Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти алоқа дар соли 2023 баргузор шуд
Имрӯз соати 08:00 дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 “Дар бораи баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма”, нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар соли 2023 баргузор гардид.
Дар он муовини аввали Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои дастгоҳи марказии Хадамот, корхонаҳои сертобеи хадамот, раҳбарияти ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ ва намояндагони васоити ахбори омма, рӯзноманигорону журналистон ва таҳлилгарон иштирок карданд.
Нишастро муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев ифтитоҳ намуда, дар оғоз ба рӯзноманигорон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар давраи ҳисоботӣ ба таври мухтасар маълумот дод.
Аз ҷумла зикр гардид, ки Мутобиқи нишондодҳои асосии иқтисодии корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерони хусусӣ бармеояд, ки дар ин давра аз рӯи ҳисоботҳои пешакӣ даромади умумии сохторҳои соҳаи алоқаи барқӣ ба маблағи 3 миллиарду 867 миллиону 609 ҳазору 467 сомонӣ расонида, нисбат ба соли 2022, (3 миллиарду 586 миллиону 838 ҳазору 599 сомонӣ), 7,8 фоиз зиёд шудааст.
Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки то ин давра субъектҳои хоҷагидоре, ки барои хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ иҷозатнома доранд, 78 ададро ташкил намуда бо 225 адад намуди мухталифи иҷозатномаҳои хизматҳои алоқаи барқӣ фаъолият менамоянд. Дар умум 1328 адад ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва 156 адад сертификатсияи мутобиқати воситаҳои алоқаи барқӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дода шудааст.
Ба 2 адад ширкатҳои алоқаи барқӣ оид ба дастраснамоии мустақими интернети баландсуръат иҷозатнома супорида шуд, ки ин баҳри дастрасии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интернет иқдоми саривақтӣ мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ баъди дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” 7,8 миллион нафарро ташкил дода 4,8 миллион адади он муштариёни фаъол мебошанд.
Шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 4,1 млн. нафарро дар бар гирифтааст.
Дар соли 2023 ҳаҷми умумии даромади хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ аз тарафи ҶСК «Тоҷиктелеком» ба маблағи 158746,2 ҳазор сомонӣ хизмат расонида шуд, ки иҷрои нақшаи пешбинишуда (152250,7 ҳазор сомонӣ), яъне 4,3 фоиз зиёд мебошад.
Дар давоми сол ба Хадамоти алоқа 60 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардиданд, ки аз он ба 54 адад ҷавобҳои мушаххас гардонида шуда 6 адад муроҷиатҳо дар баррасӣ қарор доранд.
Дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар маҷмуъ нисбати 98 адад шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарорҳо дар бораи таъин намудани ҷазои маъмурӣ бо моддаҳои 350, 351 ва 366-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда, 211,7 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
Дар қисмати дигари нишасти матбуотӣ ба суолҳои рӯзноманигирон аз ҷониби муовини Сардори Хадамот ва дигар масъулини соҳа посухҳои мушаххас дода шуд.