ПРЕЗИДЕНТИ ИЛМПАРВАР. Пешвои миллат ташаккул додани тафаккури техникии аҳли ҷомеаро пайваста таъкид месозанд

Навид Ташаббусҳои Тоҷикистон

ПРЕЗИДЕНТИ ИЛМПАРВАР. Пешвои миллат ташаккул додани тафаккури техникии аҳли ҷомеаро пайваста таъкид месозанд

Фарзандони баруманду қаҳрамони халқи тоҷик дар давраҳои мушкилтарини таърих барои нигоҳ доштани миллат ва сарзамини хеш ҷоннисориҳои зиёд намудаанд. Дар асри Х Ҳаким Фирдавсии Тусӣ бо иншои «Шоҳнома»-и безаволаш рисолати фарзандии худро дар баланд бардоштани фарҳанги миллӣ ва зинда нигоҳ доштани забони модарӣ ба иҷро расонд. Исмоили Сомонӣ фарҳанг, тамаддуни давлатдорию шаҳрсозиро ба ҳадде мукаммалу муназзам сохт, ки тайи беш аз ҳазор соли ҳукмфармоии баъдии бегонагон ин низоми давлатдорӣ ва забони коргузории он, яъне забони тоҷикӣ қариб бетағйир боқӣ монд. Дар пайравӣ ба чунин шахсиятҳо дар марҳилаҳои ҳассосу тақдирсози миллати тоҷик бо аён будани солҳои 90-уми асри гузашта ин рисолати таърихии ниёгонро абармарди баору номус ва идомадиҳандаи ойини аҷдодӣ — Эмомалӣ Раҳмон ба даст гирифтанд. 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини ояндаи инсоният муносибати дурбинона доранд ва муайян гардидани 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент асосҳову падидаҳои ба худ хосро доро мебошад. Ибтидои ин рӯзи тақдирсоз дар ояндаи рушди Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатдориро оғоз намуд.

Мояи хушҳолист, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамеша зимни суханрониҳо изҳор менамоянд, ки имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад.

Аз ин ҷост, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид.

Ин беҳтарин иқдом дар таҳкими илмҳои дақиқ буда, доир ба дурнамои рушди илм, маориф, беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ байни ҷавонону наврасони ҷумҳурӣ, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ байни донишҷуёни болаёқат ва баланд намудани сатҳу сифати тарбияи кадрҳои илмӣ, хусусан барои илмҳои дақиқ, равона шудааст.

Бо ин мақсад роҳбарияти Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сиёсати созандаю бунёдкорона, андешаҳо ва ташаббусҳову ғамхориҳои Сарвари давлатро дастгирӣ намуда, барои пешрафти илми астрономия кӯшишҳои босамар менамояд.

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дарк менамоянд, ки Сарвари давлат, сарфи назар аз ҳамаи мушкилоту монеаҳои мавҷуда, тамоми захираву имкониятро ба беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ равона менамоянд. Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги он касро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.

Бо ҳамин мақсад дар пайравӣ ба Пешвои миллат мо умед дорем, ки бо неруи оқилонии равшанфикрон илми тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта, тараққиёти илм, техника ва технологияи муосирро боз ҳам неруманд гардонем.

Гулчеҳра Қоҳирова, Институти астрофизикаи

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  

Бознашр аз АМИТ “Ховар”