Вохӯрии намояндагони операторони мобилӣ бо Сардори Хадамоти алоқа

Навид Хабарҳои Хадамот

Вохӯрии намояндагони операторони мобилӣ бо Сардори Хадамоти алоқа

Рӯзи 28 ноябр дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии намояндагони операторони мобилӣ бо Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа баргузор шуд.

Масъалаи асосии ин вохӯрӣ баррасии раванди корҳои амалӣ бо мақсади амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли равон, буд. Масъулини соҳаи алоқа ва намояндагони ширкатҳои мобилӣ ба Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа доир ба рафти корҳои ҷараёндошта  маълумоти муфассал дода, натиҷаҳо ва мушкилоти ҷойдоштаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Бег Сабур,Сардори Хадамоти алоқа аз масъулин хост ҷиҳати фарогирии дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ва интернет ва коҳиш додани монеаҳои мавсимии алоқа дар фасли сармо ва шароит фароҳам овардан ба хотири анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ чораҳои қатъӣ андешанд. “Тадбирҳои андешидашуда дар заминаи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 декабри соли 2023 ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар барои вусъат додани гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ  мусоидати фаъол мекунад. Аз ин рӯ мо, масъулини соҳаи алоқаро месазад, тамоми имкониятҳоро истифода барем, то натиҷаҳои дилхоҳ ба даст ояд”,- илова намуд Бег Сабур.

Ҳамчунин доир ба боло бурдани сатҳи саводи техникии корбарони постерминалҳо дар маҳалҳо, пайваст намудани постерминалҳо ба системаҳои билингии марбута, кам намудани хароҷоти пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифода аз сим-кортҳои тамоми операторони мобилӣ ҷиҳати анҷом додани амалиётҳои пардохтҳои ғайринақдӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Намояндагони ширкатҳои мобилӣ иброз доштанд, ки дар ин хусус лозим аст, то сохторҳои марбута, монанди ШСХК «Барқи Тоҷик”, бонкҳо ва ташкилотҳои молиявӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва Кумитаи андоз ҳамкории худро бо ширкатҳои мобилӣ беш аз пеш тақвият диҳанд. Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа дар ин бора гуфт, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани амалиётҳои пардохтҳои ғайринақдӣ, ки ба манфиати давлат ва ҷомеа аст, масъулияти муштараки ҳама сохторҳои марбута  мебошад. Аз ин рӯ, вусъат додани ҳамкориҳои мавҷуда миёни сохторҳо ва дар ин замина эҷоди механизми фаъол, имкон медиҳад ба ҳадафҳои гузошташуда ҳарчи зудтар ноил шавем.

Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки механизмҳои электронии пардохтҳои пулӣ дар ширкатҳои мобилӣ  аз солҳо қабл ҷорӣ буда, тақрибан тамоми ҳисоббаробаркуниҳо дар фаъолияти операторони мобилӣ ба таври ғайринақдӣ сурат  мегиранд. Дар навбати худ ҷиҳати ба талаботи рӯз ҷавобгӯ гардонидан ва шаффофияти ҳисоббаробаркуниҳо, ҳамчунин мусоидат намудан ба раванди гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар бештари ширкатҳои мобилӣ замимаҳои махсуси мобилӣ(интернекбонкинг)-ро дар  ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявӣ ё мустақилона  фаъол гардониданд. Бояд гуфт, ки муштариёни зиёди алоқаи мобилӣ  ин гуна замимаҳоро аз ин ё он ширкати мобилӣ дар телефонҳои ҳамроҳи худ насб кардаанд, ки ин барои боз ҳам осонтару дастрастар намудани шароити анҷоми пардохтҳои ғайринақдӣ таъсири мусбат гузоштааст.  Тамоми операторони мобилӣ муваззаф гардидаанд, ки бо фаъол намудани ин гуна замимаҳо ба вусъат додани тадбирҳои ҷиҳати ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ муосидат намоянд.

Гузашта аз ин операторони мобилӣ бо афзоиши тадбирҳо ҷиҳати дастрасии комил ба интернети баландсуръат ва бо нархҳои дастрас дар тамоми минтақаҳои кишвар ва ҳамкориҳои судбахш бо сохторҳои дигари марбута барои дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи тадбирҳо вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли 2023 талош доранд.