ТАЪРИХИ ТАҲИЯИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН: муҳокимаи он се моҳ давом ёфта, беш аз ҳазор таклиф пешниҳод гардид

Навид

ТАЪРИХИ ТАҲИЯИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН: муҳокимаи он се моҳ давом ёфта, беш аз ҳазор таклиф пешниҳод гардид

2 ноябр дар Суди Олӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи кормандони мақомоти судӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён дар оғоз иброз дошт, ки «агар ба таърихи 29 соли қабули Конститутсия назар афканем, давраҳои хеле вазнин ва мураккаби давлатдории миллии  мардуми Тоҷикистон пеши рӯ меоянд. Баъд аз соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ зарурати амалӣ намудани дигаргуниҳои сиёсиву иқтисодӣ ба миён омад. Зарур буд, ки ҷомеа ва давлат аз як низоми давлатдорӣ ба дигар сохти давлатдорӣ мегузашт ва дар ҳамон вақт ҳарчӣ зудтар таҳия ва қабул намудани Конститутсияи нав аз муҳимтарин масъалаҳои давлатдорӣ ба ҳисоб мерафт».

Мутаассифона, душманони миллати тоҷик тавонистанд аз рӯзҳои нахустини истиқлоли давлатӣ мухолифату муноқишаро байни миллат ҷорӣ намоянд, ки  оқибат ин мухолифат ба ҷанги даҳшатбори шаҳрвандӣ бурда расонд. Ҳол он ки мо имконияти таҳия ва қабул намудани Конститутсияи давлати соҳибистиқлолро доштем.


Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Комиссияи махсус барои таҳия намудани матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намуда буд. Лекин сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, пароканда шудани мардуми Тоҷикистон, нобасомониҳои ба миёномада имкон надод, ки сари вақт сохти давлатдорӣ дар сатҳи Конститутсия муқаррар шавад, тартиб ва ташкили фаъолияти мақомоти давлатӣ,  созмонҳои ҷамъиятӣ мушаххас гардад, мавқеи ҳуқуқии инсон ва шахс тибқи қонун муайян шавад ва ҳамин тавр дигар масъалаҳое, ки бояд дар сатҳи Конститутсия таҷассум меёфтанд, ҳалношуда ва нотамом боқӣ монданд.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки нақши Шурои Олӣ дар барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ, таъсис додани ҳукумати нав, қабул намудани қонунҳои таърихӣ, аз ҷумла рамзҳои давлатӣ дар Иҷлосияи таърихии сарнавиштсоз беназир аст.

Роҳбари тозаинтихоби давлати мустақили Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатномаи худ ба халқи Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1992 яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ба миён гузоштанд, ҳарчӣ тезтар таҳия ва қабул намудани Конститсия буд.

Бо иштироки ҳуқуқшиносони варзида ва таҳти роҳбарии Сарвари давлат комиссияи конститусионӣ фаъолият намуд, таҷрибаи дигар давлатҳоро омӯхт, аз байни ду лоиҳаи пешниҳодшуда лоиҳаи идоракунии президентии давлатро қабул намуд.


Матни лоиҳаи Конститутсия дар рӯзномаҳои ҳамондавра чоп ва барои муҳокима ба сокинони мамлакат пешниҳод шуд. Муҳокимаи лоиҳаи Контитутсия беш аз 3 моҳ идома ёфт ва зиёда аз ҳазор таклиф барои мукаммал намудани матни лоиҳаи Конститутсия пешниҳод гардид.

Сипас, 6 ноябри соли 1994 дар байни собиқ ҷумҳуриҳои шуравӣ нахустин шуда, маҳз дар Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия қабул гардид.

Дар идомаи ҳамоиш судяҳои Суди Олӣ дар мавзуъҳои  «Конститутсия-наҷотбахши миллат», «Нақши Конститутсия дар эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон», «Конститутсия ва нақши ҳокимияти судӣ дар низоми давлатдории муосир», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷзияи ҳокмияти давлатӣ» маъруза намуда, моҳият ва аҳамияти ин санади давлатдориро тафсир намуданд.

Акрам САНГЗОДА


Бознашр аз АМИТ   «Ховар»