Маълумотнома  оид ба фаъолияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 (Варақаи матбуотӣ)

Ахбороти технологияҳо Навид

Маълумотнома  оид ба фаъолияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 (Варақаи матбуотӣ)

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи барқӣ”,“Дар бораи алоқаи почта”, Низомнома “Дар бораи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 11 майи соли 2011, №252 тасдиқ гардидааст, фаъолият менамояд.

Мутобиқи нишондодҳои асосии иқтисодии корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерони хусусӣ бармеояд, ки дар ин давра аз рӯи ҳисоботҳои пешакӣ даромади умумии сохторҳои соҳаи алоқаи барқӣ ба маблағи 3 миллиарду 867 миллиону 609 ҳазору 467 сомонӣ расонида, нисбат ба соли 2022, (3 миллиарду 586 миллиону 838 ҳазору 599 сомонӣ), 7,8 фоиз зиёд шудааст.

То ин давра субъектҳои хоҷагидоре, ки барои хизматрасонӣ  дар  соҳаи алоқаи барқӣ иҷозатнома доранд, 78 ададро ташкил намуда бо 225 адад намуди мухталифи иҷозатномаҳои хизматҳои алоқаи барқӣ фаъолият менамоянд. Дар умум 1328 адад ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва 156 адад сертификатсияи мутобиқати воситаҳои алоқаи барқӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дода шудааст.

Ба 2 адад ширкатҳои алоқаи барқӣ оид ба дастраснамоии мустақими интернети баландсуръат иҷозатнома супорида шуд, ки ин баҳри дастрасии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интернет иқдоми саривақтӣ мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ баъди дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” 7,8 миллион нафарро ташкил дода 4,8 миллион адади он муштариёни фаъол мебошанд.

Шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони  интернети мобилӣ ва собит 4,1 млн. нафарро дар бар гирифтааст.

Дар соли 2023 ҳаҷми умумии даромади хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ  аз тарафи ҶСК «Тоҷиктелеком» ба маблағи 158746,2 ҳазор сомонӣ хизмат расонида шуд, ки иҷрои нақшаи пешбинишуда (152250,7 ҳазор сомонӣ), яъне 4,3 фоиз зиёд мебошад.

Миқдори муштариёни имтиёздор 7476 нафар мебошанд. Хизматрасонии алоқа дар ин давра ба шахсони имтиёздор маблағи 757,2 ҳазор сомониро ташкил дод, ки он аз тарафи  буҷети давлат 757,2 ҳазор сомонӣ пардохт карда мешавад.

Аз натиҷаҳои фаъолияти иқтисодӣ ва молиявии КВД «Почтаи Тоҷик» пешакӣ дар соли 2023 даромади  умумии соҳа ба андозаи  9 миллиону 11 ҳазору 266 сомонӣ  хизмат расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2022-ум ба 18066 сомонӣ зиёд шуд.

Ҳаҷми умумии муросилот 842,1 тоннаро ташкил намуда нисбати соли гузашта 214кг. зиёд мебошад. Ҳаҷми содиротӣ 39,7 тонна мебошад.

Мутобиқи ҳисобгириҳо дар ҷумҳурӣ 208 истифодабарандаи воситаҳои радиоэлектронӣ (ВРЭ) ба ҳисоб гирифта шудааст. Аз миқдори умумии истифодабарандагони  ВРЭ 160 адад ба шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 32 адад ба вилояти Суғд, 11 адад ба вилояти Хатлон ва 5 адад ба ВМКБ рост меояд.

Миқдори  умумии  ВРЭ  28564 ададро  ташкил  медиҳад,  ки нисбати ҳамин давраи соли 2022 101 % ё  ин,  ки 351 адад зиёд мебошад. Аз  шумораи умумии ВРЭ-и мавҷуда ба шаҳри  Душанбе  дар  якҷоягӣ бо НТҶ 11174 адад, вилояти Суғд 8182 адад, вилояти Хатлон 7445 адад ва ВМКБ 1763 адад рост меояд.

Дар давоми соли равон 649 адад ВРЭ аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

Баҳри дар амал татбиқ кардани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли 2023, №586  соли сипаришуда 1054 адад стансияҳои базавӣ насб карда шуда, 500,5 километр хатти нахи нурӣ баҳри вусъат бахшидани фаъолияти бемайлони стансияҳои базавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет насбу роҳандозӣ карда шудааст.

Тамоми ширкатҳои бахши хусусии соҳаи алоқаи барқӣ аз тамоми имтиёзҳои мавҷуда бархурдор буда, фаъолияти техникӣ ва молию иқтисодии худро бидуни монеа амалӣ намуда истодаанд.

Дар давоми сол ба Хадамоти алоқа 60 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардиданд, ки аз он ба 54 адад ҷавобҳои мушаххас гардонида шуда 6 адад муроҷиатҳо дар баррасӣ қарор доранд.

Дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар маҷмуъ нисбати 98 адад шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарорҳо дар бораи таъин намудани ҷазои маъмурӣ бо моддаҳои 350, 351 ва 366-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда, 211,7 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.