Ҳамкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи миллии техникии Беларус рушд меёбад

Ахбороти технологияҳо Навид

Ҳамкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи миллии техникии Беларус рушд меёбад

7 октябр ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар доираи Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Беларус бо фаъолияти Донишгоҳи миллии техникии Беларус шинос шуд. Дар ин хусус Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар додааст.Дар ин ҷо ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо лабораторияҳо, Парки технологӣ, Донишкадаи илм ва технологияи Конфутсий ва бо дастовардҳои омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ шинос шуд.

Таъкид гардид, ки имкони боз ҳам бештар рушд додани ҳамкорӣ байни Донишгоҳи миллии техникии Беларус бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мавҷуд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи миллии техникии Беларус пешсафтарин муассисаи таълимӣ дар самти муҳандисӣ дар Ҷумҳурии Беларус буда, яке аз калонтарин ва куҳантарин донишгоҳҳои Беларус мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки Донишгоҳи миллии техникии Беларус бо донишгоҳҳои беш аз 30 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Чин, Олмон, Испания, Италия, Лаҳистон, Перу, Англия, Литва, Латвия ҳамкорӣ дошта, дар он аввалин Донишкадаи илм ва технологияи Конфутсий дар ҷаҳон фаъолият менамояд.