ZET-MOBILE ва HUAWEI иштирокдорони Форуми байналмилалии “Душанбе-инвест 2023”-ро бо технологияи 5G ба ҳайрат оварданд

Ахбороти технологияҳо Навид Хабарҳои расмӣ

ZET-MOBILE ва HUAWEI иштирокдорони Форуми байналмилалии “Душанбе-инвест 2023”-ро бо технологияи 5G ба ҳайрат оварданд

Рӯзҳои 29-30-юми сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе нахустин форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе-инвест 2023” баргузор гардид. Дар «Кохи Истиқлол» гӯшаҳои истеҳсолкунандагони ватанӣ ба сармоягузорони эҳтимолии хориҷӣ пешкаш карда шуданд. Дар намоишгоҳ Тоҷикистон таҳаввулоти фанноварӣ ва дастовардҳоро дар бахшҳои энергетика, металлургия, маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ кард. ZET-MOBILE якҷоя бо Huawei имкониятҳои шабакаи 5G-ро намоиш доданд.

Тақрибан 800 нафар намояндаи зиёда аз 30 кишвар имкон доштанд, ки суръати 5G-ро аз ZET-MOBILE санҷанд, ки дар давоми он суръати баландтарини интиқоли маълумот дар 1,3 Гбит/с ба даст омад. Ин суръат дастрасии фавриро ба вебсайтҳо, ҷараёнҳои видеоӣ, бозиҳои онлайнӣ ва хизматрасониҳо бидуни таъхир ё таваққуф таъмин мекунад. Корбарони 5G метавонанд видеоҳои баландсифатро (4K ва 8K) бидуни таъхир тамошо кунанд, дар видеоконфронсҳо ва пахши онлайн ширкат кунанд. Файлҳои калон, навсозиҳои нармафзор ва мундариҷа хеле зуд зеркашӣ шуда, вақтро сарфа мекунанд ва маҳсулнокии онро беҳтар месозанд.

Бояд зикр намуд, ки дар ин ҳамоиш 80 ширкати бонуфузи Тоҷикистон маҳсулоти худро муаррифӣ карданд. Ҳадафи асосии чорабинӣ муаррифии шароиту имкониятҳо барои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ, ҷалби сармоя, тавсеаи ҳамкориҳои ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ ва мусоидат ба рушди тиҷорати рақамӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки ZET-MOBILE санҷиши хизматрасонии мукаммали 5G-ро дар соли 2021 анҷом дод. Алоқаи насли панҷум дар масири протоколӣ дар шаҳри Душанбе, дар маркази шаҳри Хуҷанд ва маркази шаҳри Бохтар дастрасанд.