Баргузории конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Рушди илм ва инноватсия дар шароити рақамикунонӣ»

Ахбороти технологияҳо Навид

Баргузории конференсияи илмӣ-амали таҳти унвони «Рушди илм ва инноватсия дар шароити рақамикунонӣ»

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишгоҳ  таҳти унвони «Рушди илм ва инноватсия дар шароити рақамикунонӣ»-и ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавон баргузор гардид. Дар  ин хусус шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.

Дар кори конференсияи апрелӣ як зумра олимону коршиносон ва намояндагони марказҳои илмиву таълимӣ иштирок карданд.

Дар конференсия иброз гардид, ки дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад. Татбиқи барномаҳои қабулнамудаи мо барои гузаштан ба ин раванд қонеъкунанда нест ва зарур аст, ки барои тақвияти соҳаи рақамикунонӣ тадбирҳои ба ташаккули шароит мусоидаткунанда андешида шаванд.

Дар конференсия иштирокдорон дар мавзуъҳои «Саҳми Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалии замони муосир вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим», «Саҳми академик Бобоҷон Ғафуров дар рушди илми ватанӣ», «Садриддин Айнӣ – поягузори Академияи илмҳои Тоҷикистон», «Саҳми академик  Муҳаммад Осимӣ дар рушди илми тоҷик», «Омилҳои институтсионалии рушди сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва «Рақамикунонии равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои танзими ҳуқуқӣ» маъруза намуданд.

Дар қисмати дуюми Конференсияи илмию амалии «Рушди илм ва инноватсия дар шароити рақамикунонӣ» ба як зумра кормандону устодони донишгоҳ, ки ба дастовардҳои илмию таълимӣ комёб гардидаанд, унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаву сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.