Тамошои филмҳои дӯстдоштаи худ бо «Онлайн-Кинотеатр Иви» аз ZET-MOBILE лаззат баред!

Ахбороти технологияҳо Навид

Тамошои филмҳои дӯстдоштаи худ бо «Онлайн-Кинотеатр Иви» аз ZET-MOBILE лаззат баред!

ZET-MOBILE аз ворид намудани хизматрасонии нави уникалии  «Онлайн-Кинотеатр Иви” ба муштариёнаш хушхабар мерасонад. 

Акнун шумо метавонед аз тамошои шумораи номаҳдуди филмҳои баландсифати бадеӣ, сериал ва филмҳои тасвирии дӯстдоштаатон  бидуни реклама лаззат баред.
Бартарии дигари ин хизматрасонӣ дар он аст, ки барои тамошои филмҳои писандидаатон шумо аслан трафики интернетии худро сарф намекунед.

Яке аз хусусиятҳои калидии хизматрасонӣ дар он мебошад, ки филмҳо мувофиқи шавқу завқи муштарӣ пешкаш карда мешаванд. Система ба таври автоматӣ завқи ҳар як муштариро омӯхта, танҳо ҳамон филму сериалҳоеро пешкаш месозад, ки дақиқан ба шумо писанд меоянд. «Онлайн-Кинотеатр Иви» шуморо аз ҷустуҷӯйи беохир дар паҳнои интернет озод намуда, вақтатонро сарфа мекунад ва танҳо филмҳои ҷолиб ва актуалиро пешкашатон месозад.

Бартарии дигар дар он аст, ки «Онлайн-Кинотеатр Иви»-ро ба дилхоҳ дастгоҳ-смартфон, ноутбук, планшет ва ҳатто Смарт ТВ пайваст кардан мумкин аст. Дар як аккаунт шумо метавонед то 5  дастгоҳро васл намоед.

Барои бехатарӣ ва бароҳатӣ ба волидон созмон додани профили кӯдакона тавсия дода мешавад. Бо кӯмаки гузоштани пин-код дар танзимоти профил (настройки профиля ) шумо метавонед назорат баред, ки фарзандатон чиҳоро тамошо мекунад.

«Онлайн-Кинотеатр Иви» зиёда аз 20 000 филмҳои шавқовари тасвирӣ ва барномаҳои омӯзишро ба кӯдакону наврасон пешкаш карда, имкони хуби фароғат ва ғизоӣ маънавӣ гирифтанро барои насли наврас фароҳам меорад.

Системаи ҳушмади пешниҳодсозӣ синну соли кӯдакро ба назар гирифта, навор ва филму барномаҳои ба синну солаш мувофиқро пешниҳод мекунад. Таърихи тамошо сабт шуда, кӯдак метавонад дар дилхоҳ вақт тамошоро боз аз ҳамон нуқта аз дилхоҳ дастгоҳ идома диҳад.

Хизматрасонии мазкур аллакай дар шабакаи ZET-MOBILE дастрас мебошад. Барои пайвасташавӣ шумо бояд ин амалҳоро анҷом диҳед:
-Барои пайвасташавӣ дархости USSD-ро ба  *3399#  равон кунед, баъдан тариқи рақами абонентии худ ба сомонаи https://ivi.ru/ ва ё барномаи мобилии IVI (онро аз App Store ва Google Play заркашӣ карда метавонед) хизматрасониро пайваст намоед.
Арзиши хизматрасонӣ:
14 рӯзи аввал – 0 сомонӣ*
Аз рӯзи 15 -2 сомонӣ дар як рӯз
*-14 рӯз истифордаи ройгон танҳо бори аввал ба ин хизматрасони пайваст шудан, пешниҳод мегардад.
Пайвастшавӣ ҳамчунин тариқи кабинети шахсӣ дар заминаи мобилии «ZET-MOBILE» имконпазир аст.