Савдои коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозори муташаккил тавассути низоми электронии ҶСК «Биржаи фондии Осиёи Марказӣ»

Навид

Савдои коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозори муташаккил тавассути низоми электронии ҶСК «Биржаи фондии Осиёи Марказӣ»

17 январи соли 2024 бо ташаббуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат санаи 28 декабри соли 2023 ироа гардида буд, нахустин савдои коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозори муташаккил тавассути низоми электронии ҶСК «Биржаи фондии Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.

​ Дар чорабинии мазкур бо суханони ифтитоҳӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Шенни Кемпбелл баромад намуданд.

Инчунин, дар чорабинӣ роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи кишвар ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки бори нахуст коғазҳои қиматноки давлатӣ бо шартҳои ҷолибнок бароварда мешаванд ва ин ба иштирокчиёни бозор имкон медиҳад, ки шарти сармоягузории барои худ мувофиқро интихоб намоянд.
Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки пардохтпазирии коғазҳои қиматноки давлатӣ ҳамчун фишанги молиявӣ, аз як тараф пасандозҳои аҳолиро аз таваррум муҳофизат намояд ва аз тарафи дигар ҷиҳати ба сармоягузорӣ табдил додани пасандозҳо, инчунин равона намудани онҳо барои рушди иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамояд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба ду бонки давлатии кишвар – КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ва КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» иҷозатномаи иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок дода шуд. Доштани чунин иҷозатнома ба бонкҳо имкон медиҳад, ки дар бозори коғазҳои қиматнок амалиёти брокерӣ ва дилерӣ анҷом диҳанд.