Оё воқеан дар Тоҷикистон  нархи миёнаи тарофаҳо барои 10 ГБ 13,77 доллар ё  тақрибан 150 сомонӣ аст?  

Навид Хабарҳои Хадамот

Оё воқеан дар Тоҷикистон  нархи миёнаи тарофаҳо барои 10 ГБ 13,77 доллар ё  тақрибан 150 сомонӣ аст?  

Дар таърихи 16-уми  апрели сол 2024 тавассути Агентии иттилоотии “Азия-Плюс”  хабари хулосаҳои “Рейтинги дастрасии Mobile Data Affordability Index”  нашр шуд, ки дар он Тоҷикистон дар байни 179 кишвар дар  мавқеи 163-ум қарор гирифтааст.

Мутаассифона, бархе ВАО-и дохилӣ бидуни ҳеҷ гуна мулоҳиза ва таҳлилу ташхиси хизматрасониҳои интернетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаҳои ин радбандиро мунташир карданд ва ҳадафмандона Тоҷикистонро бо Афғонистон муқоиса намуданд. Дар ҳоле, ки имкон дошт, баробари шарҳ додани раддабандии мазкур назари масъулини операторони мобилӣ ва масъулин соҳаро нашр мекарданд.

Мақсади мо  муқоисаи хизматрасониҳои интернетӣ дар Тоҷикистон ва Афғонистон нест, балки возеҳ сохтани арзиши воқеии хадамоти интернетӣ ва ғайривоқеӣ будани Рейтинги дастрасии Mobile Data Affordability Index дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз омӯзиши муҳтавои Рейтинги дастрасии Mobile Data Affordability Index ва маводҳои хабарии нашршуда дар ВАО-и дохилӣ  дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии ахбори омма» аз санаи 7 феврали соли 2009, таҳти №622  зарур мешуморад, ки воқеиятро шарҳ диҳад.

Боиси зикр аст, ки муаллифони ин раддабандӣ барои омода кардани матлаб ба Хадамоти алоқа муроҷиат накардаанд. Таҳлили нишондоди онҳо ба воқеият ҳеҷ гуна мутобиқат надорад.

Боиси зикр аст, ки муаллифони ин раддабандӣ барои омода кардани матлаб на ба операторони алоқаи мобилӣ ва на ба дигар мақомоти дахлдор  муроҷиат накардаанд. Таҳлили нишондоди онҳо ба воқеият ҳеҷ гуна мутобиқат надорад. Муаллифони пажӯҳиш дастрасии интернети мобилиро аз рӯйи маоши миёна дар кишвар арзёбӣ кардаанд. Саволе ба миён меояд, ки оё хулосаҳои онҳо дурустанд ва чаро натиҷаҳои ин таҳқиқот шубҳаовар аст?

Яке аз ченакҳои пешакии дастрасии маълумотҳои мобилӣ аз рӯи мавқеи Mobile Data Affordability Index  ин аст, ки натиҷаҳо ба арзиши миёнаи тарофаи моҳона бо трафики беш аз 10 ГБ арзёбӣ  шудаанд. Маълум мешавад, ки рейтинги байналмилалӣ танҳо тарофаҳои гаронтаринро бо мазмуни максималӣ баррасӣ кардааст ва ин барои Тоҷикистон 13,77 доллар нишон дода шудааст. Дар ҳоле, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гуна меъёри максималӣ муқаррар нагардидааст.

Муаллифони рейтинг маоши миёнаи 170 долларро ба асос гирифтанд. Нархи миёнаи тарофа бо 10 ГБ 13,77 доллар, яъне тақрибан 150 сомонӣ гирифта шудааст. Хулосаи пажӯҳишгарон ин аст, ки гуё як сокини Тоҷикистон барои харидани чунин тарофа 8 дарсади маошашро сарф мекардааст.

Хадамоти алоқа бо масъулияти комил иброз медорад, ки ягон ширкати мобилӣ ва провайдери инернетӣ на барои интернети мобилӣ ва на барои интернети хонагӣ бо ин арзиш интернет пешниҳод намекунад. Арзиши воқеии тарофаҳо барои тамоми муштариён возеҳ аст. Ҳар шаҳрванд метавонад бо назардошти вазъи воқеӣ раддабандии болоро дар мисоли Тоҷикистон рад намояд.

Барои исботи ин метавон тарофаҳои дилхоҳ оператори мобилиро таҳлил кард. Барои мисол, тарофаи  Салом+ 90-ро аз  ширкати Tcell баррасӣ кард, ки бо 90 сомонӣ   зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, бастаи трафики интернет 10 ГБ, бастаи трафики интернет 20 ГБ барои VKontakte, Odnoklassniki, FaceBook, FaceBook Messenger, YouTube, Tik-Tok, Viber, Whatsapp, Telegram, IMO, WeChat,  40 дақиқа дар ҶТ, 40 SMS дар ҶТ ва  интернети бемаҳдуди шабона аз 00:00 то 07:00-ро пешниҳод мекунад.

Ҳамин тариқ, аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» низ метавон намуна овард. Масалан, нархи базавии «Биё! Бисоз Лайф» 10 ГБ трафик ҳамагӣ 49,57 сомонӣ, яъне тақрибан 4,5 долларро ташкил медиҳад. Ин назар ба «ҳаҷми миёнаи Тоҷикистон» се маротиба камтар аст, бар замми ин  ба баста интернети бемаҳдуди шабона, 50 дақиқа ба дигар ширкатҳо ва зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака низ шомил мешаванд. Аз ин бармеояд, ки муштарии ширкат барои харидани тарофаи «10 гигабайт» тақрибан 2,65 фоизи музди миёнаи худро сарф мекунад, на 8%-ро. Тарифҳоро бо 10 ГБ бо нархи 80-100 сомонӣ дар як моҳ аз дигар операторҳои алоқаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ба даст овардан мумкин аст, бо харҷи ҳамагӣ  5%-и  маош, ки ин нишондод ба ҳисоби миёна дар ҷаҳон 4,1%-ро ташкил медиҳад.

Чаро чунин мавқеъ?

Нархи миёнаи тарофаҳо дар ҷаҳон барои дастрасии мобилӣ, тибқи арзёбии Mobile Data Affordability Index, 24,20 долларро ташкил медиҳад. Тавре дар боло зикр гардид, дар Тоҷикистон тарофаро бо 10 ГБ метавон дар ҳудуди 4,5-9 доллар харидорӣ кард. Ин назар ба сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ то панҷ баробар кам аст.

Бинобар ин шартҳо ва ченакҳои истифодашуда суолҳо ва шубҳаҳоеро ба бор меорад, ки ба воқеияти ҳолати хизматрасониҳои интернетӣ дар Тоҷикистон мувофиқ намеояд.

Гузашта аз ин, рейтингҳои дигар кишвари моро дар поёни рӯйхат намегузоранд. Ҳамин тариқ, нархгузории маълумотҳои мобилӣ дар саросари ҷаҳон Тоҷикистонро аз рӯйи қимати интернети мобилӣ дар соли 2023 дар байни 237 кишвар ва қаламрав дар ҷои 142-юм қарор дода буд. Хулоса, ба натиҷаи ҳар як таҳқиқот бояд воқеъбинона нигоҳ карда, ба хулосае шитоб накунем, ки кишвари мо дар ҷаҳон «аз поин панҷум» аст. Яъне як рейтинг, аз рӯи ченакҳое, ки худаш тартиб медиҳад ва шароиту воқеият ва махсусиятҳои кишварро ба инобат намегирад, наметавонад, воқеияти ҳолро инъикос кунад.

Ин ки муаллифони Mobile Data Affordability Index аз рӯйи кадом ғараз Тоҷикистонро ба гунаи ғайривоқеию номунсифона дар чунин мавқеъ қарор додаанд, барои мо ҳарчанд маълум нест, аммо муаммо буда наметавонад. Ҷои нигаронӣ ин аст, ки баъзе аз расонаҳои ватанӣ, ки дар ин Ватан фаъолият дошта, худ ва кормандонашон ҳамчун муштарии операторони мобилӣ аз нархи хизматрасониҳои интернетӣ ба хубӣ огоҳанд, аз рӯйи кадом виҷдон ба ин  раддабандӣ бовар карда, бо сарлавҳаҳои ҳангомаомез ҳукм мекунанд?

Бояд гуфт, ки баҳри татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сифати алоқа ва интернет, бо нархи нисбатан арзону дастрас ба муштариён расонидани хизматрасонии алоқаву интернет дар 5 моҳи соли 2023 аз тарафи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ширкатҳои соҳа корҳои зиёде анҷом дода шуда, ин модернизатсияи соҳаи алоқа бо суръат дар саросари кишвар идома дорад.

Ин гуна таҳлилу баррасиҳои носанҷидаву беасос метавонанд ба раванди рушди бомароми соҳаи алоқа дар кишвар халал ворид созанд. Мо бовар дорем, ки минбаъд ҷомеаи журналистии кишвар зимни таҳияи ин гуна матолиби шубҳаовар бо истифода аз абзорҳои далелсанҷӣ (фактчекинг), маводҳое эҷод менамоянд, ки онҳо танҳо воқеиятро бозтоб мекунанд.

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон