МЕХАНИЗМҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Муқовимат ба коррупсия Навид ТИК

МЕХАНИЗМҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР


МЕХАНИЗМҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР  Коррупсия ё ришва зуҳуроти номатлуб фаҳмида мешаванд, ки ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Ин падидаи номатлуб дар ҷомеа оқибатҳои басо ногувор дошта, боиси аз байн рафтани обрӯву эҳтиром, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешрафти ҷомеа мегардад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон – нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад.
Ҳамзамон, коррупсия дар шароити имрӯза яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Бинобар ин, самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич дорад. Аз ин лиҳоз, шаҳрвандонро мебояд, ки дар ин самт фаъолияти софдилона ва хизмати шоиста ба халқу давлат намоянд.
Дар ҷаҳони муосир коррупсия яке аз масоили мураккабтарин буда, хусусияти умумибашариро соҳиб гардидааст. Он аз ҷумлаи таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ба амнияти сиёсию давлатии кишварҳо таҳдид намуда, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаро халалдор месозад. Дар шароити ҳозира  пайдо кардани мамлакатҳои орӣ аз амалҳои коррупсионӣ тақрибан ғайриимкон аст.
Ин муаммо воқеан кишварҳои мухталифи ҷаҳонро фаро гирифтааст. Солҳои тӯлони давлатдорон ва афроде аз миёни масъулин, ки садоқат ва адолат меҳвари фаъолияташон қарор гирифтааст, мунтазам дар роҳи мубориза бо ин падида талош менамоянд. Ташкилоту созмонҳо ва иттиҳодияҳои байналмилалии гуногуни зиёде ҳам таъсис дода шудаанд, ки ҳадафи асосии фаъолияташон кам кардан ё аз байн бурдани муомилоти коррупсионӣ дар ҷомеа ҷаҳонӣ мебошад. Намояндагиҳои ин ниҳодҳо дар кишварҳои мухталиф мунтазам чораҳо меандешанд ва дар канори ҳукумату мақомоти ваколатдор дар самти мубориза бо коррупсия фаъолона мубориза мебаранд.
Масъалаи мубориза ва муқовимат бар зидди коррупсия ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст.
Бо ин мақсад, барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бурдан бо фаъолияти коррупсионӣ 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди коррупсия қабул шуда, рӯзи 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлат барои ҳамроҳшавии дигар давлатҳои ҷаҳон баргузор гардид. Ҳамин тариқ санаи 9 декабр ҳамчун «Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия» пазируфта шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид. Инчунин, бо мақсади муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зиддикоррупсионии давлат ва муборизаи бевосита бо коррупсия, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба раванди муқовимат ба он дар заминаи Конвенсияи зикршуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти ваколатдори давлатӣ – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Вазифаҳои асосии Агентиро пеш аз ҳама назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои сиёсати зиддикоррупсионии давлатӣ ташкил медиҳанд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои муборизаи қавитару шадидтар бо коррупсия чораҳои мушаххаси қонуниву ҳуқуқӣ андешиданро аз ҷумлаи муассиртарин роҳҳои мубориза бо ришва медонад.
Дар ин замина, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мубориза ва муқовимат бо коррупсия як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд. Масъалаи мубориза ва муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб сараввал бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 25 июли соли 2005, №100 мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор гирифта буд. Баъдан бо таъсисёбии Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 марти соли 2008, №374 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020, №1714 мубориза бар зидди коррупсия ҷоннок гардида, заминаҳои ташкилию ҳуқуқии он мустаҳкам карда шуд.
Дар баробари ин, қабул гардидани дигар санадҳои банақшагирии стратегӣ ба монанди «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» аз 26 январи соли 2008, №34; «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 30 августи соли 2013, №1504 ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 3 августи соли 2021, №222 ба муборизаи беамон ва коҳиш додани сатҳи болоравии коррупсия дар кишвар заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузоштанд.
Бояд тазаккур дод, ки мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомотҳои зиддикоррупсионӣ набуда, балки муборизаи дастаҷамъона мебошад. Аз ин рӯй, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки ҷиҳати мубориза бар зидди ин падидаи номатлуби рӯз дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор ҳиссаи сазовори худро гузоранд.
Ҳамин тавр, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, Воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд амалӣ карда шаванд.mmk.tj