Маълумот доир ба тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани суръати интернет дар кишвар

Навид Хабарҳои Хадамот

Маълумот доир ба тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани суръати интернет

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 23 декабри соли 2022   «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» супориш дода буданд, ки  “Рушди соҳаи алоқа, бахусус, таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя ва ташкили паркҳои технологиву инноватсионӣ зарур мебошад.

        Ҳоло дар кишвар шумораи муштариёни интернет ба 4,5 миллион расидааст.

        Вале таъкид менамоям, ки суръат ва арзиши интернет ҳанӯз қонеъкунанда нест.

        Аз ин лиҳоз, Хадамоти алоқа вазифадор аст, ки якҷо бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

       Ҳамчунин, ҷиҳати фароҳам овардани заминаи муосири ҳуқуқӣ барои ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти пешравию таҳаввулоти дар ин соҳа дар миқёси ҷаҳон бавуҷудомада сохтору мақомоти марбута вазифадор карда мешаванд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»”-ро дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд”. 

Ба маълумоти Шумо расонида мешавад , ки бо мақсади иҷрои дастуру  супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани вазифаҳои вогузоршуда дар соҳаи алоқаи барқӣ, ситоди кории доимо амалкунанда иборат аз мутахассисон ва намояндагони Хадамоти алоқа,  ширкатҳои  алоқаи мобилӣ, интернет провайдерон таъсис дода шуданд.

Вазъият ва ҳолати шабакаҳои алоқаи мобилӣ дар ҳудуди кишвар аз ҷониби ситоди корӣ мавриди баррасӣ ва таҳлили амиқ карор дода шуда, дар натиҷаи он нақшаҳои кории кутоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат ҷиҳати беҳтар намудани сифати алоқа ва интернети мобилӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои  ҷумҳурӣ тартиб дода, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он ҷораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Оид ба ҳаҷми корҳои анҷом додашуда тавассути ширкатҳои алоқаи мобилӣ, аз моҳи январи  соли 2023 то ин  ҷониб корҳои зерин ба анҷом расонида шуданд:

1.Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Вавилон М”- 20 маҷмӯъ истгоҳи базавии стандарти 4G/LTE дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар ва ҷамоатҳои деҳоти Сарикиштӣ, Чимтеппа, Чортеппа, Гулистон, Обчакорон ва шаҳри Роғун  насбу роҳандозӣ намуда, корҳо ҷиҳати сохтмони истгоҳҳои иловагӣ мутобиқи нақшаи тасдиқгардида идома доранд. Инчунин аз тарафи ширкати мазкур 20 истгоҳи базавӣ муҷҷаҳаз (модернизатсия) карда шуданд;

2.Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “ТТ Мобайл”-Мегафон дар ҳудуди шаҳри Душанбе, 4 истгоҳҳои нави стандарти 4G/LTE насбу роҳандозӣ шудааст.  Дар айни замон ширкати мазкур 170 маҷмӯъ истгоҳҳои базавии 4G/LTE ворид намуда, муҷаҳҳаз гардонии онҳо идома доранд;

3.Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Таком”- ЗЕТ Мобайл дар ҷорчӯби лоиҳаи таҷдид ва рушди шабакаи алоқаи мобилии худ дар шаҳри Душанбе, 7 маҷмӯъ истгоҳҳои базавии стандарти 4GLTE-ро насбу роҳандозӣ намуд. Ҳамчунин дар шаҳри Турсунзода 1 маҷмӯъ майдони истгоҳи базавӣ бо таҷҳизоти стандартҳои 2G, 3G ва 4G муҷаҳазонида шуданд. Корҳои техникӣ ҷиҳати сохтмони майдонҳои истгоҳҳои базавии иловагӣ идома доранд;

4.Ҷамъияти саҳҳоми пӯшидаи “Индиго Тоҷикистон”-Тселл 8 маҷмӯъ истгоҳҳои базавии стандарти 3G ва 2 адад истгоҳи базавии 4G дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказ насбу роҳандозӣ намуд. Иловатан аз ҷониби ширкати мазкур корҳои техникӣ ҷиҳати рефарминги (азнавсозии) басомадҳои радиоӣ ва истгоҳҳои базавӣ дар 130 маҷмӯъ истгоҳи базавии стандарти 4G/LTE дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва  барои васеъ кардани иқтидори шабакаи 4G аз тарафи ширкат дар 75 мавзеъи  шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Бӯстон ва Гулистони вилояти Суғд   корҳои вусъатгардонӣ анҷом дода шуда,  маҳорати гузариш то 30% зиёд карда шудааст;

Ширкатҳои мобилӣ тибқи нақша чорабиниҳо насби истгоҳҳои базавиро дар тамоми минтақаҳои кишвар аз ҷумла ноҳияҳои дурдаст марҳила ба марҳила  ба роҳ монда истодаанд.

Ҳамчунин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 марти соли 2023, №47 Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи баҳрқӣ”,  мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард, ки лоиҳаи Қонуни мазкур маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Лоиҳаи Қонун дар таҳрири нав бо мақсади фароҳам овардани заминаи муосири ҳуқуқӣ барои ҳалли масъалаҳои зикршуда, таъмини амнияти иттилоотӣ ва бо дарназардошти пешравию таҳаввулоти дар ин соҳа дар миқёси ҷаҳон бавуҷудомада сохтору мақомоти марбутаро вазифадор менамояд.