Навид Хабарҳои Хадамот

Боздиди Сардори Хадамоти алоқа аз истгоҳҳои базавии алоқа дар Варзоб, Айнӣ ва Панҷакент

Дар идомаи боздиди Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз истгоҳҳои базавии алоқа дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мақсади шиносоӣ бо вазъи хадамоти алоқаи мобилӣ ва аз наздик огоҳ шудан бо мушкилоти ҷойдошта дар ин самт, ин навбат сардори Хадамоти алоқа аз шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ ва Панҷакент дидан намуд.

Дар рафти сафарӣ корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мазкур Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа бевосита аз чандин истгоҳи базавии алоқа дидан намуда, бо сокинони маҳаллӣ низ вохӯрӣ анҷом дод. Ин вохӯриҳо бо ҳузури намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва масъулини онҳо дар минтақаҳо сурат гирифта, сокинон арзу шикоятҳои худро мустақиман ба онҳо расониданд.
Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа бо огоҳ шудан аз ҳолати воқеӣ ва шунидани арзу шикоятҳои муштариён масъулини оператрони мобилиро муваззаф сохт, ки барои ҳарчӣ зудтар бартараф намудани норасоии мавҷи алоқаи мобилӣ тадбирҳои мушассах андешанд. Ҳамзамон дар суҳбат бо истиқоматкунандагони шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ ва Панҷакент иброз гардид, ки бо вуҷуди он ки шароити ҷуғрофии ин минтақаҳо барои пурра ва бо сифати баланд таъмини фарогирии алоқаи мобилӣ монеаҳои хоси худро дорад, аммо дар идомаи ислоҳоти соҳаи алоқа дар кишвар, фарогирии мавҷи алоқаи мобилӣ дар тамоми ҷамоату деҳаҳо дар фурсатҳои наздик таҳким ёфта, сатҳу сифати он беҳтар мешавад.

Дар зимн намояндагони ширкатҳои мобилӣ ба Сардори Хадамоти алоқа аз корҳои амалие, ки дар соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои мазкур анҷом доданд, ҳисобот дода, нақшаҳоро барои таҷдиду навсозии истигоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ дар ноҳияи Варзоб ва водии Зарафшон дар соли 2024 муаррифӣ намуданд.

Боиси таъкид аст, ки дар ҳошияи ин сафари корӣ дар минтақаҳои гуногуни ноҳияи Варзоб ва водии Зарафшон мониторинги сифати алоқаи мобилӣ гузаронида шуд. Санҷиши техникии сифат ва фарогии алоқаи мобилиро мутахассисони Хадамоти алоқа, КВД “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг” якҷо бо намояндагони операторони мобилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ ва Панҷакент анҷом доданд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа ҳамроҳ бо масъулини соҳа ба шаҳру ноҳияҳо гуногуни вилояти Хатлон ва НБМ сафар намуда, бо сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ шинос шуданд. Дар доираи Нақша-чорабиниҳо бо мақсади амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли равон ва супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 декабри соли 2023 сафарҳои кории масъулини сощаи алоқа ба дигар минтақаҳои кишвар идома хоҳад ёфт.