Портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ созмон дода мешавад

Ахбороти технологияҳо Навид

Портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ созмон дода мешавад

23-юми июни соли ҷорӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло вобаста ба қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли 2023, №586 бо намояндагони васоити ахбори омма вохурӣ намуд.

Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, то ба тасвиб расидани Фармони мазкур аз ҷониби низоми бонкии кишвар як қатор тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, барои татбиқи самараноки он заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бо қабул шудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018, №565 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ташкилотҳои қарзии молиявӣ якҷо бо вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатӣ имкони пардохт намудани як қатор хизматрасониҳои давлатиро таъмин намудаанд.

Бо мақсади рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ технологияҳои муосири молиявии рақамиро, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, бонкдории мобилӣ, Интернет-бонкинг, пардохтҳо тавассути POS – терминал ва QR-рамзро татбиқ намуда истодаанд. Ҳамин тавр, ба санаи 31 майи соли 2023 аз ҷониби низоми бонкӣ дар маҷмуъ зиёда аз 5,7 млн. кортҳои пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шуданд, ки шумораи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 43 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, дар 5 моҳи соли ҷорӣ теъдоди умумии ҳамёнҳои электронӣ ба 7,7 млн. адад баробар гардида, дар муқоиса ба ҳамин санаи соли гузашта 63 фоиз афзоиш ёфт.

Барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ инфрасохтори қабули пардохтҳои ғайринақдии молу хизматрасониҳо дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ 4 152 адад POS – терминал ва 19 708 адад QR–рамз ташкил доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 шумораи POS – терминалҳо ба андозаи 9,2 фоиз ва QR–рамзҳо ба андозаи 34,5 фоиз зиёд мебошанд.

Айни замон, ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ бо истифода аз кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ 17,0 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  6,3 банди фоизӣ зиёд гардидааст.

Таҳлили вазъи низоми бонкӣ нишон медиҳад, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ тамоми инфрасохтори барномавию техникии заруриро барои татбиқи босамари Фармон дар ихтиёр дошта, дар сурати тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ омода ҳастанд қабули пардохти ғайринақдии хизматрасониҳои давлатиро тавассути замимабарномаҳои мобилӣ ва шабакаи терминалӣ ба роҳ монанд.

Гуфта шуд, ки мушкилии асосие, ки айни замон дар соҳа ҷой дорад, ин набудани портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ва заифии инфрасохтори зарурӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ мебошад. Ҳол он, ки ин муаммоҳо дар давлатҳои ҳамсоя солҳои қаблӣ ҳалли худро ёфтаанд.

Тибқи банди 5 Фармон чораҷӯӣ намудани ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ҷиҳати фаъол гардонидани портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Пеш аз ҳама дар Фармон ишора гардидааст, ки то 31 декабри соли 2023 портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ фаъол гардонида шавад ва мо боварӣ дорем, ки то муҳлати ишорашуда ин инфрасохтори муҳимме, ки шаффофияти амалиётҳои пардохти хиззматрасонии давлатиро таъмин менамояд, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои масъул созмон дода мешавад.

Дар охир таъкид шуд, вазорату идораҳое, ки хизматрасониҳои давлатиро ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ мерасонанд, дар якҷоягӣ бо низоми бонкии кишвар ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони мазкур ҳатман тамоми чораҳои заруриро андешанд.