«Нобаробарии рақамӣ» дар гузашта мемонад
Наздики 130 истгоҳҳои базавӣ шабакаи 4G-и аввалин оператори имкониятҳои нави рақамиро дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ пурра намуданд. Мақсади модернизатсияи васеъмиқёс – 100% фарогирии маҳалҳои аҳолинишини минтақа бо интернети баландсуръати мобилӣ мебошад.
Таҷҳизоте, ки аз ҷониби муҳандисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» насб шудааст, имкон медиҳад, ки пойгоҳҳои базавии наслҳои қаблӣ ба суръати таҳвили маълумот дар 4G ноил шаванд. Ҳамин тариқ, пас аз навгардонии шабакаи 3G интернети мобилӣ қариб даҳ маротиба тезтар мешавад. Ҳамзамон, пойгоҳҳои 4G, аз ҷумла пойгоҳҳои модернизатсияшуда ва бори аввал имсол насбгардида, дар басомадҳои гуногун – 800, 1800, 2300 ва 2600 МГс кор мекунанд. Ин худ имкон медиҳад, ки трафик дар “ҷараёнҳои гуногун” интиқол дода шавад. Дар натиҷа, иқтидори шабака ва шумораи истифодабарандагоне, ки Интернети мобилӣ ба онҳо бо суръати баландтарин дастрас аст, чандин маротиба зиёд мешаванд.
Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба минтақаҳои кишвар ва маҳалҳои аҳолинишини хурд таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Ҳадафи глобалии оператор фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои ҳамаи муштариён, новобаста аз маҳалли зисти онҳо, маҳсуб меёбад. Дар рафти ин кор на танҳо суръати интернет зиёд гардид, балки дар як катор маҳалҳои дурдаст имсол бори аввал хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ фароҳам оварда шуданд. Минтақаи дараи Ромит, ҷамоати Сона, деҳаҳои Кушкак ва Тулаи ноҳияи Ҳисор, деҳаи Теппаи самарқандии ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Фиришти ноҳияи Ваҳдат ва Бойқишлоқи шаҳри Турсунзода аз ҷумлаи ин мавзеъҳо мебошанд.
Дар шаҳри Душанбе низ зарурати такомули мунтазами инфрасохтори алоқа вуҷуд дорад. Ноҳияҳои нав бунёд мегарданд, манзараи шахр тағйир меёбад. Ҳамаи ин «мукаммалкунии» шабака ва насби таҷҳизоти иловагиро тақозо менамояд, зеро дар баъзе ҳолатҳо биноҳои нав пеши роҳи мавҷро аз наздиктарин истгоҳи базавӣ мегиранд. Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда, фарогирии ҳудуди Душанбе бо шабакаи алоқаи «МегаФон Тоҷикистон» аз 99% гузашт.
«Дар назди мо як ҳадафи бузург гузошта шудааст, мо бояд то охири соли 2023 корҳои асосиро ҷиҳати фарогирии тамоми ҳудуди аҳолинишини шаҳри Душанбе ва НТМ бо интернети босуръати 4G ба иҷро расонем. Дар пойтахт мо аллакай ба ин натиҷа наздик шудаем. Дар навоҳии тобеи марказ ба беш аз 80 % аҳолӣ хизматрасониҳои муосири рақамӣ дастрасанд. Мо мекӯшем, ки нобаробарии ба истилоҳ рақамӣ дар гузашта бимонад”, – мегӯяд Директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон » дар ш. Душанбе ва НТМ Далер НАИМОВ.