Платформаи рақамии сайёҳии «Tour.tj» муаррифӣ шуд

Ахбороти технологияҳо Навид

Платформаи рақамии сайёҳии «Tour.tj» муаррифӣ шуд

17 январи соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳои кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ширкатҳои сайёҳӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар доираҳои соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ Платформаи рақамии сайёҳии «Tour.tj» муаррифӣ гардидааст.

Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ширкатҳои сайёҳӣ, воситаҳои ахбори омма ва меҳмонон аз Русия, Беларус, Эрон ва Туркия иштирок намуданд.

Муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Зиёдулло Салимзода изҳор намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳӣ аҳамияти махсус зоҳир намуда, дар ин замина бо мақсади тавсеаи раванди рақамикунонии иқтисодиёт, аз ҷумла дар бахши сайёҳӣ, ҷалби сармоя, муаррифии захираҳои сайёҳии мамлакат ба хориҷиён тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида шудааст. «Дар ин раванд аз ҷониби ширкати «Tour.tj» Платформаи сайёҳӣ таҳия шудааст, ки он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Ҳамзамон ширкатҳои сайёҳии ватанӣ аз ин платформа истифода намуда, барои рушди соҳа бо ширкати «Tour.tj» ҳамкорӣ менамоянд, зеро ин яке аз масъалаҳои рӯз ва супориши Пешвои миллат вобаста ба суръат бахшидани раванди рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ буда, ба рушди имконияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин истифодаи хизматрасонӣ ва ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳӣ мусоидат менамояд»,- илова намуд Зиёдулло Салимзода.