Мулоқоти Сардори Хадамоти алоқа бо ҳайате аз Қазоқистон ва имзои ёддошти ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии “Технологияҳои иттилоотии миллӣ”

Навид Хабарҳои Хадамот

Мулоқоти Сардори Хадамоти алоқа бо ҳайате аз Қазоқистон ва имзои ёддошти ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии “Технологияҳои иттилоотии миллӣ”

 22 декабри соли 2023 Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Сабур ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти раҳбарии Димитрий Мун Андреевич, муовини раиси Шӯрои Ҷамъияти саҳомии “Технологияҳои иттилоотии миллӣ”-ро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғоз Бег Сабур ташрифи ин ҳайатро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақам гуфта, изҳори умедворӣ намуд, ки оғози ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии “Технологияҳои иттилоотии миллӣ”-и кишвари Қазоқистон дарчаи нави ҳамкориҳо дар бахши татбиқи “ҳукумати электронӣ”-ро миёни ду кишвар боз хоҳад кард.    Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо роҳҳои таҳкими ҳамкориҳо дар самти табодули таҷриба, роҳандозии чорабиниҳои муштарак ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн бо мақсади рушди “Ҳукумати электронӣ”-ро мубодилаи афкор намуданд.

Дар фароҷоми мулоқот миёни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъияти саҳомии “Технологияҳои иттилоотии миллӣ” Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин санадро Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Димитрий Мун Андреевич, муовини раиси Шӯрои Ҷамъияти саҳомии “Технологияҳои иттилоотии миллӣ” ба тасвиб расониданд.

Дар Ёддошти ҳамкорӣ  самт ва доираи ҳамкориҳо мушаххас гардида, имкон медиҳад, ки инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионии «Ҳукумати электронӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёбад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти саҳомии “Технологияҳои иттилоотии миллӣ” оператори инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионии «ҳукумати электронӣ»-и Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад. Ширкат соли 2000 таъсис ёфта, бузургтарин ширкати бозори технологияҳои иттилоотии Қазоқистон ба ҳисоб меравад.

Ин ширкат дар самти татбиқи “ҳукумати электронӣ” таҷрибаи бой дорад. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии “Технологияҳои иттилоотии миллӣ” метавонад ба талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади роҳандозии самарабахши “ҳукумати электронӣ” такони тоза бахшад.