Маълумотномаи пешакӣ оид ба фаъолияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2022

Навид Ҳисоботҳои Хадамот

Маълумотномаи пешакӣ

оид ба фаъолияти Хадамоти алоқаи назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2022.

 

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи барқӣ”,“Дар бораи алоқаи почта”, Низомнома “Дар бораи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 11 майи соли 2011, №252 тасдиқ гардидааст, фаъолият менамояд.

Мутобиқи нишондодҳои асосии иқтисодии корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерони хусусӣ бармеояд, ки дар ин давра аз рӯи ҳисоботҳои пешакӣ даромади умумии сохторҳои соҳаи алоқаи барқӣ ба маблағи 1 миллиарду 660 миллиону 508 ҳазору 723 сомонӣ расонида, нисбат ба   соли 2021, (1 миллиарду 480 миллиону 461 ҳазору 552 сомонӣ), 112,2 фоиз шудааст.

Ҳаҷми хизматрасонии алоқаи барқӣ ба аҳолӣ (пешакӣ) 1 миллиарду 292 миллиону 648 ҳазору 807 сомониро ташкил намуд, ки нисбати соли 2021 (1 миллиарду 131 миллиону 826 ҳазору 635 сомонӣ) 114,2 фоиз  мебошад.

Миқдори муштариёни имтиёздор дар шабакаи телефонии ҶСК “Тоҷиктелеком”, иштирокчиёни ҷанги бузурги ватанӣ  ва ба онҳо баробаршуда, маъюбони гуруҳи 1 ва 2 – 7552 нафар мебошанд. Хизматрасонии алоқаи барқӣ дар ин давра ба шахсони имтиёздор маблағи 240,1 ҳазор сомониро ташкил дод, ки он аз тарафи буҷети давлат  240,1 ҳазор сомонӣ пардохт карда мешавад.

Шумораи кормандони корхонаҳои системаи Хадамоти алоқа 2429 нафарро дар бар гирифта, музди меҳнати миёнаи онҳо бо имтиёзҳояш 945 сомониро ташкил менамоянд.

Танзим ва назорат дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ.

То ин давра субъектҳои хоҷагидоре, ки барои хизматрасонӣ  дар  соҳаи алоқаи барқӣ иҷозатнома доранд, 94 ададро ташкил намуда бо 145 адад намуди иҷозатномаҳои хизматҳои алоқаи барқӣ фаъолият менамоянд.

Комиссияи иҷозатномадиҳии Хадамоти алоқа 3 ҷаласа гузаронид, ки ба  шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ 2 адад иҷозатномаҳои нав дода шуд  ва  3 адади онҳо бошад тамдид гардид. Бо мақсади гирифтани Иҷозатномаҳо, 5 адад аризаҳои довталабонро  дида баромада, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Барои додани иҷозатномаҳои нав ва дароз намудани мӯҳлати амалӣ  иҷозатномаҳо, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», ба буҷети давлатӣ 3200 сомонӣ ворид гардид.

Дар нимсолаи аввали соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 473 адад ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ оиди насби истгоҳҳои базавии ширкатҳои алоқаи мобилӣ дода шуданд.             Барои баррасии аризаҳо, додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва истифодабарии радиобасомадҳо тибқи талаботи муқарраршуда ба маблағи  269063,07 сомонӣ ба буҷети давлатӣ пардохт карда шудааст.

Ҳамчунин дар нимсолаи аввали соли 2022, 25 адад сертификатсияи мутобиқати воситаҳои алоқаи барқӣ ба шахсони ҳуқуқи ва воқеъӣ дода шуда ва ба маблағи 4800  сомонӣ  ба буҷети давлатӣ ворид гардидааст.

Тибқи талаботи банди 28 боби 58 Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» барои  додани иҷозатномаҳо аз ҳисоби даромади иҷозатномадор хироҷи 2,5 фоиза ба буҷети давлатӣ ситонида мешавад.

Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ даромади иҷозатномадорон дар соҳаи алоқаи барқӣ дар нимсолаи аввали соли 2022,  маблағи  1 миллиарду 148 миллиону 357 ҳазору 447 сомониро ташкил намуда, хироҷи зикршуда ба маблағи 28 миллиону 708 ҳазору 936 сомониро ташкил менамояд.

Дар ин давраи ҳисоботи пешакӣ ба маблағи  10,0 миллион сомонӣ аз ҳисоби рақамҳои алоқаи барқӣ ба операторон ва истифодабарандагони хизмати алоқаи барқӣ ба буҷети давлатӣ ворид карда шуд.

Дар нимсолаи аввали соли 2022 аз тарафи Раёсати назорат ҳамагӣ ду санҷиши нақшавии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур гузаронида шуд.

Мутобиқи санҷишҳо аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ гузаронидашуда, барои риоя накардани талаботҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ки аз 30 апрели соли 2016, №207-7 тасдиқ карда шудааст, 15 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки ба Хадамоти алоқа ворид гардидааст, баррасӣ карда шуд, аз ҷумла: 3 парванда – аз тарафи   Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, 12 парванда аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  прокуратураҳои ноҳияҳои Ҷумҳурӣ .

Ҳангоми баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар маҷмуъ нисбати 14 шахсони воқеӣ ҷаримаи маъмурӣ бо моддаҳои 350, 3501 ва 351-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ҷаримаи маъмурӣ дар маҷмуъ ба маблағи 18304 (ҳаждаҳ ҳазору сесаду чор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда, аз он 5504 (панҷох панҷ ҳазору чор) сомонӣ ба буҷети давлат пардохт карда шуд.

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7», ки аз 14 феврали соли 2020, №103 тасдиқ гардидааст, то 15 феврали соли 2022 тамдид карда шуда, корҳои санҷиши хариду фурӯши симкортҳо, пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқӣ ва баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар доираи қарори мазкур гузаронида мешаванд.

Дар ин давра дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии симкортҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ – 7 миллиону 943 ҳазору 309 ададро ташкил медиҳанд, аз он ҷумла 5 миллиону 460 ҳазору 504 ададашон муштариёни фаъол мебошанд.

Бо мақсади дар сатҳи дахлдор ва муқарраршуда иҷро намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №103,  аз 14 феврали соли 2020 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №207-7, аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо операторони алоқаи мобилӣ то ба имрӯз чорабиниҳои азнавбақайдгирии симкортҳои алоқаи мобилиро бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 дар ҳаҷми 5 миллиону 842 ҳазору 658 симкорт  ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондоди азнавбақайдгирӣ дар моҳи июни соли ҷорӣ 90017 адад симкортҳоро дар бар мегирад.

Айни замон истифодабарандагони алоқаи мобилӣ, ки то ҳол симкортҳояшон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 дар фаъолият мебошанд ва тибқи Тартиби мазкур азнавбақайдгириро нагузаштаанд – 2 миллиону 086 ҳазору 671 рақамро (аз ин фаъол 1402311 рақам) ташкил медиҳанд.

Шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодаба-рандагони  интернети мобилӣ ва собит 4,2 млн. нафарро дар бар гирифтааст.

Аз тарафи бахши ҳуқуқи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» ба тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) ва иҷрои Нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом”, ки аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2019 тасдиқ шудааст, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» таҳия гардида ба вазорату идораҳо барои таклифу эродҳо пешниҳод гардид.

Ҳамзамон тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 18 майи соли 2022, №35/10-56 таҳрири нави лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи барқӣ”-ро таҳия намуда барои мувофиқа бо варзорату идораҳои дахлдор пешниҳод намуд, ки дар арафаи анҷомёби қарор дошта дар рузҳои наздик баъди ба имзо расонидани лоиҳаи Қонуни мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

 

Фаъолияти кории ҶСК «Тоҷиктелеком».

 

Дар нимсолаи аввали соли 2022 ҳаҷми умумии даромади хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ  аз тарафи ҶСК «Тоҷиктелеком» ба маблағи 82540,7 ҳазор сомонӣ хизмат расонида шуда, ки иҷрои нақшаи пешбинишуда (82237,8 ҳазор сомонӣ), ба 100,4%  рост мебошад.

Ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта (80933,0 ҳазор сомонӣ) дар ҳаҷми 1,9% , ё ки ба маблағи 1607,7 ҳазор сомонӣ  зиёд  шудааст.

Хизматрасонии алоқа ба аҳолӣ дар шаш моҳи аввали соли 2022 ба маблағи 9037,2 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин 10,9%-и ҳаҷми умумии даромадро дар бар мегирад. Ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта (7857,3 ҳазор сомонӣ) бо маблағи 1179,9 ҳазор сомонӣ, ё дар ҳаҷми 15,0 %  зиёд шудааст.

Даромади алоқаи телефонии байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ 32303,6 ҳазор сомонӣ буда, 39,13 %-ро ташкил менамояд.

Даромади алоқаи телефонии шаҳрӣ 4931,4 ҳазор сомонӣ  буда, 6,0 %-ро ташкил менамояд.

Ба алоқаи телефонии деҳотӣ   –     151,6 ҳазор сомонӣ,                0,18%

Ба алоқаи телеграфӣ –                     148,1 ҳазор сомонӣ,                0,17%

Ба алоқаи радиошунавонӣ –            39,9 ҳазор сомонӣ,                  0,05%

Даромадҳои ғайра   –                        556,7 ҳазор сомонӣ,                0,67%

Дар нимсолаи аввали соли 2022 ғунҷоиши васлшуда ҳамагӣ 411158 рақам ва шумораи истгоҳҳои рақамӣ ҳамагӣ 157 ададро ташкил медиҳанд.

Шумораи афзоиши телефонҳои асосӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 ба 621 адад зиёд гардид, аз он ҷумла 613 адад дар шабакаи шаҳрӣ зиёд гардид ва 8 адад бошад дар шабакаи деҳот зиёд гардид.

Шумораи телефонҳои барқароршуда бошад, дар шаш моҳи аввали соли 2022 ба 305 рақам расонида шуд.

Шумораи умумии муштариёни ҶСК “Тоҷиктелеком” дар ҷумҳурӣ ба ҳолатӣ 01.07.2022 сол 274821 рақамро ташкил медиҳад.

Дар нимсолаи аввали соли 2022 ба ҳисоби миёна телефонҳои фаъол 39671 рақамро ташкил мекунанд, ки ин нишондод 14,4%-и шумораи умумии муштариён (274821 рақам) – ро ташкил медиҳад.

Дар ин давра чунин корҳои таъмирӣ дар шабакаи телефонии шаҳрӣ ва деҳотии филиалҳо, минтақаҳо ва қитъаҳои техникии ҶСК “Тоҷиктелеком” гузаронида шуд:

Таъмири хатҳои ҳавоӣ 36,5 км.
Таъмири кабелҳо 17,1 км.
Ивази кабелҳо 12,9 км.
Таъмири симҳо (проводов) 30,2км.
Ивази симҳо 35,7 км.
Мустаҳкамкунии симчӯбҳо 80 дона.
Шинондани симчӯбҳо 0 дона.
Ивази симчӯбҳо 0 дона.
Таъмири хати қубурҳои телефонӣ 19,3 км.
Таъмири ҷевони тақсимотӣ

Таъмири  қуттиҳои  тақсимкунанда

Таъмир ва тоза кардани чоҳҳо

50 дона.

0 дона.

5 дона.

Дар шабакаи нақлиётии алоқаи нахи нурӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2022 ҷиҳати барқарор кардани хатҳои алоқаи байнишаҳрӣ ҳамагӣ 2,69 км. кабели нахӣ-нурӣ иваз карда ва 124 адад бастаки нахӣ-нурӣ васл карда шудааст. Миқдори корношоями (поврежденый) хатҳои алоқа 98 ададро ташкил медиҳад.

Барои рушди Шабакаи ҷумҳуриявии таҳвили маълумот як қатор корҳои  зерин дар шашмоҳаи аввали соли 2022 ба анҷом расонида шуд:

– пайваст намудани муштариён бо хати алоҳида (“ADSL-технология”) – дар сатҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– гузоштан ва ба истифода додани таҷҳизотҳо ва коммутаторҳо барои пайвасти муштариён тариқи хати нахи нурӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ.

– гузоштан ва ба истифода додани таҷҳизотҳо ва коммутаторҳои Swich D-link, DES, lES, ALС ва ААМ оиди баланд бардоштани сифати Интернет дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ.

– ташкил намудани шабакаи хонагӣ дар вилояти Хатлон (дар ш.Бохтар, ш.Кулоб, ш.Норак), НТМ (дар ноҳияи Рудакӣ, ш.Ваҳдат, ш.Турсунзода), дар ВМКБ (ш.Хорӯғ) ва дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе тариқи хати нурӣ пайваст карда шудааст.

– гузоштан ва ба истифода додани як адади таҷҳизоти барқдиҳанда ИБП Инвертор дар ИТХ – 233, ИТХ – 235/236 шаҳри Душанбе барои бо барқи доимӣ таъмин намудани таҳҳизотҳои Шабакаи Ҷумҳуриявии Таҳвили Маълумот.

– гузаронидани чорабиниҳои ғайринавбатӣ Ҷаласаи ОДКБ тариқи маҷозӣ (онлайн) бо иштироки Президенти Ҷумҳурӣ дар бинои “Қасри миллат”.

– гузаронидани чорабинонии сиёсӣ тариқи маҷозӣ “Саммит бахшида ба 30 -солагии ҳамкории давлатҳои Осиёи марказӣ ва Ҳиндустон” дар Қасри миллат.

– гузаронидани чорабинонии сиёсӣ тариқи маҷозӣ “Саммит бахшида ба 30 – солагии ҳамкории давлатҳои Осиёи марказӣ ва Хитой” дар Қасри миллат.

– бардоштани канали баландсуръати воридотӣ дар ҳаҷми 100G аз ширкати Ростелеком барои таъминоти Интернет ба ширкатҳои мобилӣ ва правайдерҳо.

– гузаронидани чорабинии сиёсӣ, таъмин намудани канали баландсуръати Интернет барои Хадамоти Хадамоти матбуоти Президент дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар рафти сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд.

– гузаронидани чорабинии сиёсӣ, баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба муносибати ҷашни Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

– бардоштани канали баландсуръати Интернет дар ҳаҷми 40G  аз ширкати Вимпелком (Веон) Федератсияи Россия.

– гузаронидани чорабинии сиёсӣ, сафари расмии Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федератсияи Россия муҳтарам В.И.Матвиенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

– гузаронидани чорабинии сиёсӣ баргузории “Форуми раисони шаҳрҳои Осиё бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе дар Китобхонаи миллӣ”.

– гузаронидани чорабинии сиёсӣ “Ҷаласаи бисту дуюми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” оиди сармоягузорӣ дар МД “Маҷмаъи меҳмонхонаи ДИП Ҷумҳурии Тоҷикистон” бинои 8.

– гузаронидани чорабинии сиёсӣ, таъминоти Интернети баландсуръат барои Хадамоти матбуоти Президент дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ноҳияи Левакант ва ноҳияи Кушониён вилояти Хатлон дар рафти сафари кории Президенти Ҷумҳурӣ ба вилояти Хатлон.

– гузаронидани чорабинии сиёсӣ, таъминоти Интернети баландсуръат барои  меҳмонони Видеомарафон дар осоишгоҳи Шоҳамбарӣ бахшида ба ҷашни иди Наврузи байналмилалӣ.

– баровардани канали баландсуръати эҳтиётӣ дар ҳаҷми 10G ба самти Душанбе – Хуҷанд.

– омода намудани  маркази матбуот дар бинои “Қасри Миллат” барои қабули меҳмонони Олимақом Президенти Федератсияи Россия Владимр Путин.

– гузаронидани чорабинии сиёсӣ чорумин Муколамаи амнияти минтақавӣ оид ба Афғонистон дар МД “Маҷмаи меҳмонхонаи ДИП ҶТ” бинои рақами 8.

– гузаронидани чорабинии сиёсӣ, Конфронси байналмиллали оид ба Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушду устувор солҳои 2018-2028” дар МД        “Кохи Сомон”.

– гузаронидани чорабинии сиёсӣ Форуми “Зан ва об” дар маҷмаъи давлатии “Кохи Вахдат”.

– гузаронидани корҳои профилактикӣ дар ИТХ-ҳои шаҳри Душанбе ва дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои пешгирӣ намудани садамаҳои техникӣ.

– гузаронидани корҳои профилактикӣ ва азнавсозӣ дар базаи маълумотҳо (Биллинг) барои бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта.

Афзоиши истифодабарандагон дар шашмоҳаи аввали соли 2022, 1227 нафарро ташкил медиҳад, аз он ҷумла аз хизматрасониҳои:

– хати нурӣ                                                      – 580 адад

– ғ  – интернет ADSL (ҳати алоҳида) – 606 нафар
– домен – 33 адад
-VPN канал

– почтаи электронӣ

– хостинг

– 0 канал

– 0 адад

– 8 адад

Шумораи истифодабарандагони Интернет нисбати аввали сол (25544 нафар) 1227 адад зиёд гардида ва ҳамагӣ ба ҳолати 01.07.2022 сол, 26771 нафарро ташкил медиҳанд.

Барқарорсозии шабакаи Ҳукумати электронӣ дар байни вазорату идораҳои давлатӣ идома дошта 50 вазорату идораҳои ба шабакаи мазкур пайваст карда шуда, барои  роҳандозии сегменти якум, яъне байни Шӯъбаҳои умумии вазорату идораҳо ташкил намудани мубодилаи электронӣ чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст.

Соҳаи алоқаи почта.

 

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷик» дар бобати иҷрои нақшаҳои муайян гардида ва баланд бардоштани дараҷаи хизматрасони дар соҳаи алоқаи почта дар   нимсолаи аввали соли 2022 ба натиҷаҳои зерин ноил гардид. Айни ҳол дар сохтори КВД “Почтаи Тоҷик” 4 муассисаи вилоятӣ, 60 марказҳои алоқаи почтаи шаҳриву ноҳиявӣ, 470 шӯъбаҳои алоқаи шаҳриву деҳотӣ фаъолият доранд.

Аз натиҷаҳои фаъолияти иқтисодӣ ва молиявии КВД «Почтаи Тоҷик» дар нимсолаи аввали соли 2022 даромади  умумии соҳа ба андозаи  4 миллион  341 ҳазор 678 сомонӣ  хизмат расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021-ум ба 146058 сомонӣ  зиёд шуд.

Ҳаҷми муросилоти почта ҳамагӣ 456 тонна 428 кг.-ро дар бар мегирад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021, 624 кг. зиёд буда, 101%-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми муросилоти воридотӣ 48 тонна 312 кг. ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021  365 кг. зиёд шуда, 101%-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми муросилоти содиротӣ дар нимсолаи  аввали соли 2022, 12 тонна 620 кг.-ро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021 182 кг. зиёд шуда, 101,0%-ро ташкил медиҳад.

Обунашавӣ ба 01.07.2022 сол 478 ҳазору 246 нусхаро ташкил медиҳад, нисбат ба соли 2021-ум 652 нусха зиёд буда 101%-ро ташкил медиҳад.

Дастраснамоии  муросилоти почта ва матбуоти даврӣ дар шаҳри Душанбе  дар 1 ҳафта 5 маротиба, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар як ҳафта 3-4 маротиба ба роҳ монда шудааст. Дар ин давра ба мизоҷон 12 млн 240 ҳазору 284 адад рӯзномаю маҷаллаҳо дастрас карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 16850 адад зиёд буда, 101% мебошад.

КВД “Почтаи Тоҷик” бо 12 давлатҳои дуру наздик шартномаи ҳамкорӣ оиди  интиқоли маблағҳои  ирсолпулиҳо ба имзо расонидааст.

Қабули ирсолпулиҳои дохили ҷумҳуриявӣ дар нимсолаи аввали соли 2022-ум 8126 адад буда, маблағи он 1 млн. 984 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад, ки  даромади он 119058 сомонӣ мебошад.

Бо давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) 83 адад ирсолпулиҳо содир гардид, ки маблағи он 76528 сомонӣ аст. Пардохти ирсолпулиҳо ба мизоҷон ба андозаи 83 адад буда, 76528 сомонӣ маблағҳо пардохт карда шудааст. Даромади он 6412 сомониро ташкил медиҳад.

Тариқи почтаи фаврии “ЕМS” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2022 – 2114 адад муросилоти почтаи фаврӣ ворид шуда ба соҳибонашон дастрас карда шудааст, ҳамчунин муросилоти содироти 1432 ададро ташкил медиҳад.

Дар нимсолаи аввали соли 2022 аз тарафи Хадамоти давлатии фелдъегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиши умумии муросилот  39 ҳазору 185 равон ташкил дод, аз ҷумла 514 бастаю равонак, 1903 лифофаи фаврӣ, ки ҳамаи онҳо сари вақт ва бе камбуди ба суроғаҳояшон расиданд.

Фаъолияти  Хадамоти давлатии фелдъегерӣ аз рӯи иҷро намудани:

5 хатсайри шаҳрӣ, ки хизматрасониро ба зиёда аз 100 воҳиди мақомотро дар бар мегирад;

Хатсайри хизматрасонӣ ба сафоратхонаҳои хориҷӣ;

Хатсайри хизматрасонӣ ба базаи ҳарбӣ ва қисмҳои ҳарбии гуруҳи сарҳадии ФСБ Федератсияи  Россия дар Тоҷикистон;

Хатсайри хизматрасонӣ Хуҷанд – Душанбе – Хуҷанд;

Хатсайри байнидавлатии Душанбе – Москва – Душанбе амалӣ мегардад.

 

КВД «Маркази Марка» дар нимсолаи аввали соли 2022 корҳои зеринро анҷом дод:

Дар нимсолаи аваали соли 2022 тибқи фаъолияти корхона нишонаҳои алоқаи почта нишонаҳои бадеӣ ба миқдори 17000 варақи хурд аз чоп баровард:

-“Шапалакҳо” иборат аз 3 нишона шумораи нашр 5000 варақаи хурд.

– “Соли паланг” иборат аз 4 нишона шумораи нашр 2400 варақаи хурд.

Дар  шаш моҳи аввали соли ҷори ба муомилот 3 силсилаи нишонаҳои алоқаи почтаро бо теъдоди 5000 варақа чоп ва ба муомилот бароварда шудаанд. Нишонаҳои мазкур мутобиқи нақшаи мавзӯи тематики аз нашр бароварда шудаанд.

Дар шашмоҳаи аввали соли 2022  35 ҳазору 750  адад нишонаҳои алоқаи почта фурӯхта шуд:

– ба муассисаҳои алоқаи почта 30 ҳазору 750 адад силсила –ба маблағи 69 ҳазору 72 сомони аз рӯи арзиши аслӣ.

– ба филателистон 5000 силсила ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ аз рӯи нархи наминали фурӯхта шудааст.

 

 

Корхонаи воҳиди давлатии «ММЭМР».

 

Мутобиқи ҳисобгириҳо дар ҷумҳурӣ 212 истифодабарандаи воситаҳои радиоэлектронӣ (ВРЭ) ба ҳисоб гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли  2020 100% ё ин, ки баробар мебошад. Аз миқдори умумии истифодабарандагони  ВРЭ 162 адад ба шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 34 адад ба вилояти Суғд, 11 адад ба вилояти Хатлон ва 5 адад ба ВМКБ рост меояд.

Миқдори  умумии  ВРЭ  28213 ададро  ташкил  медиҳад,  ки нисбати ҳамин давраи соли 2021   102 % ё  ин,  ки 585 адад зиёд мебошад. Аз  шумораи умумии ВРЭ-и мавҷуда ба шаҳри  Душанбе  дар  ҳамҷоягӣ бо НТҶ 11000 адад,  вилояти Суғд 8100 адад, вилояти Хатлон 7360 адад ва ВМКБ 1753  адад рост меояд.

Дар нимсолаи аввали соли равон 766 адад  ВРЭ аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст. Инчунин 1 адад истгоҳҳои воситаҳои радиоэлектронӣ аз ҳисоб бароварда шудааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2022 назорати радиотехникии истгоҳҳи базавӣ ва хатҳои радиорелейи операторони мобилӣ корҳои радиомониторинги эфирӣ ва ченкунии мавҷҳо дар кишвар гузаронида шуд.

 

Аз он ҷумла:

Ширкатҳо: СБ ХРР Wimax WiFi СРЗ РА

(мук-мк)

ТВ РВ
ҶСП «Вавилон-М» 1196 916 32
ҶДММ «Таком» 1052 882
ҶСП «ТТ-Мобайл» 2168 1720 2 40
ҶДММ «Вавилон-Т» 0 34 56       164
Истифодабарандаи ВРЭ     0 0     0 0 20 157 12 14
Ҷамъ: 4416 3552 56 198 60 157 12      14

 

Дар соҳаи  алоқаи барқӣ чунин мушкилиҳо ҷой доранд:

 

Мушкилиҳои асосӣ дар соҳаи алоқа мавриди ташкил намудани шабакаҳои  алоқа, гузаронидани хатҳои нахи нурӣ ва насби дигар таҷҳизотҳои телекоммуникатсионӣ – ин душворгузар будани релефи ҷуғрофии ҷумҳуриямон мебошад, ки барои ба амал баровардани лоиҳаҳо маблағгузории зиёдро талаб менамояд.

 

Нақшаву чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022:

 

  1. КВД «Почтаи Тоҷик» дар самти беҳбуди бахшидани хизматрасонии почтаи фаврӣ тадбирҳои иловагӣ андешида истодааст. Айни ҳол барои ба самтҳои гуногун фиристодани муросилоти почта гуфтушунидҳо бо ҳамкорон аз Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия, Арабистони Саудӣ идома доранд.
  2. Бозсози ва таъмири тамоми шоҳроҳҳои алоқаи магистралии нахи нурӣ.
  3. Иваз намудани ҷевонҳои тақсимоти аналогии ба ҷевонҳои рақамӣ.
  4. Афзоиши ғунҷоиши коммутаторҳои дастрасӣ ба шабакаи интернет.
  5. Афзоиши ғунҷоиши каналҳои берунаи байналмиллалии дастрасӣ ба шабакаи интернет.
  6. Рушди инфрасохтори зарурӣ барои амалисозии лоиҳаи “Ҳукумати Электронӣ”.

Вазъи хизматрасонии алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатбахш буда, барои дар мавзеҳои дурдаст дастрас намудани алоқаи барқӣ тамоми кӯшишу ғайрат равона карда мешавад.

 

 

 

Сардор                                                         Бег Сабур