Як олам мусиқӣ: ZET-MOBILE ба ифтихори ифтитоҳи ZET-FM дар Хуҷанд ва Бохтар ду консерти калон гузаронд

Навид

Як олам мусиқӣ: ZET-MOBILE ба ифтихори ифтитоҳи ZET-FM дар Хуҷанд ва Бохтар ду консерти калон гузаронд

Оператори миллии алоқаи мобилӣ ZET-MOBILE ба ифтихори ифтитоҳи шабакаи нави радиоии ZET-FM рӯйи мавҷи 103 FM дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар барномаҳои рангини консертӣ баргузор намуд.

Дар майдони Театри Камоли Хуҷандӣ ва Қалъаи Бибихонум зиёда аз 18 ҳазор дилбохтагони савту наво ҷамъ омада, ба шодии кормандони ширкат шарик шуданд. Ҳарду барномаи консертӣ бо рӯнамоии  шабакаи радиоӣ оғоз ёфта, ҳозирин барномаҳои ZET-FM-ро дар пахши мустақим гӯш карданд ва аз шунидани композитсияҳои рангини мусиқии радиои нав лаззат бурданд. Пас аз ин сарояндагони маъруфи эстрадаи тоҷик ба саҳна баромаданд.

Дар чорабинӣ ситораҳои саҳнаи ҳунари тоҷик Шабнами Тоҷиддин, Фирӯза Ҳафизова , Суруш Холов, Дилноза Каримова, Ҳуҷастаи Мирзовалӣ, Фарангиси Дунё, Мино Баҳриллоева, Рӯзибеки Файзалӣ, Лоиқи Давлатманд, Нишонаи Рустам ва дигарон ширкат варзида, хотири ҳозиринро бо сурудҳои дилошӯби худ шод гардониданд ва фазоро аз атри таронаҳои марғуби ошиқона пур карданд.

Шоу-барномаи рангоранги консертӣ ва садои зинда қалби ҳар як иштирокчии консерти бошукӯҳро моломоли ҳисси фараҳу шодӣ гардонд. Баромадҳои касбӣ, сифати баланди садо ва фазои афсонавии чорабинӣ то дер дар хотири ҳозирин боқӣ мемонад.

Ҳунармандон сокинони шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтарро бо ифтитоҳи шабакаи нави радиоӣ муборакбод намуданд. Дар консертҳо фазои серноке ба вуҷуд омада, меҳмонони ба ваҷд омада, бо сарояндагон ҳамовозӣ намуданд ва сурудҳои дӯстдоштаашонро замзама карданд. Ҳамин тавр ин ду барномаи консертӣ ба идҳои гарму хотирмоне табдил ёфта, эҳсосоти гувороеро дар қалб ва ёди иштирокчиён боқӣ гузоштанд.

ZET-FM –радиои насли нав, фаъолияти худро расман дар вилояти Хатлон аз 17 октябр ва дар вилояти Суғд аз 1-ноябр шурӯъ намуда, барномаҳояш пайваста нашр мешаванд.

Кушодашавии радиои нав дар таърихи радиои тоҷик саҳифаи тозаеро боз намуд. Ин шабака ба олами мусиқӣ ва дилхушӣ ҳавои  тозае ворид карда талаботи шунавандагони завқу салиқаашон гуногунро пурра қонеъ гардонида метавонад.

Ёдрас мешавем, ки консерти аввалин ба ифтихори кушодашавии ин шабакаи радиоии ҷавонӣ дар шаҳри Душанбе дар Маркази савдои “Сиёма-Молл” бисёр бошукӯҳ гузашта буд.