Баргузории конференсияи илмӣ–амалӣ доир ба иқтисодиёти рақамӣ

Ахбороти технологияҳо Навид

Баргузории конференсияи илмӣ–амалӣ доир ба иқтисодиёти рақамӣ

«Иқтисодиёти рақамӣ — асоси ташаккули рушди саноатикунонии босуръати мамлакат»-таҳти ин унвон 29 апрел дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конференсияи илмӣ–амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус  Донишкадаи кӯҳию металлургӣ хабар додааст.

Иштирокдорони конференсияи илмӣ — амалӣ дар бораи муҳимияти иқтисодиёти рақамӣ сухан ронданд.

Инчунин доир ба ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самт ва истифодаи самараноки ин раванд дар саноат мубодилаи афкор доир карда шуд.