Ҷамъбасти курси аз рӯйи барномаи “Татбиқи ҳукумати электронӣ ва тақвияти малакаҳои рақамии хизматчиёни давлатӣ”дар ВКМБ

Ахбороти технологияҳо Навид ТИК

Ҷамъбасти курси аз рӯйи барномаи “Татбиқи ҳукумати электронӣ ва тақвияти малакаҳои рақамии хизматчиёни давлатӣ”дар ВКМБ

Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон курси сайёри такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои ВМКБ аз рӯйи барномаи “Татбиқи ҳукумати электронӣ ва тақвияти малакаҳои рақамии хизматчиёни давлатӣ” ҷамъбаст гардид.
Дар ҷамъбасти курси мазкур сардори шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти ВМКБ Мискинов Ф., сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар ВМКБ Афзалшоева М., сармутахассиси Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Саломов С. ва мудири кафедраи фалсафа ва фанҳои гуманитарии Академия Ализода Б. иштирок намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки курси сайёри такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои ВМКБ аз рӯйи барномаи “Татбиқи ҳукумати электронӣ ва тақвияти малакаҳои рақамии хизматчиёни давлатӣ” аз 19 то 21 июни соли 2023 дар шаҳри Хоруғ идома намуд ва дар ҷараёни он шунавандагон бо талаботҳои гузариш ба Ҳукумати электронӣ ва усулҳои истифодаи он шинос карда шуданд.