Дар вилояти Суғд 11 толори нави алоқа аз тарафи “МегаФон Тоҷикистон” боз гардидааст

Ахбороти технологияҳо Навид

Дар вилояти Суғд 11 толори нави алоқа аз тарафи “МегаФон Тоҷикистон” боз гардидааст

Аз оғози соли ҷорӣ ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд 11 нуқтаи нави фурӯшро ифтитоҳ намудааст. Сетои онҳо дар шакли махсуси “эко” оро дода шудаанд.

Онҳо дар нуқтаҳои аҳолинишине сохта шудаанд, ки пайдо кардани онҳо ҳатто барои меҳмонони минтақа хеле осон гардад. Ҳамин тариқ, дар Истаравшан идораи нав дар МС “Авис”-и воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷой гирифтааст. Дар шаҳри Конибодом – дар бозори воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ. Дар ҷамоати Ҳамид Алиеви ноҳияи Зафаробод – бевосита дар маркази деҳа. Қисми марказҳои нави навоҳии Ашт ва Зафаробод бо сабки замонавии “эко” оро дода шудаанд. Дар ҷиҳози ороиш маводҳои табиӣ ва рангҳои ором ба кор бурда шудаанд, ки ба муоширати гуворо мусоидат мекунанд.

“Мо ҳаракат мекунем, ки ба муштариён ҳарчи наздиктар бошем, бинобар ин кӯшиш мекунем, ки нуқтаҳои фурӯшро дар ҷойҳои қулайтарин кушоем. Дастраскунии хизматрасонии босифат дар роҳи хона ё ҳангоми баромадан барои харидҳо имконпазир аст. Айни замон дар Суғд аллакай 76 толори мо фаъолият дошта, ин яке аз шабакаҳои бузургтарини фурӯшҳо дар минтақа ба шумор меравад”, – мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Раҳматҷон РАҲМАТОВ.

Ба мизоҷони марказҳои оператор доираи пурраи хизматрасониҳо дастрас аст. Ин ҷо метавон SIM-кортро бо тарофаи махсуси “Биё Суғд! Фаъол бош” ҳамагӣ бо нархи 65 сомонӣ ба даст овард, смартфонро танзим намуд ё аз корт бо ёрии хизматрасонии “Cash Out” маблағи нақд гирифт. Нақшаи кори идораҳои нав – аз 08:00 то 17:00, якшанбе – истироҳат. Оид ба суроғаи наздиктарин идора маълумотро метавон дар сомонаи ширкат ба даст овард.