Табаддулот дар бозори алоқаи мобилӣ: он қадаре пардохт намо, ки мехоҳӣ. Тарофаи худро бо зиёда аз 900 намуди хизматрасониҳо бисоз
Бори нахуст сокинони Тоҷикистон имкон пайдо карданд, ки тарофаи худро тариқи танзимкунии ҳамаи параметрҳои он бо ёрии конструктор бисозанд. Ба Муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” зиёда аз 900 намудҳои тарофаи “Биё! Бисоз” дастрас мебошанд, ин барои бозори телекоммуникатсионии кишвар пешниҳоди нодир аст.
Истифодабарандаи тарофаи “Биё! Бисоз” имкон дорад, ки ҳар моҳ таркиби бастаи хизматрасониҳои худро тағйир диҳад: ҳаҷми трафики интернет, миқдори дақиқаҳо ва SMS-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд ё кам намояд, рӯйхати шабакаҳои бемаҳдуди иҷтимоиро барои худ тартиб дода, аз рӯи онҳо тахфиф бигирад. Вобаста ба ин нархи баста тағйир меёбад. Ҳамин тариқ, агар дар танзимот 3 Гб интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо интихоб карда шаванд, пардохти ҳармоҳаи абонентӣ 100 сомониро ташкил медиҳад. Агар трафик то 5 Гб зиёд карда шуда, ба рӯйхати манбаъҳои ройгон YouTube дохил карда шавад, нархи тарофа ба 115 сомонӣ баробар хоҳад шуд.
Нархи минималии тарофа – 50 сомонӣ. Ба бастаи мазкур 1 Гб, Viber, WhatsApp, MegaFon Life, Facebook messenger, Тelegram, IMO ва We Chat-и ройгон ва зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака дохил мешаванд.
Интихоби миқдори дақиқаҳои зарурӣ дар ҳоле зарур мешавад, ки агар муштарӣ ба рақамҳои операторони дигари алоқа занг заданӣ бошад. Даъватҳои овозӣ дар дохили шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” комилан бемаҳдуд буда, давомнокии онҳо ба арзиши бастаи хизматрасониҳо таъсире намерасонад.
Пайвасткунии тарофаи нодир бо се восита имконпазир аст. Воситаи қулайтарин – анҷомдиҳии ин амал тариқи қисми “Тарофаи ман”-и замимаи “МегаФон Life” ба шумор меравад. Баъди воридшавӣ ба ин қисм бояд банди “Дастрас” ва сипас тугмаи “Биё! Бисоз” пахш карда шавад. Ҳамин тавр ба муштарӣ дастрасӣ ба калкулятори тарофа кушода мешавад. Маҳз он ҷой метавон таркиби бастаро танзим намуда, арзиши онро дид.
Воситаи дуюм пайвасткунии тарофа дар портали bisoz.megafon.tj ба ҳисоб меравад, ин восита барои онҳое қулай аст, ки мехоҳанд мустақилона хизматрасониҳои алоқаро идора намоянд. Лекин агар ба муштарӣ ёрии мутахассис зарур бошад, ӯ метавонад ба идораи хизматрасонии муштариён ё онлайн-мушовир тавассути сомонаи оператор ва замимаи “МегаФон Life” муроҷиат намояд.
“Биё! Бисоз” дар бозори алоқа пешниҳоди бемисолу нодир аст. Бори аввал сухан оид ба ташкили тарофаи касбӣ меравад, ки танзимоти дақиқи онро метавон ҳармоҳа ба амал баровард. Калкулятори қулай имкон медиҳад, ки хизматрасониҳои алоқа бо ҳаҷми зарурӣ интихоб карда шуда, ҳамин тариқ нархи баста муайян карда шавад. Ин сатҳи нави озодии истифодабарандагон аст”, – мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.
Маълумоти муфассал дар бораи тарофаи “Биё! Бисоз” дар сомонаи ширкат.