-Т» дар айни замон дар 6 марказҳои сераҳолии шаҳри Душанбе Wi-Fi-и ройгон паҳн мекунад, ки сокинони пойтахт метавонанд, ҳам дар рӯзҳои ид ва ҳам дар рӯзҳои муқараррӣ аз он фаъолона истифода баранд. Нуқтаҳое, ки дар он Wi-Fi-и  «Вавилон-Т» ҷой карда шудаанд:

  1. Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе
  2. Боғи Нишони давлатӣ
  3. Гулгашти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
  4. Боғи Наврӯзгоҳ
  5. Маркази савдои Душанбе
  6. Боғи Парчами давлатӣ

Мо барои зиёд кардани шумораи нуқтаҳои паҳнкунӣ ва дастрасии ройгон ба шабакаи Wi-Fi фаъолона кор карда истодаем Ҳар як нуқта суръати баробари дастрасии интернетро ба ҳар як корбари инфиродӣ тақсим мекунад. Суръат дар саросари Душанбе 1 Мбит/с аст ва ҳамзамон то 100 корбар имкон дорад, ки ба шабакаи ройгони Wi-Fi аз «Вавилон-Т» пайваст шавад.