Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи барқӣ”-ро ба имзо расониданд
Дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд, ки яке аз онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи барқӣ” буд.
Пас аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи барқӣ” дар нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон- “Ҷумҳурият” чоп хоҳад расид.
Ёдовар мешавем, ки санаи 19.04. 2023 дар парлумони мамлакат таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» тағйиру иловаҳо ворид гардида буд.
Лоиҳаи Қонун дар таҳрири нав бо мақсади фароҳам овардани заминаи муосири ҳуқуқӣ барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда, таъмини амнияти иттилоотӣ ва бо дарназардошти пешравию таҳаввулоти дар ин соҳа дар миқёси ҷаҳон бавуҷудомада сохтору мақомоти марбутаро вазифадор менамояд.
Лоиҳаи Қонун дар таҳрири нав бо мақсади бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста ба беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар қабул шудааст.
Бояд гуфт, ки аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани вазифаҳои вогузоршуда дар соҳаи алоқаи барқӣ, ситоди кории доимо амалкунанда иборат аз мутахассисон ва намояндагони Хадамоти алоқа, ширкатҳои алоқаи мобилӣ, интернет провайдерон таъсис дода шуданд.