Имей (IMEI)-и «сафед»
Дар Тоҷикистон манъи истифодаи гаҷетҳое, ки дар махзани ягонаи рамзҳои IMEI ба қайд гирифта нашуданд, оғоз гардид.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Ҳукумат ба амал баромад, ки дар асоси он соҳибони телефонҳои “ғайриқонунӣ” аз хизматрасониҳои алоқа истифода бурда наметавонанд. Хомӯшкунии дастгоҳҳое, ки идентификатори байналмилалии онҳо (IMEI) ба махзани маълумот дохил карда нашудааст, аз ҷониби оператори низоми давлатӣ – ширкати ваколатдори «Нет Солюшенс» анҷом меёбад.
Мақсади тадбирҳои андешидаи ҳукумати кишвар – мубориза бар зидди қочоқ ва дуздии гаҷетҳое мебошад, ки аз симкорт истифода мекунанд. Дар кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркия ва Ӯзбекистон алакай махзанҳои ягонаи рамзҳои IMEI таъсис дода шудаанд. Ба туфайли ин, ҳолатҳои дуздии таҷҳизот барои фурӯш тадриҷан кам шуданд. То ҷоришавии бақайдгирии ҳатмии IMEI, на бештар аз 5% дастгоҳҳои мобилии дуздидашуда ба соҳибони қонунии худ баргардонида мешуданд. Акнун, агар шумо телефон ё планшетатонро гум кунед, ба шумо танҳо лозим аст, ки IMEI-ро ба рӯйхати сиёҳ гузаронед ва система дастрасии дастгоҳро ба шабакаҳои мобилӣ ғайрифаъол месозад. Дар ин сурат дуздии таҷҳизот комилан бефоида аст. Телефонҳои қалбакии “ғайриқонунӣ”, ки ба стандартҳои бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд, бо ҳамин роҳ қатъ карда мешаванд. Дар Тоҷикистон низ истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ чунин ҳадафҳоро дорад.
Ширкати МегаФон Тоҷикистон ба муштариён хотиррасон мекунад, ки чӣ гуна худро аз мушкилоти эҳтимолӣ бо гаҷетҳои нав ҳифз намоянд. Барои он, ки телефони харидашуда аз шабака хомӯш карда нашавад, ҳангоми харидани телефон шумо бояд тафтиш кунед, ки оё IMEI-и он дар махзани ягонаи миллӣ сабт шудааст ё на. Инро тавассути рақамчинии дархости *3366# дар дастгоҳ ё бо воридкунии IMEI-и он дар саҳифаи асосии сомонаи www.imei.tj анҷом додан мумкин аст. Шумо метавонед аз ҳама гуна телефон, масалан, аз дастгоҳи куҳнаи худ, бисанҷед. Барои ин лозим аст, ки IMEI-и матлуби худро бидуни фосила ба комбинатсияи *3366* илова кунед ва аломати #-ро дар охири он гузоред (комбинатсияи формати *3366*IMEI# ҳосил мешавад). Агар идентификатор дар система мавҷуд набошад, пас беҳтар аст, ки чунин дастгоҳро нахаред.
Шумо метавонед IMEI-и дастгоҳи худро тариқи рақамчинии USSD дархости *#06# ё бо дидани рамз дар қуттие, ки гаҷет харида шудааст, пайдо намоед.
Агар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари дигар телефон харида бошад, он гоҳ ду роҳ имконпазир аст. Якум ин аст, ки фавран пас аз воридшавӣ аз хориҷа, бо пур кардани эъломияи мусофирии шакли Т-6 дар дидбонгоҳи гумрукӣ, онро ба расмияти гумрукӣ дарорад. Роҳи дуюм ин аст, ки IMEI-ро пулакӣ дар давоми 30 рӯз аз лаҳзаи бозгашт ба қайд гирад. Агар ин амалҳо иҷро карда нашаванд, муштарӣ ҳангоми пайвастшавии аввалин ба шабакаҳои операторони мобилӣ SMS – огоҳӣ қабул мекунад. Паёмаки дуюм дар бораи зарурати воридкунии IMEI ба система рӯзи 25-ум меояд. Ва пас аз 30 рӯз дастгоҳ аз ҷониби ширкати «Нет Солюшенс», ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, № 208 ваколатдор шудааст, қатъ карда мешавад.
Шаҳрванди хориҷие, ки дар Тоҷикистон қарор дорад, бояд ҳамин муҳлатҳоро риоя кунад. Агар дастгоҳи мобилии ӯ дар роуминги байналмилалӣ фаъол бошад, ба ӯ воридкунии IMEI ба системаи давлатӣ лозим нест. Вале, ҳангоми истифодаи алоқаи мобилии маҳаллӣ бидуни қайди рамзи IMEI, телефонро на бештар аз 30 рӯз истифода бурдан мумкин аст.
Агар телефон бо сабаби набудани IMEI дар системаи давлатӣ қатъ гардида бошад, дар ин сурат бояд ба ширкати «Нет Солюшенс» муроҷиат намоед.
Дастгоҳро танҳо бо IMEI-рамзҳои дар рӯйхати «сафед» ба қайд гирифташуда интихоб кунед, то ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ буда, дар алоқа бимонед!