Мулоқоти Илҳомҷон Атоев бо муовини вазири рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокосмосии Қазоқистон

Навид Хабарҳои Хадамот

Мулоқоти Илҳомҷон Атоев бо муовини вазири рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокосмосии Қазоқистон

Илҳомҷон Атоев муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Тулеушин Кануша, муовини вазири рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокосмосии Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрии корӣ анҷом дод. Ин вохӯрӣ дар шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуда, дар рафти гуфтушунидҳо баррасии татбиқи масъалаҳои дуҷониба баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо бештар ба таҳкими робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар заминаи татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар доираи лоиҳаҳои ҳамкорӣ миёни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокосмосӣ Ҷумҳурии Қазоқистон, ки охири соли 2023 имзо шуда буданд, таваҷҷуҳ намуданд.

Ҷонибҳо бори дигар ҳавасмандии худро ба тезонидани раванди иҷрои лоиҳаҳои мувофиқашуда иброз намуда, ба ҳалли масъалаҳои техникӣ мувофиқат карданд.

Ёдовар мешавем, ки Илҳомҷон Атоев муовини сардори Хадамоти алоқаи назди бо мақсади иштирок дар Ҷаласаи раҳбарони вазорату идораҳои кишварҳои узви СҲШ барои рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва Форуми рақами СҲШ дар шаҳри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дошт.