Насби кабели нахию нурии алоқаи барқӣ дар шоҳроҳҳои магистралии сохташаванда

Ахбороти технологияҳо Навид Хабарҳои Хадамот

Насби кабели нахию нурии алоқаи барқӣ дар шоҳроҳҳои магистралии сохташаванда

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти алоқа дар шоҳроҳҳои магистралии автомобилгарди сохташаванда  кабели нахию нурии алоқаи барқӣ насб мекунад.

Дар ин хусус байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тафоҳум ба оид ба насби кабели нахию нурии алоқаи барқӣ дар шоҳроҳҳои магистралии автомобилгарди сохташаванда ба даст омадааст.

Ин тафоҳум  имкон медиҳад, ки шоҳроҳҳои магистралӣ ва минтақаҳои дурдаст бо алоқаи барқӣ, аз ҷумла алоқаи мобилӣ таъмин гардад. Дар баробари ин, аҳамияти насби кабели нахию нурии алоқаи барқӣ дар ин гуна роҳҳо дар он зоҳир мегардад, ки дарҷаи эътимолнокии хатҳои алоқаи барқии магистралии байнишаҳрию байналмилалӣ боло бурда шавад.